Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гилаи вазири тоҷик аз рафтори як созмони бузурги байналмилалӣ. ВИДЕО


Сироҷиддин Аслов
Сироҷиддин Аслов

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар ҳузури мақомоти баландпояи даҳҳо кишвар баъзе аз ниҳодҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ ба унсурҳои террористӣ ва ҷиноӣ аз Тоҷикистон минбар медиҳанд.

Сироҷиддин Аслов, ки рӯзи 7-уми декабр дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо сӯҳбат мекард, Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи башари созмонро танқид кард, ки ба гуфтаи ӯ, ба аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ ва Гурӯҳи 24 иҷоза додааст, ки дар ҳамоишҳои он ширкат кунанд.

“Тоҷикистон нигарон аст, ки институтҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо фароҳам овардани шароит барои ширкати аъзои гурӯҳҳои ҷиноӣ ба мисли Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Гурӯҳи 24 ва дигар гурӯҳҳои ғайриқонунӣ дар чорабиниҳои созмон ниёзҳо ва манфиатҳои моро нодида мегиранд. Ба бовари мо, ин тамоюли тавҳиномез нисбат ба нигарониҳои кишварҳои узв, ба эътимоди байниҳамдигарӣ зарба мезанад, ихтилофоти назарро амиқтар мебарад ва ҳамкориву муколама дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупоро аз зер хароб мекунад”- гуфт, Сироҷиддин Аслов.

Гилаи вазири тоҷик аз рафтори як созмони байналмилалӣ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:44 0:00

Вазири тоҷик афзуд, маҳз ба ҳамин сабаб ҳукумати Тоҷикистон бори аввал қарор кард, ки дар ҷаласаи арзёбиҳои вазъи ҳуқуқи инсон дар қаламрави кишварҳои узв, ки моҳи сентябр дар Варшава сурат гирифт, ширкат накунад.

Сироҷиддин Аслов баъзе аз кишварҳои узвро ба пешбурди сиёсатҳои дугуна муттаҳам кард ва афзуд, ки ин гуна равиш, амният дар минтақаро ба хатар дучор мекунад.

Ва дар идомаи сӯҳбаташ гуфт: “Мутаасифона мо шоҳиди набуди сиёсати фарогир ва ҳамаҷониба аз тарафи баъзе аз институтҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ва кишварҳои узв дар мубориза ба зидди чолишҳои муштарак ҳастем, ки барои амният ва тараққиёт дар минтақаро хатар эҷод мекунанд.”

Ҳузури тарафдорони Ҳизби Наҳзат дар ин нишаст давлати Тоҷикистонро ба хашм овард.
Ҳузури тарафдорони Ҳизби Наҳзат дар ин нишаст давлати Тоҷикистонро ба хашм овард.

Ҳукумати Тоҷикистон имсол дар ҷаласаи арзёбии абъоди ҳуқуқи инсон дар Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ширкат накард. Дар ин ҷаласа дар шаҳри Варшава аз ҷумла , вазъи озодии баён, таъқиби дигарандешон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд. Намояндагони Тоҷикистон соли 2016 низ баъди роҳ ёфтани аъзои Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар нишасти ҳуқуқи инсон дар Варшава намоишкорона ин нишастро тарк карданд.

Тоҷикистон мегӯяд, Ҳизби наҳзат як созмони ифротӣ ва террористӣ аст, вале раҳбарияти ин ҳизб, ки қисме дар зиндон ва қисме дар хориҷ ҳастанд, ин иттиҳомро рад кардаанд. Фаъолияти ҳизбро баъди ошӯби моҳи сентябри соли 2015 ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода мамнӯъ карданд, чун ба гуфтаи мақомот, ҳизби наҳзат яке аз тарҳрезони ошӯб будааст.

Кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ва аз ҷумла порлумони Аврупо давлати Тоҷикистонро танқид кардаанд, ки мухолифонаш аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломиро саркӯб кардааст.

Сироҷиддин Аслов дар нишасти вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Вена ҳамчунин аз бозгашти аъзои гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ изҳори нигаронӣ кард ва онҳоро хатари ҷиддӣ барои Тоҷикистон ва фаротар аз он номид. Ӯ гуфт:

“Сар бардоштани нерӯҳои иловагии ифротӣ дар Афғонистон, бахусус бозгашти ҷангҷӯёни хориҷӣ аз ҷумла аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ ба шимоли кишвар ба як хатари ҷиддӣ на танҳо барои Тоҷикистон балки барои сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо табдил меёбад. “

Ӯ афзуд, Тоҷикистон ба ҳайси як ҳамсояи наздики Афғонистон манфиатдор аст, ки дар онҷо “сулҳу оромӣ барқарор шавад ва он кишвар аз назари иқтисодӣ рушд кунад. “ Дар нишасти вазирони хориҷии кишварҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, ки ду рӯз дар Вена идома мекунад, роҳҳои таъмини амният дар минтақа баррасӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG