Пайвандҳои дастрасӣ

Суннату Фаррух кори муҳоҷиронро осон кардаанд. ВИДЕО


Дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷири ҷавони тоҷик кор мекунанд ва вақти каме барои дамгирӣ доранд.

Фаррух ва Суннат аз ноҳияи Файзобод дар Русия мисли садҳо ҳазор ҷавони дигари тоҷик ба таъмири хона машғуланд ва ё дар сохтмонҳо кор мекунанд. Ҳоло дар Маскав ҳастанд ва дар хонае кошикорӣ мекунанд ва ё ба қавли худашон “кафел” мечинанд.

Барои осонтар кардани кору зудтар анҷом додани таъмир, асбоби соддае сохтаанд ва хостанд, аз тариқи Радиои Озодӣ ба ҳазорон ҷавони тоҷик дар Русия нишон бидиҳанд, ки онҳо ҳам корашонро саривақт анҷом бидиҳанду вақти дамгирӣ ҳам дошта бошанд.

Суннату Фаррух ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шояд абзори сохтаи онҳо содда ба назар бирасад, вале барои муҳоҷироне, ки вақти сархорӣ надоранд ва рӯзи истироҳатро “орзу” мекунанд, бисёр муфид аст. Аввал вақтро сарфа мекунад, дуввум корро осон мекунад, севвум имкон медиҳад, пули бештар ба даст биёрад.

Фарруху Суннат видеоро худашон дар хонае, ки кор мекунанд, ба навор гирифтаанд ва бисёр осону содда шарҳ медиҳанд, ки чӣ гуна ин абзорро бояд сохт ва истифода бурд. Як хосияти дигари абзори сохтаи ҷавонони муҳоҷир он аст, ки пеши роҳи обила кардани дасти шуморо мегирад ва ҳам либосатонро ба сементу дигар маҳсулоти сохтмонӣ олуда намекунад.

Видеоро аз тариқи ИМО ба Радиои Озодӣ рӯзи 15-уми ноябр фиристоданд. Шумо ҳам бифристед, на танҳо ихтироъ, балки ҳар видеои ҷолиби дигар, ки фикр мекунед, барои осон кардани кору зиндагии муҳоҷирон кӯмак мекунад.

Ва некие дар ҳаққи онҳо мешавад, ки дур аз ватан ғами падару модари азиз, фарзандони ширин, ҳамсари нозанини худро мехӯранд. Видеои Фарруху Суннат бо дуои хайрашон инҷост:

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG