Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро доллар камчин шуд ва "бозори сиёҳ" аз байн нарафт?


Мақомоти интизомӣ дар Тоҷикистон гуфтанд, ки бозори ба истилоҳ "сиёҳи" арзи хориҷӣ, бахусус доллари амрикоӣ, "пурра аз байн нарафтааст". Дар як соли охир зидди беш аз 100 нафар бо иттиҳоми ивази ғайриқонунии асъор парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Қонун барои ин афрод ҷаримаи бузург ва ё аз панҷ то ҳашт соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар гӯшии телефон ҳеч вақт намегӯянд, ки доллар доред ё не. Мепурсанд, ки “нархи дору чанд аст?” ё ки “ҳуҷҷат доред?”

Тақрибан чаҳор сол пеш Бонки Миллии Тоҷикистон саррофиҳои мустақилро, ки дар ҳар кӯчаву маҳалла фаъолият доштанд, сабаби ҳарҷу марҷ дар бозори асъор донист ва онҳоро баст. Танҳо ба бонкҳо ва намояндагиҳои онҳо иҷозаи табдили асъори хориҷӣ дода шуд.

Додситони кулли Тоҷикистон охири ҳафтаи гузашта дар палатаи болоии порлумон гуфтааст, "бозори сиёҳи" асъори хориҷӣ комилан аз байн нарафт. Ба қавли Юсуф Раҳмон, дар соли 2018 мақомот дастикам ба дари 15 нуқтаи, ба гуфтаи ӯ, ғайриқонунии мубодилаи асъор қуфл заданд.

Тоҷир: Шутурро бо кафлес об доданӣ ҳастанд

Навбатпоии тӯлонӣ барои ивази асъори хориҷӣ. Моҳи марти соли 2015
Навбатпоии тӯлонӣ барои ивази асъори хориҷӣ. Моҳи марти соли 2015

Баъзе аз корафтодаҳо мегӯянд, пайдо кардани доллар дар бонкҳои кишвар мушкил аст ва онҳо ночор суроғи саррофони мустақилро мегиранд. Бонкҳои Тоҷикистон дар як рӯз барои як нафар ҳамагӣ дусад доллар мефурӯшанд. Барои онҳое, ки санади соҳибкорӣ доранд, то панҷсад доллар дода хоҳад шуд. Ва онро ҳам бояд бо тай кардани навбати тӯлонӣ бигиранд.

Абдуҷаббор Ҳалимов, тоҷири тоҷик, аз Туркияву Чин ба кишвар таҷҳизоти техникӣ ворид мекунад. Ӯ рӯзи 4-уми апрел гуфт, "барои соҳибкороне, ки молро аз хориҷ меоранд, дусад доллар дар як рӯз ва ҳазор доллар дар як ҳафта кофӣ нест. Ин мисли он аст, ки шутурро бо кафлес об бидиҳанд."

"Забон"-и харидорону фурӯшандаҳои доллар

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ҳамин вазъ боис шудааст, ки баъзан ба суроғи онҳое бираванд, ки доллари фурӯшӣ доранд. "Пайдо кардани доллар дар берун аз бонкҳо низ кори саҳл нест. Дар Тоҷикистон харидуфурӯши асъори хориҷӣ берун аз бонкҳо ҷавобгарӣ дорад. Барои ҳамин, баъзан харидору фурӯшанда "риск" мекунанд”, - шарҳ дод ӯ.

Дар ҳамин ҳол, яке аз сокинони Душанбе гуфт, ибораҳое пайдо шудааст, ки тамоси талабгорони доллар ва саррофони пинҳониро барқарор мекунад. Ӯ гуфт, "масалан, дар гӯшии телефон ҳеч вақт намегӯянд, ки доллар доред ё не. Мепурсанд, ки “нархи дору чанд аст?” ё ки “ҳуҷҷат доред?” Ба ин восита якдигарро меёбанд ва пул иваз мекунанд.”

Ҳоло Бонки Миллӣ қурби cад доллари амрикоиро беш аз 940 сомонӣ муқаррар кардааст. Дар бозори ба истилоҳ сиёҳ сад доллар ба ивази аз 990 то 1000 сомонӣ фурӯхта мешавад.

Бонки Миллӣ ҷавоб надод. Коршинос чӣ гуфт?

То нашри ин матлаб Бонки Миллии Тоҷикистон ба дархости Радиои Озодӣ дар робита ба вуҷуди “бозори сиёҳ” ва сабаби камчинии доллар дар бонкҳо посух надод.

Ба назари Баҳром Шарифов, иқтисоддони тоҷик, камчин шудани асъори хориҷӣ аз ҷумла доллар ва гарм шудани бозори сиёҳи арз, “ба имкониятҳои маҳдуди бонк ва созмонҳои молии кишвар рабт дорад”.

Баҳром Шарифов
Баҳром Шарифов

Ӯ мегӯяд, мушкили аслӣ дар бозори арзи хориҷии Тоҷикистон ба кам шудани пули муҳоҷирон дахл дорад, ки 90 дар сади он бо асъори хориҷӣ аз Русия ворид мешуд. "Аз сӯи дигар, вазъ метавонад муваққатӣ бошад ва дар сурати нирӯманд кардани иқтидори саноатии кишвар, ин мушкил ҳам ҳалли худро хоҳад ёфт", - хулоса кард ӯ.

Ба бовари таҳлилгарони масоили иқтисодӣ, бо чораҳои ҷиноиву маъмурӣ наметавон пеши роҳи пасту болоравии қурби пули миллӣ ва ивази ғайриқонунии асъори хориҷиро гирифт.

Долларро чӣ кор мекунанд?

Тоҷикистон қаблан бо сиёсати озод ё либералиаш дар бозори асъор маъруф буд ва дар сари ҳар қадам дар ин кишвар ҳатман ягон нуқтаи саррофӣ кор мекард. Ҳоло мардум маҷбур аст, барои табдили пул чанд километр роҳро тай карда, ягон бонкро ҷустуҷӯ кунад ваё ба саррофони "бозори сиёҳ", яъне роҳҳои ғайриқонунии дарёфти асъор рӯ биёрад.

Ҳоло иқтисоддонҳо ба он таъкид мекунанд, ки саррофонро бояд ба бозори расмии мубодилаи асъор баргардонд ва сиёсати либералиеро, ки ҳукумати Тоҷикистон дар бозори асъор дошт, барқарор кард.

Аммо то он вақт ҳар рӯз даҳҳо нафар паси дари бонкҳои кишвар навбат мепоянд, то доллар бихаранд. Яке барои таҳсили фарзандону дигаре барои тиҷорат ва баъзеи дигар барои нигоҳ доштани пулҳои худ бо арзи хориҷӣ.

XS
SM
MD
LG