Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри хабарҳо бо забони тоҷикӣ дар сомонаи ВУХ-и Узбекистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми дидор бо вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов. 9-уми марти 2018, шаҳри Душанбе
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳангоми дидор бо вазири умури хориҷии Узбакистон Абдулазиз Комилов. 9-уми марти 2018, шаҳри Душанбе

Вазорати умури хориҷии Узбекистон як бахши вебсайт ё торнамои расмиашро бо забони тоҷикӣ (хатти сириллик) таҳия кард. Ин гӯша охири соли гузашта роҳандозӣ шуда, бо хабарҳои марбут ба сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, ба Тоҷикистон ва ифтитоҳи чанд гузаргоҳи марзӣ миёни ду кишвар такмил ёфтааст.

Бознашри гузоришҳои "Овози тоҷик"

Дар диёрамон беш аз 1,5 миллион тоҷик истиқомат доранд. Дар 10 минтақаи мамлакат марказҳои милливу мадании тоҷикон фаъол аст

Дар гузашта матолиби вебсайти расмии Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон танҳо бо забонҳои узбекӣ (хатти лотинӣ) ва русиву англисӣ дастрас буд. Мақомоти Вазорат рӯзи 9-уми марти имсол гуфтаанд, ҳадаф аз ин тасмим огоҳи ҳарчи бештари тоҷикзабонҳо аз ҳаёти сиёсии Узбекистон аст. Онҳо гуфтаанд, ин гӯша бо кумаки ҳайати эҷодии "Овози тоҷик", нашрияи расмии Маҷлиси Олӣ ва ҳукумати Узбекистон ташкил шудааст. Ин нашрия аз соли 1924 боз нашр мешавад.

"Давраи нави ҳамкорӣ"

Нахустин матлаб дар гӯшаи "Хабарҳои Ӯзбекистон"-и торнамои Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон суханронии Шавкат Мирзиёев дар Созмони Милали Муттаҳид аст, ки охири моҳи сентябри соли гузашта нашр шудааст. Дертар дар ин бахш изҳороти ӯ дар Самарқанд ва, инчунин, паёмаш ба Маҷлиси Олиро бо забони тоҷикӣ гузоштаанд.

Тайи се моҳи имсол низ дар ин гӯша тақрибан даҳ матлаб чоп шудааст, ки аксари онҳо ба беҳбуди равобити миёни Тоҷикистону Узбекистон ихтисос ёфтаанд. Охирин матлаб дар ин гӯша “Ӯзбекистон – Тоҷикистон: Давраи навини ҳамкорӣ...” аст. Муаллифони гузориш дар бораи сафари давлатии Мирзиёев ба Тоҷикистон гузориш дода, аз ҷумла таъкид намудаанд, ки “дар диёрамон беш аз 1,5 миллион тоҷик истиқомат менамояд. Дар 10 минтақаи мамлакат марказҳои милливу мадании тоҷикон фаъолият менамоянд. Дар донишгоҳҳои давлатии Самарқанд, Тирмиз, Фарғона ба забони тоҷикӣ машғулият ба роҳ гузошта шудааст.”

"Шиносу ношинос якдигарро ба оғӯш мегирифтанд"

Зоҳир Ҳасанзода ва Амина Шарофиддинова, фаъолони ҷамъияти тоҷикон дар Узбекистон дар матлаби дигаре аз лаҳзаҳои ифтитоҳи гузаргоҳи Саразм-Ҷартеппа дар марзи Панҷакенту Самарқанд нақл кардаанд. Онҳо ба ҳайси шоҳиди он лаҳзаҳо гуфтаанд, “аз Самарқанд то сарҳад базми шеър, савту наво авҷ гирифт ва мо чӣ тавр то манзил расидани худро нафаҳмидем. Дар даромадгоҳи шаҳри бостонии Панҷакент парчамҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон дар дасти садҳо нафар ҳозирон алвонҷ мехӯрданд, шиорҳо бо тараннуми дӯстӣ ба назар мерасиданд. Шиносу ношинос якдигарро ба оғӯш гирифта, табрику таҳният мекарданд, хайра мақдам мегуфтанд.”

Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори тоҷик, рӯзи 11-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бори аввал аст, ки як идораи расмии Узбекистон бо забони тоҷикӣ матлаб нашр мекунад. “Аз соли 1998-99 то 2018 дар Узбекистон ба ҷуз 5 рӯзномаи тоҷикӣ, чанд мактаб ва ду ё се факулта дар донишгоҳу донишкадаҳо чизе ба забони тоҷикӣ набуд”, - гуфт ӯ.

"Қадамҳои муҳими Тошканд"

Хилватшоҳи Маҳмуд
Хилватшоҳи Маҳмуд

Ин рӯзноманигори тоҷик дар идома аз тасмими ахири Вазорати умури хориҷии Узбекистон ҷонибдорӣ кард ва афзуд, “метавон гуфт, ки Тошканд, воқеан, барои тақвияти ҳамкориҳо ва расми неки ҳамсоядорӣ гомҳоеро пиёда мекунад.”

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳури Узбекистон, рӯзи 9-уми март бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад. Дар ҷараёни сафари ӯ, ба қавли мақомот, таърихии ӯ ба Душанбе 27 санаду созишнома имзо гардид, ки аз ҷумла ба шаҳрвандони ду кишвар ҳақ медиҳад, бидуни виза то сӣ рӯз ба қаламрави якдигар равуо кунанд.

Ҳазорҳо нафар ин лаҳзаҳоро таваллуди дигар номида, гуфтаанд, ба беҳбуди равобити миёни ду кишвар мутмаинтар шуданд. Аммо дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки мегӯянд, барои ба истилоҳ ашки шодӣ рехтан ҳанӯз барвақт аст. Онҳо намуна пеш меоранд, ки то ба ҳол виза миёни ду кишвар пурра лағв нашуда, марзҳои минакоришуда ҳанӯз пок нагардидаанд.

XS
SM
MD
LG