Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳиҷобу риш, муноқишаи Хоруғ то Ҳизби наҳзат. Суолҳои СММ ба Тоҷикистон


Акс аз бойгонист.
Акс аз бойгонист.

Гурӯҳе аз ҳукумати Тоҷикистон худро барои ҷавоб додан ба суолҳое сахте омода мекунад, ки аъзои Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал  моҳи оянда аз онҳо мепурсанд.

Дар нишасти солонаи кумита, ки рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Женева оғоз меёбад, давлати Тоҷикистон ба Созмони Милал гузориш медиҳад, ки дар чанд соли гузашта барои иҷрои ӯҳдадориҳояш дар риояти ҳуқуқи инсон ва иҷрои Паймони байналмилалии ҳуқуқи маданӣ ва сиёсӣ чӣ корҳоеро анҷом додааст.

Навбати посух додан ба намояндагони Тоҷикистон рӯзҳои 2 ва 3-уми июл аст ва суолҳо аз муноқиша дар Хоруғ дар соли 2014 то ба мамнӯъ шудани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ ва ба зиндон андохтани раҳбарони онро дар бар мегиранд.

Сабабҳои зиндонӣ шудани чанд вакили дифоъ аз ҷумла Бузургмеҳр Ёров, Шӯҳрат Қудратов ва дигаронро аз мақомоти Тоҷикистон хоҳанд пурсид.

Дар феҳрасти суолҳое, ки ба ҳукумат барои посух додан пешниҳод кардаанд, ин дархост низ ҳаст, ки гузоришҳо “дар бораи бо ангезаҳои сиёсӣ бастани Ҳизби наҳзати исломӣ ва муҳокимаҳои ноодилонаи аъзои ҳизбро шарҳ диҳанд.”

Дархости дигаре, ки аз ҳайати ҳукумати Тоҷикистон шудааст, ин аст, ки гузоришҳо дар бораи “танбеҳ барои риш гузоштан” ва “рейд ба зидди занони ҳиҷобпӯшро шарҳ диҳанд. Мақомот бояд ҳамчунин чандин гузориши созмонҳои ҳомии ҳуқуқро шарҳ бидиҳанд, ки ба Кумитаи ҳуқуқи башар пешниҳод шудааст ва дар онҳо ҳукумати Тоҷикистонро барои зери по кардани ҳуқуқи инсон башиддат танқид кардаанд.

Намояндагони Тоҷикистон, ки асосан аз вазорати адлия, додситонӣ ва дигар ниҳодҳо ҳастанд, аз ҳоло ба бисёре аз ин суолҳо ва дар ҳаҷми 36 саҳифа ҷавоб додаанд. Нусхаи онро Радиои Озодӣ ҳам дид. Онҳо аз ҷумла дар бораи муноқишаи Хоруғ дар соли 2012 гуфтаанд, ки ин ҳодисаҳо ҳеҷ ангезаи сиёсӣ надоштанд ва амалиёти низомие, ки онҷо гузашт, “барои маҳви гурӯҳҳои ҷиноие буд, ки ҷиноятҳои сангине содир карданд ва аз ҷумла Абдулло Назаров, сардори Раёсати кумитаи амнияти миллиро куштанд.”

Тобистони соли 2012 дар баъди қатли Абдулло Назаров, мақомоти амниятӣ амалиётеро алайҳи гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Хоруғ ба роҳ андохтанд, ки дар натиҷа аз ҳарду тараф даҳҳо кушта шуданд. Мақомот дар посух ба ин суол гуфтаанд, ки ду нафар ки дар қатли Назаров даст доштанд, ба зиндон маҳкум шудаанд.

Суолу ҷавоб дар бораи Ҳизби мамнуи наҳзат

Дар посухи расмии мақомоти Тоҷикистон ба суоли Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал дар бораи сабабҳои манъ кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ, омадааст, ки ҳизб дар ошӯби нофарҷоми моҳи сентябри соли 2015 даст дошт ва барои ҳамин созмони террористӣ ва тундрав номида ва фаъолияташ қатъ шуд. Ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон “аъзои ҳизб бо ҳадафи сарнагун кардани ҳукумати қонунӣ “ҳамроҳ бо Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифоъ бештар аз 20 гурӯҳи ҷиноии 15 то 30-нафарӣ таъсис додаанд.”

Раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ аз аввал ин иддаоҳоро рад карда ва гуфтааст, ки ҳамаи иттиҳомот бофтаву сохта аст ва ҳукумати Тоҷикистон аз тарси нуфузи афзояндаи як ҳизби мухолиф онро аз саҳнаи сиёсӣ дур кард.

Дар чанд гузориши алтернативӣ, ки созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба СММ пешниҳод кардаанд, қатъи фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ дорои ангезаҳои сиёсӣ ва рафъи рақибони сиёсӣ номида шудааст. Кумитаи Норвегии Ҳелсинкӣ, ки гузоришеро дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон ба СММ пешниҳод кардааст, мегӯяд, ҳукумат аввал аз бадном кардани ҳизб дар соли 2015 шурӯъ кард ва сипас то қатъи фаъолияти он расид. Дар гузориш зиндонӣ кардани аъзои раёсати Ҳизби наҳзатро ёдовар шудаанд ва гуфтаанд, ки муҳокимаи онҳо бо қонуншикании зиёд сурат гирифт.

Дар гузориши алтернативии Бунёди Ҳуқуқи Инсон ва Пажуҳишгоҳи Муколама дар Евразия, Форуми Озодандешони Тоҷик ҳам айни интиқодот ҳаст ва дар он гуфта мешавад, ки ҳукумат бо вуҷуди манъи фаъолияти ҳизб аз таъқиби аъзои он дар дохилу хориҷ даст накашид ва чандин узви онро аз Маскаву дигар шаҳрҳои Русия ба Тоҷикистон баргардонд ва ба зиндон маҳкум кард.

Дар гузориши муштарак омадааст, ки дар Тоҷикистон “мухолифон комилан аз байн бурда шудаанд, матбуоти мустақил тақрибан вуҷуд надорад ва даҳҳо хабарнигор аз тарси ҷон ва таҳдид аз тарафи мақомот ба хориҷ гурехтанд.”

Ҳуқуқи вакилони дифоъ

Дар бораи зиндонӣ шудани вакили дифои аъзои раёсати Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ, Бузургмеҳр Ёров ва чанд вакили дифои дигар, мақомоти расмии Тоҷикистон дар посух ба Кумитаи Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфтаанд, ки онҳо “барои ҷиноят ба зиндон маҳкум шуданд”, на барои фаъолият ва ё ҳимоят аз аъзои ҳизби мамнӯъшуда.

Яке аз онҳо Бузургмеҳр Ёров тирамоҳи соли 2015, баъди омодагӣ ба ҳимоят аз ҳуқуқи аъзои боздоштшудаи Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ дастгир ва сипас ба ҷиноятҳои мухталиф, аз ҷумла қаллобиву сохтакорӣ муттаҳам шуд. Додгоҳ ӯро ба 28 соли зиндон маҳкум кардааст. Худи ӯ ва тарафдоронаш иттиҳомотро рад карда, ҳукмро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд. Аъзои раёсати Ҳизби наҳзат ҳам бо иттиҳоми ҷиноятҳои сангине ба мисли терроризм ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шудаанд.

Масъалаи ҳиҷоб

Дар робита ба суол дар бораи “рейд ба зидди ҳиҷоб ва риш” посухи мақомот чунин аст: “Дар Тоҷикистон пӯшидани либос бар асоси қонун озод аст ва то кунун касе барои пӯшидани либоси мазҳабӣ ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст.”

Ҳукумати Тоҷикистон дар гузориши муфассал дар бораи иҷрои Паймони Байналмилалии Ҳуқуқи Маданӣ ва Сиёсӣ навиштааст, ки дар муддати чанд соли гузашта ҳукумат корҳои зиёде барои беҳтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла риояти ҳуқуқи сиёсӣ, иҷтимоӣ, озодии баён, озодии дин корҳои зиёде анҷом дода ва барномаҳои зиёде амалӣ кардааст. Дар гузоришҳои алтернативӣ ҳарчанд ба чунин барномаҳо ишора шудааст, аммо дар онҳо омадааст, ки воқеият дигар чиро нишон медиҳад, ва вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар чанд соли ахир баду бадтар шудааст.

XS
SM
MD
LG