Пайвандҳои дастрасӣ

Муроҷиати муҳоҷири тоҷик: "Чунин хона насозед, то дар зераш намонед" ВИДЕО


Хонае, ки чанд қисматаш рехтааст.

Дар видео дида мешавад, ки баъзе аз қисматҳои бинои зебои муҳташам афтодаанд. Худи муҳоҷир ба тафсил дар бораи ин бино нақл мекунад ва ба мақомоти Тоҷикистон муроҷиат карда мегӯяд, биноҳои истиқоматиро дуруст бунёд кунанд ва “ҷони худро дар хатар нагузоранд.

Муҳоҷири тоҷик, ки нахост, номаш бурда шавад, мегӯяд, ки видеоро рӯзи 9-уми май бардошт ва бинои 20 табақаӣ дар шаҳри Маскав дар кӯчаи Нансево воқеъ аст.

Муроҷиати муҳоҷир: "Ҷонатонро дар хатар нагузоред"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Дар Русия масъалаи бунёди биноҳо бе риояти қоидаҳои сохтмонӣ масъалаи доғ ба шумор меравад. Дар гузашта чанд иншооти нав фурӯ рафта сабаби марги даҳҳо нафар шудаанд. Дар ин сохтмонҳо умдатан аз нерӯи кории арзон, бахусус нерӯи муҳоҷирони кории тоҷик ва узбек ва дигар кишварҳои собиқи шӯравӣ истифода мекунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG