Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кабкҳои Кӯлоб соҳиби "ГАИ" шуданд


Кабкбозони ашадӣ дар Кӯлоб мегӯянд, ки бояд аз ин ба баъд иҷозаи сайди кабкро дарёфт кунанд, вагарна ҷарима мешаванд.

Дӯстдорони кабк, навъе аз паррандаҳои хушхону зебо, ки ҳар ҳафта дар каноре аз бозори марказии Кӯлоб гирди ҳам меоянд, мегӯянд, таи як моҳи ахир нозирони экологӣ, ки ҳамчун «ГАИ»-и паррандаҳо ном бурда мешаванд, аз онҳо санади сайди кабк талаб мекунанд. Нурмаҳмад Саломов, як тан аз кабкбозон мегӯяд, аз онҳо ҳоло пурсида мешавад, ки кабкҳоро дар кадом асос гирифтаанд ва барои ин амал иҷозат доранд ё не?

Саломов мегӯяд, бори аввал, вақте ба чанги нозирони муҳити зист афтид, ӯро ҷарима накарданд, аммо ҳушдор доданд, ки минбаъд барои беҳуҷҷат гирифтани кабк ҷарима хоҳад шуд. Идораи Ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Кӯлоб мегӯяд, соли гузашта барои сайди ғайриқонунии кабкҳо, 6 тан аз кабкбозонро ба маблағи 900 сомонӣ ҷарима кардаанд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:16 0:00

Баҳодур Бобоев, мудири Шӯъбаи ҳифзи наботот ва захираҳои табиии Бозрасии ҳифзи муҳити зист дар минтақа гуфт, ҳоло ба онҳо супориш шудааст, то масъалаи шикори кабкро ҷиддитар назорат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, шикори кабк маҳдуд карда шудааст. Сайодҳо бояд мувофиқи роҳхати ҷамъияти шикорчиён дар мавзеҳои муайян ва ба миқдори кам кабк бигиранд. Олимони соҳаи набототи Тоҷикистон низ борҳо ҳушдор додаанд, ки агар шикори паррандаҳо ба ин шакли бераҳмона ҷараён бигирад, аз эҳтимол дур нест, ки кабкҳо низ мисли паррандоаҳои ноди аз байн бираванд.

Баҳодур Бобоев, мудири Шӯъбаи ҳифзи наботот ва ҳифзи муҳити зист мегӯяд: «Мо бо шикорчиёну кабкбозон сӯҳбат мекунем, ки аз кадом мавзеъ ва дар кадом асос ин кабкҳоро қапидаанд. Ҳақ дорем, бояд ҳама чизашонро, ҳатто яроқҳояшонро аз назар гузаронем. Дар ин масъала бояд сахттар кор кунем, зеро агар пеши роҳи шикори бераҳмонаи кабк гирифта нашавад, миқдори он кам хоҳад шуд».

Кабкбозӣ ва кабкҷанг дар Тоҷикистон, махсусан дар минтақаҳои куҳсори кишвар як навъ хушгузаронӣ ба шумор меояд. Дар ҳоле, ки на ҳама тобу тавони баҳам дарафтодани ду парандаи зеборо доранд, баъзе кабкбозҳо ин паррандаро мисли фарзанд дӯст медоранд, паравриш мекунанд ва пайваста ҳунари ҷангии онро сайқал медиҳанд.

Субҳоналӣ, як кабкбози маъруф аст. Ӯ мегӯяд, давоми 30 соли ахир ёд надорад, ки рӯзе аз кабкҳо дур шуда бошад. Ӯ аз ташкили кабкҷанг даромад ба даст меорад ва ҳам ба гуфтаи худ, асабҳояшро ором мекунад. Субҳоналӣ мегӯяд, ҳоло шикори кабк шурӯъ шудааст ва ӯ ҳатман аз ҷамъияти шикорчиён иҷозат хоҳад гирифт. «Кабкҳоро бо ҳам ҷанг меанадозем ва гоҳо то сад сомонӣ мегузорем, ки агар кабк зуртар баромад, фоида мемонад. Бештар ин як роҳи оромкунии асаб аст. Ҳозир мо шикори кабкро сар мекунем ва то тирамоҳ давом мекунад»- мегӯяд ӯ.

Дӯстдорони кабкҷанг ва умуман ошиқони тамошои кабкҳои зебо рӯзҳои якшанбе дар канори бозори Кӯлоб ҷамъ мешаванд. Ин ҷо ҳам кабкҳоро ба фурӯш мегузоранд ва ҳам ҳунари кабкҳои ҷангиро месанҷанд.
Раҷабалӣ, як кабкбози дигар мегӯяд, нархи як кабк аз 50 сомонӣ сар шуда, ҳатто бештар аз ҳазор доллар ҳам савдо мешавад.
«Кабк аз кабк фарқ дорад. Кабкҳои ромношуда 50 сомонӣ ҳаст. Кабкҳои ҷангӣ 200 то 1000 сомонӣ. Ин ҷо мушоҳида кардам, ки ҳатто аз ҳазор доллар ҳам зиёдтар кабки ҷангии зур савдо шудааст».

Кабкрез, ва ё аз талу теппаҳо ба поён фаромадани селаи кабкҳо авоили баҳор оғоз мешавад ва то тирамоҳ давом мекунад. Ҳамроҳ бо кабкҳо сайёдҳо низ бо дому донаи худ ба теппаҳо мекӯчанд то кабкҳои сармаст аз бӯи баҳорро осон ба дом афкананд. Аммо аксари кабкбозони машҳур мегӯянд, акнун бо қоидаҳои нав ва назорати шадид аз болои шикори кабк, эҳтимол сайёдҳо акнун камтар ба шикор раванд ва теъдоди кабкҳо низ дар талу теппаҳо бештар шавад.
XS
SM
MD
LG