Пайвандҳои дастрасӣ

Намак болои ҷароҳат. Шаҳрвандони тоҷикро аз Русия меронанд


Панҷ шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар гирдиҳамоиҳои рӯзи 20-уми сентябр дар назди маркази савдои “Москва” дар ноҳияи Люблино ширкат доштанд аз Русия ихроҷ мешаванд.

Дар дафтари матбуоти раёсати умури дохилии Маскав рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин панҷ нафарро барои риоят накардани “муқаррароти иқомат” аз Русия ихроҷ мекунанд.

Афроде, ки ихроҷ мешаванд, аз ҳисоби онҳое ҳастанд, ки ҳангоми тазоҳурот дар назди як маркази тиҷоратӣ дар Маскав дастгир шуданд. Пулиси Маскав шоми 20-уми сентябр дар пайи латту кӯби Наврӯз Зикиров аробакаши тоҷик дар назди маркази савдои “Москва” 90 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки хостори муҷозоти омилони латукӯби ҳамватанашон шуда буданд, боздошт кард.

Маркази Люблино баъди моҷаро
Маркази Люблино баъди моҷаро

Рӯзи 21-уми сентябр низ таҷаммӯи муҳоҷирон дар назди маркази савдо такрор шуд ва пулис 20 нафари дигарро боздошт кард. Бинобар иттилои Шӯрои ҷамъиятии назоратӣ дар Русия, ки намояндагонаш рӯзи 21-уми сентябр ба Шӯъбаи умури дохилии Люблино рафтаанд, дар ин шӯъба 42 нафар дар боздошт боқӣ мондаанд.

Наврӯз Зикиров барои пардохти 700 рубл ҳаққи иҷораи ароба бо посбонҳои бозор вориди баҳс шудааст ва гуфтааст, ки пулро пардохтааст. Аммо посбонҳо гуфтаанд, ки ҳаққи иҷора пардохт нашудааст ва бояд Наврӯз онро бипардозад. Шаҳрванди Тоҷикистон исрор кардааст, ки пулро супурд, вале баъди ин посбонҳо ӯро сахт латукӯб кардаанд.

Ҳодиса панҷ рӯз пеш сурат гирифт ва Наврӯз Зикиров, сокини ноҳияи Балҷувон ва падари се фарзанд, дар бемористони рақами 68-и пойтахти Русия муолиҷа мегирад. Имкони сӯҳбат бо худи Наврӯз фароҳам нашудааст. Сарвар Бахтӣ, намояндаи сафорати Тоҷикистон баъди аёдати ӯ дар бемористон гуфт, вазъаш мӯътадил буда, ба ҳаёташ чизе таҳдид намекунад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG