Пайвандҳои дастрасӣ

Шахсияти 4 кӯдаки бесаробони тоҷик дар Ироқ маълум шуд


Акс аз видеои телевизиони “Russia Today” гирифта шудааст

Мақомоти Тоҷикистон шахсият ё ҳувияти чаҳор кӯдаки тоҷикро дар паноҳгоҳе дар Ироқ шиносоӣ карда, талош доранд, онҳоро ба ватан бозпас оранд. Чеҳраи се тан аз ин кӯдакон моҳи сентябри соли 2017 дар як гузориши телевизиони “Russia Today” намоиш дода шуд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон талош дорад, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ин кӯдаконро ба ватан баргардонанд. Аллакай санади онҳо омода шуда, ба намояндагии давлати Ироқ дар Қазоқистон фиристода шудааст

Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, Оишаи 16-сола, Абдуллои 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳҳамади сесола фарзандони Илҳомиддин Аслонов, сокини шаҳри Душанбе ҳастанд, ки се соли пеш аз Маскав ба Ироқ рафтаанд. Илҳомиддин бо иттиҳоми узвият ба гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” таҳти пайгард қарор дорад.

Дар навори телевизиони “Russia Today” чеҳраи Оиша, Абдулло ва Фотима намоиш дода мешавад, вале акси Муҳаммади сесола дар онҷо нашр нашудааст. Оиша Аслонова дар гузориши телевизиони “Russia Today” гуфт, намедонад, падару модараш дар куҷост. Ӯ дар ин навор мегӯяд: “Аввал онҳо дар Мавсил буданд, баъд ҷанг оғоз шуд ва мо ба Тал-Афар рафтем”.

То ҳол сарнавишти волидони Оиша ва хоҳару додаронаш маълум нест.

Гулбаҳор Аслонова, хоҳари Илҳомиддин, рӯзи 12-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, акси фарзандони бародарашро дар Интернет диду шинохт. "Фарзандони бародарамро дар Интернет дидам ва шинохтам. Ба Вазорати умури дохилӣ муроҷиат кардем ва умед дорем, онҳоро бармегардонанд”, - афзуд ӯ.

Бештар бихонед: Дар паноҳгоҳи Мавсил 31 хонаводаи тоҷик шиносоӣ шуд

Умарҷони Эмомалӣ
Умарҷони Эмомалӣ

Умарҷони Эмомалӣ, сухангӯи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми январ гуфт, пайвандони ин кӯдаконро пайдо кардаанд ва ҳоло талош доранд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. “Вазорати умури дохилии Тоҷикистон талош дорад, дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷӣ ин кӯдаконро ба ватан баргардонанд. Аллакай санади онҳо омода шуда, ба намояндагии давлати Ироқ дар Қазоқистон фиристода шудааст”, - афзуд ӯ.

Дар ин замина бихонед: Дар Тоҷикистон Марияро ҳанӯз нашинохтанд

Мақомот мегӯянд, беш аз ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои пайвастан ба сафи гурӯҳҳои тундрав ба Сурия ва Ироқ рафтаанд, ки дар миёни онҳо беш аз 200 кӯдаки тоҷик низ ҳаст.

Дар ҳоле шахсияти ин чаҳор кӯдаки тоҷик шиносоӣ мешавад, ки аз сарнавишти даҳҳо кӯдаки дигар наздиконашон дар Тоҷикистон ҳеҷ иттилое надоранд.​ Қодир Шокиров, як сокини вилояти Хатлон, рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч хабаре аз сарнавишти хоҳар ва тифлони ӯ надорад.

Тибқи иттилои созмонҳои мададрасон 31 хонаводаи тоҷик дар урдугоҳе барои паноҳандагон нигаҳдорӣ мешавад.

Хоҳари Қодир соли 2015 ҳамроҳ бо шавҳараш ба Сурия сафар кард. Мисли дигар аъзои гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” то охири соли 2016 хоҳараш бо онҳо тамос дошт, вале дигар то кунун аз ӯ хабаре нест. Ин мард мегӯяд, хоҳари 32-солаашро бо кӯдакони 4 ва 6-сола шавҳараш ба ин кишвар бурд. “Мо ҳоло тамоми хабару наворҳоеро, ки аз Сурияву Ироқ пахш мешаванд, пайгирӣ мекунем. Модарам аз гиря чашмонаш хира шудаанд. Ҳанӯз умед дорем, ки аз куҷое пайдо мешавад. Вақте ҳеч хабаре намешунавӣ интизорӣ сахт аст”, - гуфт ӯ.

Аксари ҳамсарони ҷангҷӯёни тоҷики узви ДИИШ дар тамосҳои охирини худ ба пайвандонашон дар Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар шаҳри Мавсили Ироқ қарор доранд. Шаҳре, ки тобистони соли гузашта аз дасти ДИИШ озод шуд. Наворҳое, ки пас аз озодшавии Мавсил расонаҳо нашр мекунанд, нишон медиҳад, ки шаҳр аксаран тахриб шудааст.

Саъдӣ Намозов, як коршиноси тоҷик рӯзи 12-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, бо эҳтимоли зиёд аксари хонаводаҳои ин ҷангиён кушта шудаанд. “Он қадаре, ки минтақаҳои таҳти назорати ДИИШ бомборон шуд, зинда мондани кӯдакони беҳимоя мӯъҷиза ҳаст. Аз таҳлилҳо ба чунин хулоса расидам, ки аксаран онҳо кушта шудаанд”, - гуфт ӯ.

Тибқи иттилои созмонҳои мададрасон 31 хонаводаи тоҷик дар урдугоҳе барои паноҳандагон нигаҳдорӣ мешавад. Аммо бори аввал аст, ки шахсияти чаҳор кӯдак аз Тоҷикистон дар Ироқ дақиқ мешавад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG