Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба Путин: "Қотили бародарамро пайдо кунед". ВИДЕО


Як хонавода дар ҷануби Тоҷикистон аз Владимир Путин, президенти Русия тақозо кардааст, ки дар таҳқиқи мунсифонаи ҳодисаи қатли бародари соҳибкорашон дар шаҳри Магнитогорск ва ҳам се сокини дигари водии, Вахш мусоидат кунад.

Парвандаи нокушодаи марги Асадулло

Ин чаҳор сокини вилояти Хатлон дар шаҳри Магнитогорски Русия дар давоми 7 соли гузашта бо ваҳшоният ба қатл расонида шуданд ва то ҳанӯз тафтишот омилони ин қатлҳоро ба ҷавобгарӣ накашидааст. Аз ҷумла, маълум нест, ки соҳибкор Асадулло Маҳмудов соли 2016 аз ҷониби кӣ ва бо чӣ сабаб кушта шуд.

Хешовандон мегӯянд, ки соҳибкори 49-солаи тоҷик аз тири туфанги ҳамлагари ношиносе кушта шуд ва ин саҳна дар камераи хиёбонӣ ҳам сабт шудааст, вале то ҳанӯз гумонбарони ин ҷиноятро маълум накардаанд.

Асадулло Маҳмудов дар Магнитогорск ба тиҷорату соҳибкорӣ машғул буд ва муддате ҳам раҳбарии ҷамъияти тоҷиконро дар ин шаҳр ба ӯҳда дошт. Ӯ 15-уми декабри соли 2016 дар назди манзили зисташ дар Магнитогорск кушта шуд ва то ҳол ин парванда нокушода мондааст.

Дар хонаводаи Маҳмудовҳо дар ноҳияи Кӯшониён -- ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, ки баъди беш аз даҳ муроҷиати хаттии онҳо ба мақомоти тафтишотӣ дар Магнитогорск, ҳамакнун номаи дуюми худро ба унвонии президент Путин ирсол карда, аз ӯ тақозо намуданд, ки ба парвандаи бародари онҳо ва се тоҷики дигар, дахолат кунад.

Номаи дувум ба Путин

Дар як посухи ахири пулиси шаҳри Магнитагорск ба хонавода гуфта шуд, ки дар ҷараёни таҳқиқи ҳодисаи қатли Асадулло Маҳмудов ҳеҷ пешравие дида намешавад.

Асрориддин Маҳмудов.
Асрориддин Маҳмудов.

Асрориддин Маҳмудов, бародари калонии соҳибкори ду сол пеш кушташуда дар як сӯҳбати видеоӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 10-уми август гуфт, "чанд соли пеш ба Путин навиштам, вале то ҳол натиҷа надод. Ҳоло расман мактуб равон кардам, хоҳиш мекунам, ки тафтишотро пурзӯр кунад ва қотилони бародарамро пайдо кунанду ҷазо диҳанд."

Ин хонавода мегӯяд, баъди он тасмим гирифт ба номи Путин муроҷиат кунад, ки дар як сӯҳбати телефонӣ масъули пулиси шаҳри Магнитогорск ба онҳо гуфт, ки дар ҷараёни таҳқиқи парванда чизи тозае пайдо накардаанд.

"Мавзӯъ телефонӣ нест"

Муфаттиши дигари пулиси Магнитогорск дар сӯҳбат бо наздикони Асадулло Маҳмудов гуфтааст, ки чунин мавзӯъҳо тариқи телефон баррасӣ намешаванд ва намояндагони хонаводаи қурбонӣ бояд ба мулоқоти рӯ ба рӯ ҳозир шаванд. Маҳмудовҳо мегӯянд, дурии роҳ ва дар кишвари дигар содир шудани ҷиноят мушкили онҳоро дар амри пайгирии таҳқиқи парванда печидатар мекунад.

Маросими ҷанозаи Асадулло Маҳмудов. Акс аз бойгонӣ.
Маросими ҷанозаи Асадулло Маҳмудов. Акс аз бойгонӣ.

Наздикони Асадулло Маҳмудов мегӯянд, ки бародарашон наздики 20 соли ахир дар шаҳри Магнитогорск ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буд ва эҳтимолан куштори ӯ ба фаъолияти касбиаш рабт мегирад. Илова бар ин, ҳатто баъди тарки вазифаи раиси ҷамъияти тоҷикон карданаш, барои муҳоҷирони тоҷик машварату кӯмакҳо мекард: "Мардумро ҳимоят мекард, намегузошт, ки касеро азоб диҳанд, вале қасдан ӯро куштанд. Ҳарчанд камераҳо қотилонро навор гирифтааст ва куштанаш дида мешавад, вале касе пайдо нашуд."

