Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марям ва се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба Тоҷикистон оварданд. АКС, ВИДЕО


Марям Шоева, навраси даҳсолаи тоҷик, ки баъди аз даст додани хонаводааш дар ҷанги Ироқ моҳҳо боз дар яке аз паноҳгоҳҳои Бағдод ба сар мебурд, ба Душанбе оварда шуд. Ҳамроҳ бо Марям се кӯдаки дигари тоҷикро низ ба Тоҷикистон оварданд. Ҳавопаймои ҳомили онҳо соати чаҳори субҳи 25-уми апрел ба Душанбе расид.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Интизорӣ ба поён расид. Кӯдакони тоҷикро аз Ироқи ҷангзада оварданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:03:09 0:00

Аммо дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт онҳоро ба касе нишон надоданд.​ ​Маҳмадраҳим Шоев, бобои Марям, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки набераашро берун аз фурудгоҳ ба ӯ супурданд. Баъдан хабарнигори Радиои Озодӣ Марям Шоеваро дар манзили бобояш Маҳмадраҳим Шоев дар ноҳияи Ҳисор пайдо кард.

​Марям ба далели хастагии роҳ суҳбат накард. Аммо бобояш гуфт, баъди чанд моҳи ҷустуҷӯ ва такопӯ набераашро ба ватан баргардонданд ва барои кумак дар ин кор ба мақомоти тоҷик ва созмони байналмилалии Салиби Сурх сипосгузорӣ намуд.

Ҳамроҳи Марям се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба ватан оварданд
Ҳамроҳи Марям се кӯдаки дигарро аз Ироқ ба ватан оварданд

"Каме лоғар аст, аммо Худоро шукр, ки дар наздамон аст. Вазъи саломатиаш хуб аст. Азбаски роҳи тӯлониро тай карданд, хаста аст. Ҳамчунин барои ба худ омаданаш дар ин ҷо ба фурсат ниёз дорад", - гуфт Маҳмадраҳим Шоев.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳам рӯзи 25-уми апрел бо нашри як иттилоия гуфт, ки рӯзи 25-уми апрел чаҳор кӯдаки тоҷик аз Ироқ ба ватан бозгардонида шуданд. Дар иттилоияи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ин кӯдакон аз минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миёна бо кӯмаки намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар Кувайт, Остона, Теҳрон, Анқара, Маскав ва Иморот бо ҳамдастии вазорати корҳои дохилӣ ва ҳамоҳангии вазорати умури хориҷии Ироқ бозпас оварда шуданд. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ҳамзамон аз Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, ЮНИСЕФ ва ҳукумати Ироқ барои мусоидат дар баргардонидании кӯдакон сипосгузорӣ намудааст.

Оиша Аслонова хоҳару додаронашро аз Бағдод ба Тоҷикистон гусел кард
Оиша Аслонова хоҳару додаронашро аз Бағдод ба Тоҷикистон гусел кард

Бино ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, се тифли дигари баргардонидашуда Абдуллоҳи 9-сола, Фотимаи 7-сола ва Муҳаммади 3-сола мебошанд. Манбаъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ин чаҳор кӯдаки тоҷик аз боздоштгоҳи Русафа дар шаҳри Бағдод озод ва ба мақомоти Тоҷикистон супурда шуданд.

То ба ҳол барои Радиои Озодӣ маълум нест, ин се тифли тоҷик, ки зоҳиран аз як хонавода ҳастанд, кай ва чигуна ба минтақаҳои ҷангзадаи Ховари Миён рафтаанд. Мақомот ҳам то ба ҳол дар ин бора маълумоте ироа накардаанд.

Марям Шоева охири тобистони соли гузашта, пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ аз дасти ҷангҷӯёни гуруҳи “Давлати исломӣ” пайдо шуд. Вай бо кумаки Салиби Сурх ва иҷозаи мақомоти Тоҷикистон ба ватан баргашт. Марям Шоева тавассути падараш ба майдонҳои ҷанги Ироқ бурда шуда, дар як бомбаафканӣ дар Мавсил волидон ва хоҳару додаронашро аз даст додааст.

Қаблан мақомоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дипломатҳои тоҷик дар самти баргардондани кӯдакон бо ҳамкорони ироқиашон ҳамкорӣ мекунанд.

​Марям Шоева, навраси тоҷик охири тобистони соли гузашта дар Ироқ пайдо шуд, вале то авохири моҳи феврали имсол мақомот мегуфтанд, ки ҳувияташ мушаххас нест. Рӯзи 20-уми феврал ба Радиои Озодӣ маълум шуд, ки Марям духтари Ҷамолиддин Шоев, сокини ноҳияи Ҳисор аст, ки ҳамроҳи ҳамсараш Садбарг Шомирзоева, сокини Душанбе ва чаҳор тифлаш соли 2016 бо қасди Миср Тоҷикистонро тарк кардааст. Пайвандонаш мегӯянд, баъдан хабар ёфтанд, ки онҳо ба Ироқ рафта, тифли панҷумашон дар онҷо таваллуд шудааст.

Навори Марями 10-сола бори аввал моҳи августи соли гузашта тавассути шабакаи телевизионии “Russia Today” аз як паноҳгоҳе дар Ироқ пахш шуд. Дар он навор Марям бо забони русӣ мегуфт, ки аз Тоҷикистон аст ва аз пайвандонаш хоҳиш дошт, ӯро ба ватан баргардонанд. Нимаи моҳи феврали имсол навори дигаре аз ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо шуд, ки бо забони тоҷикӣ аз тағояш бо номи Саид хоҳиш дошт, бо ӯ тамос бигирад.

Ин навраси тоҷик пас аз озодсозии шаҳри Мавсили Ироқ дар тобистони соли гузашта аз дасти гурӯҳи тундрави “Давлати исломӣ” пайдо шуда, дар Бағдод дар паноҳгоҳе ҳамроҳи кӯдакони дигар аъзои ин гурӯҳ нигаҳдорӣ мегардид.​

Навор аз бойгонии Радиои Озодӣ: Марям чӣ гуна пайдо шуд?

Акси садо ба паём аз Ироқ. Хешовандони Марям дар Тоҷикистон пайдо шуданд
лутфан мунтазир бошед

### Феълан кор намекунад ###

0:00 0:02:32 0:00

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG