Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо аробакаши тоҷик пушти дарвозаи Люблино монданд. ВИДЕО


Баъди моҷаро дар маркази тиҷоратии "Люблино" дар шаҳри Маскав, муҳоҷирони тоҷик мегӯянд, ки мақомоти бозор ба онҳо иҷозаи кор намедиҳанд. Бо рад шудани дархостҳо, дар ҳоли ҳозир, даҳҳо аробакаши тоҷик бекор мондаанд.

Бештар бихонед: Намак болои ҷароҳат. Шаҳрвандони тоҷикро аз Русия меронанд

Санади ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дар ин бозор якмоҳа аст ва дар муддати чанд рӯзи дигар шоҳид хоҳед шуд, ки беш аз сад аробакаши тоҷик бекор мемонанд

Иброҳим Гадоев, яке аз муҳоҷирони тоҷик, ки се сол боз дар "Люблино" аробакашӣ мекард, акнун дар паси дарвозаи бозор мондааст. Ӯ рӯзи 26-уми сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти бозор санади корашро тамдид накарданд ва феълан мисли ӯ тақрибан 30 шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳаққи фаъолият маҳрум шуданд.

"Дар як моҳ як бор барои боркашонӣ дар бозори "Люблино" санади расмӣ мегирифтем. Ду рӯз пеш муҳлати ҳуҷҷатҳоям ба охир расид ва ба назди масъулони бозор рафтам. Онҳо гуфтанд, ки тамдид намекунем. Санади ҳамаи муҳоҷирони тоҷик дар ин бозор якмоҳа аст ва дар муддати чанд рӯзи дигар шоҳид хоҳед шуд, ки беш аз сад аробакаш бекор мемонанд", - афзуд ӯ.

Як навори кӯтоҳ аз назди бозори Люблино:

Аробакашҳои тоҷики Люблино бекор мемонад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:31 0:00

Таҷаммӯи назди маркази савдои "Москва" бо омадани ОМОН пароканда шуд.

Гадоев мегӯяд, тақрибан се сол пеш дар бозори "Люблино" ба кор сар кард ва ҳар рӯз ба камияш аз 2 то 3 ҳазор рубли русӣ ба даст меовард. Ҳоло ӯ дар ҷустуҷӯи кори дигар афтодааст ва афсӯс мехӯрад, ки ҷойи як замон гармаш хунук шуд.

Ӯ афзуд, моликони бозор танҳо бо аробкашҳои тоҷик чунин муносибат мекунанд: "Агар гӯед, ки муҳоҷирони кишварҳои дигар низ бо ин мушкил рӯбарӯ ҳастанд, ин хел нест. Фақат тоҷикҳоро чап гирифтаанд. То ин вақт бе мушкил санадҳоро тамдид мекарданд. Ин мушкил баъд аз қазияи латту кӯби як ҳамватани мо ва гирдиҳамоии муҳоҷирон пеш омад. Мо сарсон гаштем. Чӣ кор кунем?"

Қаблан як муҳоҷири дигари тоҷик гуфта буд, ки бозори "Люблино" 40 гектар масоҳат дорад ва ҳамаи бозорҳои дигари Маскав аз инҷо мол мебаранд. Ӯ гуфта буд, аробакашӣ аз кор дар сохтмон беҳтар аст, чунки имкони бештари пул кор кардан вуҷуд дорад.

Дар ҳамин ҳол, манобеи расмии Тоҷикистон мегӯянд, ки сафорати кишвар дар Маскав қазияро ҷиддӣ пайгирӣ дорад, то шаҳрвандон зарар набинанд.

Як манбаи огоҳ аз қазия бидуни ифшои номаш гуфт, "аз як тараф барои Русия баҳона зарур буд, ки то Ҷоми Ҷаҳонии футбол дар соли 2018 Маскавро аз баъзе муҳоҷирон тоза кунад ва ҳодисаи шоми 20-уми сентбяр баҳонаи хубе шуд. Аз тарафи дигар ҳоло хавфи он вуҷуд дорад, ки соҳибони бозорҳо муҳоҷирони тоҷикро ҷавоб дода, шаҳрвандони Узбакистону Қирғизистонро ба кор мегиранд."

Наврӯз Зикиров
Наврӯз Зикиров

Гирдиҳамоии муҳоҷирони тоҷик шоми 20-ум ва рӯзи 21-уми сентябр баъд аз латту кӯби аробкаши тоҷик Наврӯз Зикиров аз тарафи посбонҳои маркази тиҷоратии "Люблино" сурат гирифт. Муҳоҷирон мегӯянд, ки ҳадафашон танҳо ҳимоят аз Зикиров буд.

Аммо пулиси Маскав дар ду рӯз беш аз 100 шаҳрванди Тоҷикистонро, ки хостори муҷозоти омилони латту кӯби ҳамватанашон шуда буданд, боздошт кард. Пулиси Маскав рӯзи 25-уми сентябр гуфт, панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гирдиҳамоиҳои рӯзи 20-уми сентябр дар назди маркази савдои “Москва” дар ноҳияи Люблино ширкат доштанд, аз Русия ихроҷ мешаванд.

XS
SM
MD
LG