Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бародари яксолаи Марямро зани русе бо худ бурдааст. ВИДЕО


Марям Шоева, айни замон дар ноҳияи Ҳисор дар хонаи бобояш аст.

Раҷабмо Ҳабибулло, ваколатдори ҳуқуқи кӯдак дар Тоҷикистон, ба дидори Марям Шоева, навраси 10-солаи тоҷик рафтааст, ки ӯро охири ҳамин ҳафта аз Ироқ баргардонанд.

Дафтари ваколатдори ҳуқуқи инсон бо нашри як баёнияи расмӣ хабар дод, ки Раҷабмо Ҳабибуллозода рӯзи 26-уми апрел ба ноҳияи Ҳисор ба хонаи бобои Марям рафта ва аз ҳолу аҳволи ӯ пурсидааст.

Дар баёния омадааст, ки ваколатдор “бо мақсади аз наздик шинос шудан бо вазъи солимиву равонӣ ва муҳити зисти ӯ ба шаҳри Ҳисор ташриф ба амал овард.” Дар ин баёния омадааст, ки Марям аз бозгашт ба ватан ва пайвастан ба бобои ғамхораш Маҳмадраҳим Шоев хеле розӣ аст.

Худи бобои Марям дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки баъди бозгашт аз Ироқ наберагони зиёди дигараш ба дидани Марям омадаанд ва ӯ бо ин ҳамсолонаш ба бозӣ машғул аст.

Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки Марям баъди бомборони маҳалли иқоматашон аз пояш маҷрӯҳ шудааст ва «чаҳор ҷойи пояшро ҷарроҳӣ кардаанд.»

Ба қавли ӯ, Марям нақл кардааст, ки «бародари яксолаи ӯро, ки баъди марги модар зиёд гиря мекард, як зани русе гирифта ва бо худ бурдааст.»

Ба қавли Маҳмадраҳим Шоев, наберааш гуфтааст, ки ҳини бомборон падарашон бо онҳо набуд, балки ду сол пеш рӯзе барои харидани хӯрок ба мағоза рафт ва дигар барнагашт.

Худи Марям ба Радиои Озодӣ гуфт, хушҳол аст, ки ба Тоҷикистон ба назди бобояш баргашт. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «Ҳоло ҳама чӣ нағз аст» ва мехоҳад ба мактаб биравад.

Марям ба Радиои Озодӣ гуфт, хушҳол аст, ки ба Тоҷикистон ба назди бобояш баргашт . Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки «Ҳоло ҳама чӣ нағз аст» ва мехоҳад ба мактаб биравад.

Бобои Марям дар ин мулоқот ба мақомот гуфтааст, ки кӯшиш дорад, ҳарчӣ зудтар санадҳои Марямро дуруст карда ва ӯро барои таҳсил ба мактаб фиристад.

Дафтари матбуоти ваколатдори ҳуқуқи инсон аз қавли Марям навиштааст, ки ӯ мехоҳад, таҳсил кунад ва табиб шавад ва сабабҳои интихоб кардани табибиро чунин шарҳ додааст. “Ҳангоми яке аз бомбафканиҳо дар Ироқ модараш сахт захмӣ гардида, касе пайдо нашуд, ки ба модараш кӯмаки тиббӣ расонад ва ин боиси марги модараш гардид. Бинобар ин мехоҳад ин касбро аз худ намуда, дар оянда ба ҳамаи муҳтоҷон ва хусусан халқи худ хизмат намояд.”

Интизорӣ ба поён расид. Кӯдакони тоҷикро аз Ироқи ҷангзада оварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:09 0:00

Марям Шоеваро, ки дар яке аз паноҳгоҳҳои Ироқ ба сар мебурд, рӯзи 25-уми апрел ҳамроҳи се кӯдаки дигар ба Душанбе оварданд. Вазорати умури хориҷӣ гуфт, кӯдакон бо кӯмаки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Маскав ва Иморот бо ҳамдастии вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамоҳангии вазорати умури хориҷии Ироқ бозпас оварда шуданд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ЮНИСЕФ ва ҳукумати Ироқ барои мусоидат дар баргардонидании кӯдакон сипосгузорӣ кард.

Марям зоҳиран осеби равонии зиёд дидааст.
Марям зоҳиран осеби равонии зиёд дидааст.

Марям Шоева охири тобистони соли гузашта дар Ироқ пайдо шуд. Рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки онҳо ба Ироқ рафта, тифли панҷумашон дар онҷо таваллуд шудааст.

Навори Марями 10-сола бори аввал моҳи августи соли гузашта тавассути шабакаи телевизионии “Russia Today” аз як паноҳгоҳе дар Ироқ пахш шуд.

Дар он навор Марям бо забони русӣ мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва аз пайвандонаш хоҳиш мекард, ки ӯро ба ватан баргардонанд. Нимаи моҳи феврали имсол навори дигаре аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бо забони тоҷикӣ аз тағояш бо номи Саид хоҳиш дошт, бо ӯ тамос бигирад.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, даҳҳо кӯдаки дигари тоҷик дар Ироқу Сурия ятим мондаанд ва талош барои бозгардонидани онҳо идома дорад.

Дар маҷмӯъ бештар аз 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар чанд соли гузашта ба Ироқу Сурия рафта, ба гурӯҳҳои тундраву террористӣ ба мисли гурӯҳи Давлати исломӣ пайвастаанд.

Баъзе аз онҳо, ки кӯдаконашонро бо худ бурдаанд, дар ҷангҳо кушта шудаанд ва маълум нест, чанд ятими дигари тоҷик дар Ироқу Сурия мондаанд.

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG