Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

”Навбати ман 22-ум буд, аммо навбатам нарасида, доллар тамом шуд" ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ

Камчин шудани доллар дар бозори асъори Душанбе сабаб шудааст, ки соҳибкорон аз шаб барои хариди доллар дар назди бонкҳо навбат бигиранд.

Корафтодаҳо дар бархе аз нуқтаҳои табодули асъор барои харидории 100 ё 200 доллар аз соати дуи шаб номнавис мекунанд ва соатҳои тулонӣ интизор мемонанд.

Муродқул Пиров, як тоҷири бозори “Султони Кабир”, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз субҳи 17-уми май барои харидани доллар ба чанд бонку ташкилоти қарзӣ муроҷиат кард, аммо посух дар ҳама ҷо як буд: “Доллар тамом шудааст”.

Муродқул, ки мегӯяд, чунин аҳвол тиҷораташро заиф кардааст, барои фардо ҳам натавонистааст, дар як нуқтаи табодули асъор навбат бигирад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: ”Имрӯз навбати ман 22-ум буд, аммо навбат ба ман нарасида, доллар тамом шуд. Соати дуи шаб ҳам биёӣ, занҳо инҷо хеле зиёданд. Боз ба як бонки дигар омадам, ки ин ҷо барои фардо номнавис мекунанд, аммо боз навбатам нарасид. Ана ҳамин хел 100- 200 доллар аз ҳар бонк доллар ҷамъ мекунам.”

Муродқул аз Чин маҳсулоти сохтмонӣ меорад. Мегӯяд, қаблан дар як сол чанд маротиба бор меовард, аммо имсол ба далели надоштани пули кофӣ ягон бор нарафтааст.

Ба гуфтаи Муродқул, мисли ӯ имрӯз соҳибкорони зиёде барои аз хориҷа ворид кардани маҳсулот бояд ҳафтаҳо навбат поянд, то маблағи кофӣ ҷамъ оранд.

Метарсем, ки аҳволамон бадтар мешавад

Ӯ бим дорад, ки агар вазъ чунин бимонад, корашон рӯз ба рӯз бадтар мешавад: “Вазъ ҳамин хел рафтан гирад, кори мо ҳам бад мешавад. Ба хориҷа бо пули кам равӣ, борро арзон ёфта наметавонӣ. Кам гирӣ қиммат медиҳанд ва онро инҷо фурӯхтан мушкил аст. Намедонам, чаро дар бонкҳо доллар нест. Дар бозори сиёҳ ҳаст, пешниҳод мекунанд, вале тибқи қонун мумкин нест, ман намехарам.”

Соҳибкори тоҷик:"Барои доллар аз шаб навбат мегирем"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:26 0:00

Як сабаби аслии камчинии долларро тоҷирон ва таҳлилгарон дар фосилаи зиёди миёни қурби расмӣ аз қурби бозори сиёҳ унвон мекунанд. Ба гуфтаи бархе аз ҳамсӯҳбатони Радиои Озодӣ сад доллар дар бозори ғайрирасмӣ бар ивази ҳазор сомонӣ хариду фурӯш мешавад.

Аммо қурби расмии он бетағйир буда, як доллар 9 сомониву 43 ё 44 дирам муайян шудааст. Дар бархе аз бонку ташкилоти қарзӣ мегӯянд, мардум барои табодули асъори хориҷӣ ба ин нуқтаҳо кам муроҷиат мекунанд, бинобарин бонкҳо низ дар дарёфти доллар камбуд доранд.

Шавкат Раҳимов, раҳбари намояндагии ташкилоти қарзии “Арванд” дар шаҳри Душанбе дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: “Вақте ба шахсони муроҷиаткунанда қурби асъори муайяншударо мегӯем, норозӣ шуда, мераванд. Доллари худро иваз намекунанд. Мо дар як рӯз дар худи филиали шаҳри Душанбе аз ҳама кам то 10 ҳазор долларро мубодила мекунем.”

"Сиёҳ" шудани бозори табодули асъор?

Масъулини ташкилоти қарзӣ ва бонкҳо бо дастури Бонки миллӣ доллари нақдро қабл аз ҳама ба муштариёни худ, афроде, ки аз тариқи ин бонкҳо барои хариди бору маҳсулот маблағ интиқол медиҳанд, доллар пешниҳод мекунанд.

Мушкил дар дарёфти доллар дар нуқтаҳои табодули асъори бонкҳо ва фарқияти зиёд байни қурбӣ расмӣ ва ғайрирасмӣ ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон боиси гарм шудани “бозори сиёҳ” шудааст.

Бархе аз корафтодаҳо “таваккул” карда, барои харидуфурӯши доллар ба ин бозор рӯ меоранд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон харидуфурӯши асъори хориҷӣ берун аз бонкҳо ҷавобгарӣ дорад ва барои ин кор ҷаримаи бузург ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндон муқаррар шудааст.

Мақомоти интизомӣ ҳам гуфтанд, ки бозори ба истилоҳ "сиёҳи" арзи хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ, "пурра аз байн нарафтааст". Дар як соли охир зидди беш аз 100 нафар бо иттиҳоми муомилаи ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд.

Сабаби мушкил дар чист?

Дар мулоқоти ахир бо кормандони соҳаи молияву гумрук Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба камчин шудан ва норасоии асъори хориҷӣ таваҷҷӯҳ кард ва гуфт, бо бастани 800 нуқтаи саррофӣ ҳам мушкили камбуди асъори хориҷӣ ҳал нашуд.

Коршиносон мегӯянд, камчинии арзи хориҷӣ ба вазъи иқтисодии Тоҷикистон ва “ба имкониятҳои маҳдуди бонк ва созмонҳои молӣ рабт дорад”. Ба бовари таҳлилгарони иқтисодӣ, бо чораҳои ҷиноиву маъмурӣ наметавон, пеши роҳи пасту болоравии қурби пули миллӣ ва ивази ғайриқонунии асъори хориҷиро гирифт.

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати озод ё либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло иқтисоддонҳо ба он таъкид мекунанд, ки саррофонро бояд ба бозори расмии мубодилаи асъор баргардонд ва сиёсати либералиеро, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бозори асъор дошт, барқарор кард.

Аммо то он вақт ҳар рӯз даҳҳо нафар паси дари бонкҳои кишвар навбат мепоянд, то доллар бихаранд. Яке барои таҳсили фарзандону дигаре барои чархонидани тиҷорату зиндагии худ.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG