Пайвандҳои дастрасӣ

Нишасти САҲА дар Тошканд озодии баёнро ба баррасӣ гирифтааст. ВИДЕО


Гурӯҳе аз рӯзноманигорони тоҷик дар нишасти «Журналистикаи озод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ», ки рӯзҳои 18 ва 19-уми октябр дар Тошканд баргузор мешавад, ширкат карданд.

Ин нишаст бори аввал аст, ки дар Узбакистони муосир бо пуштибонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо баргузор мешавад.

Мавзуи аслии баҳс “Равандҳои муосир дар нашру пахши хабарҳо дар Васоити ахбори омма: таҷрибаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои узви САҲА” аст.

Дар ин нишаст 80 тан аз намояндагони давлат, созмонҳои ҷамъиятӣ ва намояндагони ВАО-и кишварҳои Осиёи Марказӣ ширкат карданд.

Сарвар Отамуродов, ноиби парлумони Узбакистон дар суханрониаш дар ин ҷаласа гуфтааст, ки раҳбарияти нави кишвар барои ислоҳоти демократӣ дар кишвар талоши бештар анҷом медиҳад. Ӯ гуфтааст, фаъолияти матбуоти озод ба раванди ислоҳоти демократия дар Узбакистон кӯмак мекунад.

Муҳаббатшо Рӯзадор, вакили парлумони Тоҷикистон, ки дар ин нишаст ширкат доштааст, гуфтааст, Тоҷикистон низ "барои таъмини озодии матбуот корҳое анҷом додааст". Вай гуфтааст, Тоҷикистон тасмими "берун кардани банди тӯҳмат ва таҳқир дар матбуот аз Кодекси ҷиноятиро ҳамчун қадами ҷиддӣ дар таъмини озодии баён унвон кардааст". Ҳоло барои таҳқиру тӯҳмат аз рӯи кодекси маъмурӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Тоҷикистон чанд соли пеш банди тӯҳмат ва таҳқирро аз Кодекси ҷиноятӣ берун кард, вале муҷозот барои “тӯҳмату таҳқири президент"-ро боқӣ гузошт.

Баргузории 19-уми «Журналистикаи озод дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар ҳоле дар Тошканд баргузор мешавад, ки то як соли пеш ин кишвар барои матбуот ва созмонҳои ҷамъиятӣ як кишвари баста буд. Моҳи сентябри соли 2016 пас аз даргузашти президент Ислом Каримов, раҳбарии ин кишварро амалан Шавкат Мирзиёев бар дӯш гирифт ва моҳи декабр бо пирӯзӣ дар интихоб расман президенти ин кишвар шуд.

Дар давоми як сол Шавкат Мирзиеёв бо кишварҳои ҳамсоя равобитро хубтар кард ва дар дохили Узбакистон низ маҳдудиятҳо дар самти озодиҳои баёнро камтар кард.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG