Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наимҷон Самиев дар Грозний боздошт шуда, сарнавишташ норӯшан боқӣ мондааст


Наимҷон Самиев
Наимҷон Самиев

Пайвандони Наимҷон Самиев, раҳбари пешини дафтари Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд мегӯянд, бо гузашти чаҳор рӯз аз боздошти ӯ дар шаҳри Грозний, пойтахти Чеченистон, дар бораи макони нигаҳдориаш маълумот надоранд. Созмоне бо номи Human Rights Vision Foundation иддао кард, ки Самиев рӯзи 4-уми декабр аз фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ба Душанбе истирдод шуд. Вале мақомоти Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.

Ӯ гуфтааст, ки падарамро дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ва ё муфлис кардани як корхона муттаҳам мекунанд

Аҳмадулло Самиев, писари Наимҷон Самиев, рӯзи 4-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, пас аз боздошти падараш дар шаби 1-уми декабр ба шуъбаҳои умури дохилии Чеченистон муроҷиат карданд, вале дар бораи боздошт ва макони нигаҳдории ӯ ҳеҷ хабар надоранд. Писари Наимҷон Самиев ба Радиои Озодӣ гуфт, падарашро дар яке аз гузаргоҳҳои шаҳри Грозний дастгир карда гӯё ба идораи пулиси Ставропол бурдаанд. Ӯ гуфт, падараш баъди хориҷ шудан аз Тоҷикистон ҳудудан чаҳор соли пеш, дар қаламрави ҷумҳуриҳои мусалмоннишини Қафқози Шимолӣ зиндагӣ мекард.

"Худаш занг зад ва гуфт, ки дастгир шудааст"

Ба қавли Аҳмадулло Самиев, падараш рӯзи 1-уми декабр як дафъа ба онҳо занг зада ва гуфт, ки ӯро маъмурони амниятӣ дастгир кардаанд. Баъди ин иртибот қатъ шуд. “То ба ҳол ягон хабар нест, чизеро намедонем. Гуфтанд, ки дар паҳлӯяшон ронандае бо номи Аминҷон будааст. Ин бачаро як рӯз дар Грозний нигоҳ дошта, сипас ҷавоб додаанд. Ӯ ба мо хабар расонд, ки падарамро ба Ставропол бурданд”, – гуфт писари Наимҷон Самиев. Ставропол - маркази маъмурии вилояти Ставропол буда, ба ҳудудҳои маъмурии Қафқози Шимолӣ шомил аст.

Аҳмадулло Самиев мегӯяд, ки падари 56-солааш аз соли 2014 ба ин тараф бо хонаводааш дар Русия мезист. Ӯ аз соли 2008 то 2012 раиси дафтари ҳизби феълан мамнӯи наҳзати исломӣ дар вилояти Суғд буд ва сипас раёсати ин ҳизбро дар Исфара бар дӯш дошт. Ба қавли наздикон, Самиев бо нияти пешбурди тиҷорату даромади беҳтар соли 2014 тасмим гирифт ба Русия равад ва аз ҳамон замон дар ин кишвар буд.

Иттиҳоми зидди Самиев чист?

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи иттиҳомоти зидди Наимҷон Самиев чизе нагуфтанд. Манобеъ дар умури дохилии шаҳри Исфара, зодгоҳи Наимҷон Самиев, рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ӯ дар ҷустуҷӯ набуд. Тасдиқи хабари боздошт ва эҳтимоли истирдод шудани Самиев ба Тоҷикистон феълан имкон надорад.

Номи Самиев дар феҳрасти афроди муттаҳам ба терроризм дар Тоҷикистон ҳам нест. Феҳрасти мазкурро Бонки Миллии Тоҷикистон нашр кардааст ва дар он омадааст, ки муомилоти молӣ бо афроди шомили рӯйхат мамнӯъ аст.

Аммо писари Наимҷон Самиев ба Радиои Озодӣ гуфт, падараш моҳи июли имсол барои гирифтани санади иқомат дар Русия маҷбур шуд, як дафъа аз кишвар хориҷ шуда ба Қазоқистон равад. “Дар онҷо одаме, ки дар таҳияи санадҳо кумак мекард, дар компютер дидааст, ки номи падари ман дар феҳрасти "сиёҳи" Русия аст. Ӯ гуфтааст, ки падарамро дар Тоҷикистон ба қаллобӣ ва ё муфлис кардани як корхона муттаҳам мекунанд”, - афзуд ӯ.

"Як бор ба Тоҷикистон баргард"

Ба қавли ӯ, падараш аз шунидани ин хабар ҳайрон шудааст, чун корхонае дар Исфара надошт ва ба кори ҳизбӣ машғул буд. Писари Наимҷон Самиев мегӯяд, дар хонаводаи онҳо тахмин мекунанд, ки боздошт ва нопадид шудани падар ангезаҳои сиёсӣ дошта марбут ба фаъолиятҳои гузаштааш дар ҲНИТ мебошад.

Ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ афзуд, дар Исфара мақомот борҳо бо хешовандони онҳо, аз ҷумла бобои куҳансолаш суҳбат карда ва дар бораи падараш пурсидаанд. Дар як муроҷиати видеоӣ, ки падари Наимҷон Самиев ба унвони писараш ба Русия фиристодаааст, мегӯяд, “як бор ба Тоҷикистон баргард, баъд мебинӣ, баъд рафта омадан мегирӣ”.

Ин видео дар ихтиёри Радиои Озодӣ ҳаст ва ба гуфтаи писари Наимҷон Самиев, мақомоти интизомӣ дар гузашта ҳангоми суҳбат бо бобояш “ин видеоро сабт кардаанд”.

Баъди ошӯби Ҳоҷӣ Ҳалим

Мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломиро соли 2015, баъди ошӯби Абдуҳалим Назарзода (Ҳоҷӣ Ҳалим), муовини собиқи вазири дифоъ, мамнӯъ карданд ва он бо дархости додситонӣ созмони террористӣ эълон шуд. Мақомот мегӯянд, ошӯби хунин бо роҳнамоии Ҳизби наҳзат сурат гирифтааст. Ин ҳизб иттиҳомро қотеона рад мекунад ва мегӯяд, ки таъқиби "наҳзатиҳо" ба хотири аз майдони сиёсӣ рондани онҳо анҷом шуд.

Баъди ошӯб даҳҳо раҳбари ҳизбро ба зиндон маҳкум карданд ва даҳҳо нафари дигарашон, ки ба хориҷ рафтаанд, дар пайгарди қонунӣ қарор доранд.

Писари Наимҷон Самиев мегӯяд, падараш қабл аз ошӯб, дар соли 2014, ба Русия омад ва дар Доғистону дигар минтақаҳои Русия зиндагӣ мекарду аз роҳи тиҷорат даромад ба даст меовард. Дар ин муддат, ки борҳо марзро убур кардааст, ягон дафъа ӯро боздошт накарда будаанд.

XS
SM
MD
LG