Хешовандон мегӯянд, ки соҳибкори 49-солаи тоҷик аз тири туфанги ҳамлагари ношиносе кушта шуд ва ин саҳна дар камераи хиёбонӣ ҳам сабт шудааст, вале то ҳанӯз бо сабабҳои барои онҳо номаълум тафтишот гумонбарони ин ҷиноятро маълум накардаанд. Дар пайи ин ҳодиса бахши Кумитаи тафтишоти маҳаллӣ гуфт, ки ҳодиса аз рӯи моддаи "куштор" таҳқиқ мешавад, вале тафсилоти аз ин беш дода нашуд.

Наздикони ӯ иддао доранд, ки ӯро "душманонаш" куштанд, чун чанд рӯз пеш аз маргаш афроди номаълум ба ӯ таҳдид карда, савори мошини сиёҳшишае ӯро таъқиб кардаанд. Асадулло Маҳмудов 49 сол дошта, дар замони Шӯравӣ дар сафи артиши шӯравӣ дар Афғонистон хизмат карда буд.

Нома ба Путин: қотилони бародарамонро пайдо кунед
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:20 0:00

Бархе муҳоҷирони дигари тоҷики сокини Магнитогорс, ки аз рӯи қазияи ҳамла ба Маҳмудов аз ҷониби тафтишот пурсида шудаанд, мегӯянд, эҳсос мешавад, ки полис ба хотири қазияи куштори як тоҷик буданаш парвандаро то охир таҳқиқ намекунанд. Як муҳоҷир, ки худро Оят муарифӣ кард, ба Радиои Озодӣ гуфт:

"Ман наздики 20 сол мешавад, ки дар Магнитогорск ҳастам. Пулис мегӯяд, ки тафтишот рафта истодааст, вале чӣ кор мекунад, барои мо номаълум аст. Моро аз рӯи парвандаи куштор даъват карда буданд. Пулис гуфт, ки қотилони Асадулло Маҳмудов рус нестанд. Мардум мегӯяд, ки тоҷик беқадр аст, ба ҳамин хотир ҳам қотилонашон пайдо намекунанд".

Дархости пайдо кардани қотилони 4 тоҷик

Ҳоҷӣ Ҳадиятулло Абдуллоев.
Ҳоҷӣ Ҳадиятулло Абдуллоев.

Дар нома ба унвонии Путин Маҳмудовҳо дархост карданд, ки на танҳо қазияи куштори Асадулло Маҳмудов, балки се нафари дигарро ҳам, ки дар 7 соли ахир ваҳшиёна кушта шудаанд, ҳамаҷониба таҳқиқ кунанд, то ки қотилон пайдо ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Инҳо Азиз Маҳмудови 44-сола, Ҳоҷӣ Ҳадиятулло Абдуллоев - сокинони ҷамоати Заргари ноҳияи Кӯшониён (Бохтари собиқ) ва Саидбурҳон Қирғизов мебошанд, ки бо бераҳмии махсус кушта шуда, ҷасади онҳо баъдан дар Тоҷикистон ба хок супурда шуд.

Наздикони Ҳоҷӣ Ҳадиятулло Абдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз рӯи қазияи куштори бародарашон дар се соли пеш то ҳанӯз ҳеҷ гумонбари ин ҳодиса пайдо нашудааст. Ҳусейн, як хеши наздики Ҳоҷӣ Ҳадиятулло Абдуллоев ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳарчанд муроҷиатҳои расмӣ кардем, вале касеро пайдо накарданд, дигар намедонем чӣ шуд. Намедонам, ки барои чӣ ҷинояткор пайдо нашуд."

Ҷасади Ҳоҷӣ Ҳадиятулло Абдуллоеви 33-сола, дар шаҳри Магнитагорск замистони соли 2015 баъди чанд рӯзи кофту коб зери барф пайдо шуда буд.

Бино ба ҳисобҳо, ҳар сол аз 1 то 1,5 миллион нафар аз аҳолии қобили кори Тоҷикистон барои кор ба Русия мераванд. Ҳар сол беш аз 1000 нафари онҳо дар ғурбат ба ҳалокат мерасанд, бархе онҳо кушта мешаванд.

XS
SM
MD
LG