Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҷассамаи буз як маҳалларо ба "бузбозӣ" андохт. ВИДЕО


Ҳукумати ноҳияи Мӯъминободи вилояти Хатлон ба сабаби норозигии сокинони як маҳалла "Муҷассамаи буз" - рамзи табиати зебои ноҳияро барканд.

Баъди "бузбозӣ"... Муҷассамаи бузро дар Мӯъминобод канданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:58 0:00

Касе, ки сокини маҳаллаи моро суроғ мекунад, ҳатман мегӯяд, ки дар кӯчаи бузҳо зиндагӣ мекунад

Муҷассамаи бузи кӯҳиро, ки тақрибан як километр дуртар аз қароргоҳи ҳукумати Мӯъминобод ҷойгир буд, чаҳор сол пеш дар маҳаллаи ба номи Абдулло Давлатов гузоштанд. Барои сохтану гузоштани муҷассама 10 ҳазор сомонӣ сарф шудааст.

Аммо рамзи табиати зебо бо гузашти муддате сокинони маҳаллаи Абдулло Давлатовро асабӣ ва нороҳат кард, чун мардуми инҷоро "кӯчаи бузҳо" ном бурданд. Дар Тоҷикистон, таври маълум, одами хабаркаш ва дурӯяро таҳқиромез "буз" меноманд.

Муҷассамаи бузро ба Чилдухтарон мекӯчонанд

Қудрат Нозимов, сокини маҳалла, рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "вақте касе сокини маҳаллаи моро суроғ мекунад, мегӯяд, ки дар кӯчаи бузҳо зиндагӣ мекунад". Ба қавли ӯ, барои ҳамин, сокинон номро масхараи худ ва таҳқири тамоми аҳли маҳалла дониста ва бар зидди муҷассамаи ҷонвари бе забон ба ҳукумат шикоят бурданд.

Сабоҳат Мирзоева, раиси ҷамоати шаҳраки Мӯъминобод гуфт, баъди муддати кӯтоҳе аз гузоштани муҷассама афроди номаълум шохҳои бузро шикастанду ба он осеб расониданд. Ду-се дафъа шохҳояшро насб карданд, вале нашуд.

"Кӣ ин корро мекард, намедонам, вале сокинон аз мо хоҳиш карданд, ки ҳайкалро канед. Мо арзи онҳоро ба ҳукумат расонидем ва ҳайкалро канданд. Бояд онро бурда, дар мавзеи Чилдухтарон насб кунанд. Ноҳияи мо чорводорӣ ҳаст ва табиати нодир дорад. Муҷассамаро барои ҳамин гузоштанд, лекин сокинон дигар хел фаҳмиданд", - гуфт ӯ.

"Қаҳри мардум меомад, ки онҳоро аз гузари бузҳо мегуфтанд"

Ба гуфтаи раиси ҷамоат, қарор аст, дар ҷои муҷассамаи бузи кӯҳӣ фаввора сохта шавад. Дар маҳаллаи Абдулло Давлатов, ки дар маркази ноҳияи Мӯъминобод ҷойгир аст, наздики 100 хонавода зиндагӣ мекунад.

Саидвалӣ Мирзоев, вакили маҳалла рӯзи 24-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон аз он норизо буданд, ки муҷассамаро маҳз дар маҳаллаи он гузоштанд. "Мегуфтанд, ки дар даромадгоҳи ноҳия бошад, дигар гап, вале чаро маҳз дар маҳаллаи мо онро насб карданд. Мо оромашон мекардем, ки аз ин наранҷед, вале мардумро қаҳраш мекард. Акнун ки бардоштанд, мардум ором гирифт", - гуфт ӯ.

Сокинони маҳалла мегӯянд, мухолиф ба ободониву муҷассамасозӣ нестанд, вале аз таҳқири сокинони маҳаллаҳои дигар хушашон намеояд. Нурулло Ҳасанов, сардабири нашрияи ҳукумати ноҳияи Мӯъминобод рӯзи 24-уми сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, маълум нест, чаро номи буз дар миёни мардум манфӣ шудааст.

Чаро аз буз хушашон намеояд?

"Агар нафареро таҳқир кунанд, "буз" мегӯянд. Одамеро, ки дурӯғ мегӯяд, буз меноманд. Ҳатто бузро шайтон меноманд. Аз куҷо дар миёни мардум ҳамин назари манфӣ нисбат ба буз пайдо шудааст, намедонам, вале ҳамингуна назар вуҷуд дорад. Шояд аз он сабаб аст, ки буз ба дарахтон зарар мерасонад ва ҳангоми чарондан соҳибашро азоб медиҳад", - гуфт ӯ.

Дар Тоҷикистон аксаран буз парвариш мекунанд ва гӯшти буз дар бозорҳо серхаридор аст ва шикори бузҳои нодир дар кӯҳистони Тоҷикистон солона садҳо ҳазор сомонӣ ба буҷети давлат фоида меорад. Аммо ин ҳама назари манфиро нисбат ба вожаи буз тағйир надодааст. Назаре, ки ҳукумати маҳаллӣ дар Мӯъминободро маҷбур кард, як муҷассами бузро ба дигар маҳал бикӯчонад.

Шарҳҳоро бинед (21)

Ин баҳс баста шудааст.

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG