Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Селаҳои паррандаҳои зебои Тоҷикистон хурдтар мешаванд


Акс аз бойгонӣ

Танг кардани муҳити зист ва истифодаи беш аз ҳадди манобеи табиӣ сабаб шудааст, ки саршумори кабк, як паррандаи зебову хушовози Тоҷикистон коҳиш ёбад ва шикори онро имсол манъ кунанд.

Идораи ҷангали вилояти Хатлон ҳам маҷбур шудааст, ки барои роҳ надодан ба шикори ғайриқонунӣ посбонии шабонарӯзиро дар ҷангалзорҳо ва макони сукунати кабкҳо ба роҳ монад.

Саид Воҳидов, саршикорчии Идораи ҷангали вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳар сол моҳи май ба шикорчиён иҷоза медоданд, ки дар ивази пардохти маблағ, теъдоди муайяни кабкҳоро шикор ва кунанд ва ё ба дом андохта бифурӯшанд.

Аммо имсол чунин набуд ва шикори кабкро қатъиян манъ карданд. Арзёбиҳои табиатшиносон нишон додаанд, ки имсол саршумори кабк дар Хатлон то 1500 адад камтар шудааст. Натиҷаҳои арзёбиҳои комилро ҳанӯз эълон накардаанд.

Саид Воҳидов гуфт, сабаби камшавии кабк хароб кардани лонаи кабкҳо зимни ҷамъоварии шираи камол аст. Ҳаққи ҷамъоварии шираи ин рустаниро дар Хатлон ширкати “Фароз” дар даст дорад.

"Кабк дар кӯҳу пуштаҳо бештар дар бехи буттаи шираи камол тухм мегузорад, онҷо ҷӯҷа мебарорад. Вақти ҷамъоварии шираи камол, лонаҳои кабкҳо вайрон мешавад, тухмҳояшон мешиканад. Барои ҳамин имсол кабк кам шудааст" – гуфт, ӯ.

Бозори кабк дар Сарбанд
Бозори кабк дар Сарбанд

Ба қавли мусоҳиби Радиои Озодӣ, ҷамъоварии худсаронаи шираи камол дар солҳои гузашта ҳам дар коҳиши селаи кабкон дар Хатлон нақш доштааст.Кабкҳо умдатан моҳи май тухм мегузоранд ва шираи камолро, ки барои тавлиди доруворӣ истифода мешавад, дар ҳамин моҳ ҷамъ меоранд.

Иззатманди 35-сола бо шикори қонунии кабк зиндагияшро пеш мебурд. Кабк медошт ва онро ба дӯстдорони ин парранда мефурӯхтааст. Имсол ба ӯ иҷоза надоданд, дом гузораду кабк бигирад. Барои ҳар як кабк бояд 30 сомонӣ ба буҷаи давлат пул пардозанд.

"Ман расман кабк шикор карда мефурӯхтам, ба мо дигар иҷоза надоданд, гуфтанд, ки кабк кам шудааст. Дар ҳақиқат чанд соли ахир кабк кам шудааст. Сабабҳои мухталиф дорад, вайрон шудани лонаҳои кабкҳо ва зимистонҳои сарду сербарфи солҳои гузашта, ки сабаби аз гуруснагӣ ва мурдани кабкҳо шуданд” – мегӯяд, ӯ

Барои шикори ғайриқонунӣ ҷарима муқаррар шудааст ва дар ним соли гузашта чандин нафар ҳам барои ин кор ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Агар такроран шикор кунад, ҷарима сангин мешавад, дар сурати маротибаи сеюм парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд

Саъдулло Бобоҷонов, як масъули идораи ҳифзи муҳти зисти вилояти Хатлон гуфт, дар ним соли гузашта 15 нафарро барои шикори ғайриқонунӣ 3 000 сомонӣ ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи ӯ, агар касе чунин қонуншиканиро такрор кунанд, пушти панҷара ҳам меравад.

"Агар такроран шикор кунад, ҷарима сангин мешавад, дар сурати маротибаи сеюм парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд" – гуфт, ӯ.

Дар якчанд тарабхонаи шаҳри Бохтар хӯрокҳое аз гӯшти кабк пайдо кардан мумкин аст, вале масъулини идораи ҷангал гуфтанд, кабке, ки ба ошхонаҳо оварда мешавад, кабки даштӣ нест ва онҳоро аз як ширкати кабкпарварӣ аз ноҳияи Данғара будааст.

Дар қаламрави вилояти Хатлон чаҳор намуди кабкҳо сукунат доранд ва ду навъи ин кабк шомили китоби сурх ҳастанд ва шикори онҳо комилан мамнӯъ аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG