Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор "омил"-и болоравии қурб ва камчинии доллар дар Тоҷикистон


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Бонки миллӣ чаҳор омили болоравии қурб ва ҳамзамон камчинии доллар дар Тоҷикистонро номбар кард.

Мақомот болоравии қурби доллар дар бозори ғайрирасмиро "кори ҳаннотон" донистанд ва камчин шудани онро ба афзоиши воридоти молу тиҷорат ва бештар шудани хароҷоти будҷа рабт доданд.

Ҳафтаи гузашта қурби сад доллари амрикоӣ дар бозори ғайрирасмии асъор дар Тоҷикистон аз марзи 1000 сомонӣ гузашт ва ҳамзамон камчин шуд. Баъзе аз корафтодаҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки барои харидани 100 ё 200 доллар аз соати дуи шаб дар нуқтаҳои табодули асъор номнавис мекунанд ва соатҳои тӯлонӣ интизор мемонанд.

Вале қурби расмии доллар, ки Бонки миллӣ муқаррар мекунад, ҳанӯз бетағйир аст ва 100 доллар ба 943 сомонӣ баробар аст.

Интизории сокинон барои доллар. Видеоро дар инҷо бинед:

Соҳибкори тоҷик:"Барои доллар аз шаб навбат мегирем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон рӯзи 21-уми май дар ҷавоб ба суоли Радиои Озодӣ дар робита ба вазъи бозори арзи хориҷӣ гуфтанд, "бо истифода аз афзоиши талабот ва арзи нокофии хориҷӣ бархе афрод дар бозори ғайрирасмӣ ҳаннотӣ мекунанд. Ин вазъият боиси ба вуҷуд омадани фарқи зиёд миёни қурби расмӣ ва ғайрирасмӣ мегардад."

Дар идома Бонки миллӣ гуфтааст, созмонҳои қарздиҳӣ дар Тоҷикистон ҳар рӯз 1,5 миллион долларо ба фурӯш мегузоранд.

Вале боз ҳам таъкид мешавад, ки талабот ба асъори хориҷӣ зиёд аст ва Бонки миллӣ сабаби афзоиши онро ба се омил вобаста донистааст:

  • Афзоиши салдои манфии савдои хориҷӣ (бештар шудани воридот ба содирот);
  • Афзоиши фаъолияти тиҷоративу истеҳсолӣ дар фасли баҳор;
  • Бештар шудани хароҷоти будҷа барои сохтмони иншооти стратегӣ ва пардохти қарзи давлатӣ.

Масъулони Бонки миллӣ мегӯянд, барои ҷилавгирӣ аз амалиёти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ гуруҳе иборат аз кормандони Додситонии кул ва Бонки миллӣ амал мекунанд.

Аммо коршиносон мегӯянд, камчинии арзи хориҷӣ дар бозори Тоҷикистон ба вазъи иқтисодии кишвар ва омилҳои берунӣ пайванд дорад. Ораш Хоҷамуродов, иқтисоддони тоҷик, ҳафтаи гузашта ба Радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон се сарчашмаи арзи хориҷӣ дорад.

"1) Содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба хориҷа, ки чандон зиёд нест. 2) Интиқоли пул аз хориҷа. 3) Сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ. Аммо баромади асъори хориҷӣ аз кишвар хеле зиёд аст, чун ҳаҷми воридот аз содирот дида, ба маротиб бештар аст", -- шарҳ дод ӯ.

Мушкили қурби асъори хориҷӣ ва норасоии он дар маҷлиси рӯзи 10-уми май бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон ва кормандони соҳаи молияву гумрук низ баррасӣ шуд. Раисҷумҳур гуфт, бо бастани 800 нуқтаи саррофӣ дар кишвар мушкили камбуди асъори хориҷӣ ҳал нашуд ва "аз борон ба барф задем".

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати озод ё либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло иқтисоддонҳо ба он таъкид мекунанд, ки саррофонро бояд ба бозори расмии мубодилаи асъор баргардонд ва сиёсати либералиеро, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бозори асъор дошт, барқарор кард.

Аммо то он вақт ҳар рӯз даҳҳо нафар паси дари бонкҳои кишвар навбат мепоянд, то доллар бихаранд. Яке барои таҳсили фарзандону дигаре барои чархонидани тиҷорату зиндагии худ.

XS
SM
MD
LG