Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷ.Сангинов:«Масъалаи роҳу чарогоҳ ҳал шуд"


Ҷумъабой Сангинов
Ҷумъабой Сангинов

Мақомоти тоҷик мегӯянд, дар ҳама масоили марзӣ бо ҷониби Қирғизистон ба натоиҷи мусбат даст ёфтаанд.

Ҷумъабой Сангинов, муовини аввали раиси вилояти Суғд ва узви ҳайати музокиракунандаи Тоҷикистон рӯзи 14 май дар сӯҳбат ба "Озодӣ" оид ба натоиҷи музокираи дурӯзаи ҳайатҳо гуфт, ки дар ҳамаи масъалаҳои муҳими мавриди баҳс, натиҷаи мусбат ба даст омадааст.

Оқои Сангинов гуфт, аз ҷумла дар масоили калидӣ, чун сохтмони роҳҳои ду тараф, истифодаи чарогоҳҳо ва ҳамчунин ташхиси хутути печидаи марзӣ натиҷаи мусбат ва бо розигии дуҷониб ба даст омад. Ба гуфтаи ин мақоми музокиракунандаи тоҷик, инҳо аз масъалаҳое буданд, ки тайи чанд даври музокирот роҳи ҳалли худро наёфта буданд. Ӯ афзуд, вале дар мавриди наҳваи иҷрои сохтмони тарҳҳои роҳ ҳам барои қирғизҳо ва ҳам тоҷикҳо, вазоратҳои масъул машғул хоҳанд шуд.

Ҷумъабой Сангинов дар хусуси ҷуброни 7 миллион сом, ки муодили 380 ҳазор доллар, ки тарафи Қирғизистон талаб карда буд, гуфт, ки чунин масъала дар ҷараёни гуфтугӯҳо ҷой надошт ва танҳо дар мавриди оташ гирифтани як нуқтаи сӯзишворӣ дар рӯзи муноқишаи 7 май гап рафт, ки феълан аз сӯи гурӯҳи якҷоя тафтиши ин ҳодиса идома дорад ва дар сурати мушаххас шудани гунаҳкори аслӣ, парванда боз шуда, афроди гунаҳкор зарари воридаро ҷуброн хоҳад кард.
Ҷумъабой Сангинов гуфт, ки дар мавриди муноқишаи рӯзи 7 май ҳайатҳо бидуни айбдорсозии ҷонибҳо ба натиҷаи мусбат даст ёфтанд, ки шарҳи муфассали он интишор хоҳад ёфт.

Ҳайати ҷониби Қирғизистон таҳти раҳбарии ноиби сарвазири ин кишвар Абдураҳмон Маматалиев соати 10:00 субҳи имрӯз, 14 май ба қасди Бишкек Душанберо тарк кард. Музокироти ҳайатҳо рӯзи 12 май дар Душанбе оғоз шуд ва ҳайати Тоҷикистонро муовини нахуствазир Муродалӣ Алимардон ва ҳайати Қирғизистонро ноиби сарвазири он кишвар Абдураҳмон Маматалиев раҳбарӣ карданд. Музокирот дар Душанбе ба дунболи моҷарои рӯзи 7 май дар марзи Исфараи Тоҷикистон бо Бодканди Қирғизистон доир шуд. Дар он моҷаро аз ду тараф даҳҳо нафар ҷароҳат бардоштанд.
XS
SM
MD
LG