Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаби сахти муҳоҷирони тоҷик дар идораи пулиси Русия. АКС


Ҳаждаҳ муҳоҷири кории тоҷик дар шаҳри Митишии вилояти Маскав шикоят доранд, ки маъмурони пулис онҳоро як шабонарӯз бе обу ғизо ва ҷои хоб нигоҳ дошта, додгоҳ бе ҳузурашон қарори ихроҷ аз Русияро содир кардааст. Онҳо талаб доранд, ки қарори ихроҷашон беэътибор ва мақомоти пулису додгоҳ ба пардохти ҷуброни зарари маънавӣ муваззаф шаванд.

  • Муҳоҷирони тоҷикро рӯзи 9-уми август дастгир карданд ва ҳукми додгоҳ ҳанӯз ба иҷро надаромадааст.
Ба назди додрас Матросов рафта, гуфтем, ки муҳоҷиронро надида ва назари онҳоро напурсида ҳукм содир кардааст, магар ин қонунист? Ӯ хап нишаст, чун медонист, ки кораш иштибоҳ буд.

Шодмонбек Ҷомиеви 39-сола, сокини минтақаи Рашт, яке аз ин муҳоҷирони корӣ аст. Ӯ рӯзи 15-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки барои кору зиндагӣ дар ҳудуди Русия тамоми санадҳо, аз ҷумла ҳуҷҷати панҷсолаи иқоматро дорад, вале маъмурони идораи муҳоҷирату пулис онҳоро ба эътибор нагирифтаанд.

"Аз соли 1997 боз дар Русия кору зиндагӣ дорам. Маро дар роҳ қапида, дар як мусофирбари гражданӣ (шаҳрвандӣ) бор карда бурданд. Бародарам низ ба ҳамин шакл боздошт шуд. Мо дар аввал сӣ нафар будем. Баъдан 12 нафарро озод карданд", - гуфт ӯ.

Ҳаждаҳ нафари боқимонда як шабонарӯз дар идораи пулис нигаҳдорӣ шуда, танҳо пас аз дарёфти қарори ихроҷ раҳо шудаанд. Шодмонбек Ҷомиев иддао дорад, ки нирӯҳои пулис онҳоро ба як бинои нимасохта дар шаҳри Митишии вилояти Маскав низ бурда, ба дасташон белу каланд ва асбоби дигари сохтмонӣ додаву аксу навор гирифтаанд.

Ӯ гуфт, "ин як саҳнаи сохта буд, то ҳамчун далел пешниҳод кунанд, ки ғайриқонунӣ кор мекардем. Мо, воқеан, ҳеҷ муқобилият карда натавонистем, чун туфангро нишон дода гуфтанд, ки корамонро бо он ҳал мекунанд."

Ин сокини минтақаи Рашт ҳамроҳи бародараш ва 16 муҳоҷири дигар санади ихроҷ аз Русияро дар даст дорад. Аммо бо ин қарор, ки бе ҳузурашон содир шудааст, розӣ нестанд ва алайҳи он ба додситонии шаҳри Митишии вилояти Маскав шикоят бурданианд.

Каримҷон Ёров, вакили дифои муҳоҷирон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, онҳо барои ҳалли масъала ба назди додраси масъул Матросов рафтаанд. "Пешниҳод кардем, ки масъаларо ба хубӣ ҳал кунанд, вагарна кор то додситонӣ кашида хоҳад шуд. Ба назди додрас Матросов рафта, гуфтем, ки муҳоҷиронро надида ва назари онҳоро напурсида ҳукм содир кардааст, магар ин қонунист? Ӯ хап нишаст, чун медонист, ки кораш иштибоҳ буд. Интизорем, ки ҳукм бекор карда шавад. Дар ғайри сурат ба додситонӣ шикоят мебарем", - гуфт Каримҷон Ёров.

Дар намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия гуфтанд, ки ин қазияро ҷиддӣ пайгирӣ доранд.

Як намояндаи идораи пулиси Митишии вилояти Маскав гуфт, касеро ғайриқонунӣ боздошт накардаанд ва муҳоҷирони боздоштшуда мушкили патенту иҷозаи иқомат доштанд.

Аммо даҳҳо нафар аз акси лаҳзаи нигаҳдории муҳоҷирон дар идораи пулис, ки баъзеашон рӯи фаршу бархеи дигар рӯи мизи чӯбӣ ва болои ҳам хобидаанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ шигифтзада шудаанд. Ин аксҳо тавассути худи муҳоҷирон гирифта шуда, рӯзи 14-уми август дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузошта шуд.

Дар Русия беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик кору иқомат мекунанд ва зимни ҳар ихтилофот байни ду тараф онҳо ба василаи фишори сиёсӣ ба Тоҷикистон табдил меёбанд. Ҳар гоҳ ихтилофе сар зад, садҳо нафар аз муҳоҷирони тоҷикро дар Русия дастгир мекунанд ва села-села ба кишвар бозпас мефиристанд.

Аксҳо тавассути муҳоҷирон бардошта шудааст

Шарҳҳоро бинед (8)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG