Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хабар надеҳ, ки барнамегардам" Тамосҳои пинҳонии ҷангҷӯёни тоҷик


Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз пайвандони ҷангҷӯёни тоҷик даъват кард, ки тамос бо наздикони худро пинҳон надоранд.

Мегуфт, ба мақомот хабар надеҳ, ки барнамегардам. Аз ҳамин ҳисоб метарсидам. Дидам, ки дигар намешавад, хабар додам, то барои баргаштанаш кумак кунанд

Аксари волидони ҷавонони тоҷик, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, мегӯянд, тамос бо пайвандонашонро гум кардаанд. Иддаое, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба он бо шубҳа менигарад ва мегӯяд, далелҳое дорад, ки бархе ҷангҷӯён ва ҳамсарони зиндамондаи онҳо аз роҳҳои пинҳонӣ бо наздиконашон дар ватан тамос доранд.

Давоми як моҳи охир кормандони вазорат дар минтақаҳои Тоҷикистон бо пайвандони ҷангҷӯёни эҳтимолӣ сӯҳбатҳо анҷом дода, аз онҳо даъват мекунанд, ки тамоси худ ва дар куҷо қарор доштани пайвандонашонро ба онҳо ошкор кунанд.

Роҳи Далер аз Ироқ то Қирғизистон

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, моҳҳои охир тақрибан даҳ ҳолате ошкор шуд, ки волидон тамос бо писарон ва ё духтаронашонро, ки ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, пинҳон доштаанд.

Ин мавзуъ дар ҳоле ҷиддитар шуд, ки ба гуфтаи сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ, дар ду моҳи охир ду ҳолате ошкор шуд, ки ҷавонони тоҷик аз ДИИШ фирор карда, дар кишварҳои дигар пинҳон шудаанд. Умарҷони Эмомалӣ қазияи Далер Ҷӯраеви 32-сола, сокини шаҳри Душанберо мисол овард, ки баъди ду соли фирор аз қаламравҳои зери назари ДИИШ ахиран ба Тоҷикистон баргашта, худро таслим кардааст.

Ӯ гуфт, Ҷӯраев бо иттиҳоми “зархаридӣ” аз соли 2015 таҳти пайгард қарор дошт. Мақомот маълум кардаанд, ки ин ҷавон ҳамон сол аз минтақаҳои зери назари ДИИШ фирор карда, ба Истанбул ва аз онҷо ба Дубай рафтааст. Маълум нест, дар дасти ӯ чӣ санаде будааст, чун баъди Дубай ба Қазоқистон ва дар охир ба Қирғизистон роҳ ёфтааст. Давоми

Муҳокимаи як гурӯҳ аз афроди муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ
Муҳокимаи як гурӯҳ аз афроди муттаҳам ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ". Акс аз бойгонӣ

беш аз ду сол ӯ бо пайвандонаш телефонӣ дар тамос будааст, вале тамоми ин вақт онҳо ин тамосҳоро аз мақомот пинҳон доштаанд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ин ҷавон ихтиёрӣ ба ватан баргашт ва бо эҳтимоли зиёд мавриди афв қарор мегирад.

“Ҷавони дигари тоҷик Алиакбар Абдуллоев, сокини шаҳри Ҳисор аст”, - гуфт Умарҷони Эмомалӣ. Ба иттилои ӯ, Абдуллоев аз Ироқ ба Миср фирор карда, дар онҷо паноҳ бурдааст. Пас аз як соли фирор бо мақомот дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон тамос гирифта, гуфтааст, мехоҳад ихтиёрӣ ба ватан баргардад.

Умеди Алиакбар Абдуллоев ин аст, ки таслими ихтиёрии ӯ ба мақомот бо бахшиши гуноҳаш меанҷомад.

“Чаро хабар надодам?”

Давоми соли 2016 ва 2017 гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” аксари ҳудудҳои ишғолкардаи худро дар Сурия ва Ироқ аз даст дод. Пас аз ин, сарнавишти беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар сафи ин созмони тундрав қарор доштанд, номаълум аст.

Ҳар вақте инҳо мегуфтанд, ки занг заданд, даъват шуда, мавриди пурсиши тӯлонӣ қарор мегирифтанд. Барои ҳамин, фикр мекунам, ки онҳо робитаҳои пинҳонии худро ба роҳ монданд

Хабари бархеи онҳо ҳоло аз зиндон, боздоштгоҳ ва ё паноҳгоҳҳое дар ҳудуди Ироқу Сурия мерасад. Нурмад Идиев, як сокини вилояти Хатлон, тоза ба мақомот хабар дод, ки ягона духтараш бо ӯ аз Ироқ тамос гирифт.

Фотима Идиева, духтари 32-солаи ӯ, чаҳор соли пеш ҳамроҳ бо шавҳараш ба Миср рафт ва аз онҷо дертар хабар дод, ки ба Ироқ рафтаанд. Ин мард рӯзи 28-уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тоза ба мақомот иқрор шуд, ки духтараш ҳанӯз зинда аст ва бо ӯ тамос дорад.

“Худаш мегуфт, ки ба мақомот хабар надеҳ, ки барнамегардам. Аз ҳамин ҳисоб метарсидам. Дидам, ки дигар намешавад, хабар додам, то барои баргаштанаш кумак кунанд. Ҳамагӣ як духтар дорам”, - гуфт ӯ. Духтари ин мард бо ду кӯдакаш дар Ироқ қарор дорад. Аммо ҳоло намедонад, ки духтараш ҳанӯз дар дасти ДИИШ аст ва ё зери назари нерӯҳои ҳукуматии Ироқ.

"Мегӯяд, ки зинда аст. Намегӯяд, ки дар куҷост"

Ӯ гуфт, духтараш танҳо дар тамоси кӯтоҳ мегӯяд, зинда ҳаст, вале намегӯяд, дар куҷо қарор дорад. Тамоси ҷангҷӯёни ДИИШ ва хонаводаҳои онҳо бо пайвандонашон, ба гуфтаи мақомот, дар гузашта ва ҳоло тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли Вотсаппу Вайбер сурат мегирад, ки ошкор кардани тамосҳояшон мушкил аст.

Мақомоти тоҷик чанд соли пеш бо назардошти пушаймон шудани баъзе шаҳрвандон аз пайвастан ба сафи ҷангҷӯён гуфтанд, ки дар сурати бозгашти ихтиёрии шаҳрвандон ба ватан, нисбат ба онҳо қонуни афв татбиқ мешавад. Мақомот гуфтаанд, ки аз соли 2015 то ба имрӯз ҳудудан 100 шаҳрванди Тоҷикистон ихтиёрӣ ба ватан баргаштаанд. Аксари онҳо баъди бозгашт нахуст ба саволҳои мақомоти ҳифзи қонун посух медиҳанд, то саргузаштҳои онҳо сабт шавад.

Вале тавре бархе наздикон мегӯянд, на ҳамаи онҳо ба самимияти мақомот бовар доранд ва метарсанд, ки баъди бозгашт ҳатман муҷозот ваё мавриди азият қарор мегиранд. Ҳамин нобоварӣ боис ба пинҳонкорӣ мешавад. Бисёр волидоне, ки аз ҷангҷӯ шудани фарзандашон нороҳату афсурдаву ноумед шуданд, дар ниҳояти амр ба онҳо ҳамчун ҷигарбандашон муносибат мекунанд ва метарсанд, ки аз ин бештар азият нашаванд.

"То ночор нашуданд, нагуфтанд"

Фаридун Ҳодизода
Фаридун Ҳодизода

Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик, ҳам мегӯяд, ба хотири раҳоӣ аз пурсишҳои батакрори мақомот волидон тамосҳоро пинҳон медоранд ва танҳо замоне онро ошкор мекунанд, ки имкони кумак барои баргардониданашон вуҷуд дошта бошад. “Ба онҳо таъкид мешавад, ки кай тамос гирифтанд ва чӣ гуфтанд, ба мо расонед. Ҳар вақте инҳо мегуфтанд, ки занг заданд, даъват шуда, мавриди пурсиши тӯлонӣ қарор мегирифтанд. Барои ҳамин, фикр мекунам, ки онҳо робитаҳои пинҳонии худро ба роҳ монданд ва дигар мегӯянд, ки занг намезанад. Шояд, дар ҳақиқат бисёриҳо занг назананд, вале ба фикрам ҳоло ҳам тамосҳояшон қатъ нашудааст. Вақте ночор шуданд, баъдан ба мақомот муроҷиат мекунанд”, - гуфт Ҳодизода.

Шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2013 барои узвият ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” ба ҳудудҳои Сурия ва Ироқ рафтанд. То соли 2016 шумораи онҳо беш аз ҳазор нафар гуфта мешуд, вале баъдан мақомот аз гуфтани омори дақиқи онҳо худдорӣ карданд. Мақомот мегӯянд, дар бораи кушта шудани ҳади ақал 500 ҷангии тоҷик хабар дарёфт кардаанд ва бовар доранд, ки бисёре аз онҳо зинда ҳастанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG