Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия созмони нави сиёсии тоҷикон таъсис мешавад? ВИДЕО


Иззат Амон

Мусо Казаков, Русия

Телевизиони "Настоящее время"

Иззат Амон – ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия – аз тасмими худ дар бораи таъсиси ҳизби "Тағйирот, ислоҳот ва рушд" хабар дод. Ӯ мегӯяд, "ҳадаф бештар кардани ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст". Мақомот ба ин тасмим вокуниш накардаанд.

Ба ақидаи Иззат Амон, ҷамъияти беш аз 1-миллионнафарии муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон ба таври бояду шояд ҳузур надоранд. Онҳо мехоҳанд, вазъиятро тағийр диҳанд. "Яке аз ҳадафҳо иштирок дар интихобот аст", -- гуфт Иззат Амон.

Вай рӯзи 18-уми сентябр дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее время" дар Маскав гуфт, "бибинед, 30 сол мегузарад, вале ҷомеа ба таври пурра дар равандҳои сиёсӣ – интихоботи порлумониву президентӣ – иштирок намекунад. Дахолати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ин равандҳо тамоман вуҷуд надорад. Бо таъсиси ҳизб мехоҳем тарсро бишканем, то мардум масъулияти шаҳрвандӣ эҳсос кунанд."

Гузориши ТВ "Настоящее время"-ро дар ин ҷо бинед:

Дар Русия созмони нави сиёсии тоҷикон таъсис мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:03 0:00

Иззат Амон ва ҳампаймонҳои ӯ ният доранд, барои муттаҳид намудани нерӯи сиёсие, ки дар муҳоҷират қарор доранд, барномае таҳия намоянд. Нақша доранд, дар ояндаи наздик ҳизби навро дар Вазорати адлияи Тоҷикистон низ сабтином карда, таъсиси бахшҳои он дар дохилу хориҷи кишварро ба роҳ монанд.

"Шумораи зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ ва муҳоҷироне, ки ҳоло дар Аврупо, Амрико ва гӯшаҳои дигари ҷаҳон кору зиндагӣ мекунанд, мехоҳанд дар ин равандҳо иштирок кунанд. Албатта, пеш аз таъсиси як ҳизби сиёсӣ мо бо ҳамватанони худ тамос гирифтем ва бо онҳо суҳбат кардем", -- гуфт Иззат Амон дар суҳбат бо телевизиони "Настоящее время".

Пеш аз ин афроде, ки кӯшиши ташкили ҳизб ва сабтиноми расмии онро доштанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Мисоли равшани ин собиқ вазири саноати Тоҷикистон Зайд Саидов ва соҳибкор Иброҳим Мақсудов аст.

Мақсудов шаҳрвандии Русияро дошт, аммо бо ин вуҷуд ба Тоҷикистон бурда шуд ва соли 2015 ба 13 соли зиндон маҳкум гардид.

Светлана Ганнушкина, раиси Кумитаи "Мусоидати шаҳврандӣ" дар Русия гуфт, "ин гуна таъқибҳо зиёд аст. Мутаассифона, қазияи Иброҳим Мақсудов ягона нест. Дар қаламрави мо ҳолатҳои зиёд шудаанд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистонро рабудаанд."

Феълан ҳизби "Тағийрот, ислоҳот ва рушд" дар оғози роҳ аст. Оё онҳо зери фишор қарор мегиранд ва ё бо ҳукумати кунунӣ забон меёбанд ё не, баҳо додан барвақт аст.

Шарҳҳоро бинед (20)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG