Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Душанбе ба "ҷанги тан ба тан" бо бӯҳрон


Барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон асосан бар пояи ваъдаҳои сармоягузории Чин таҳия шуда, нуқтаи асосиаш ҳам таъсиси 200 000 ҷои корӣ дар соли ҷорист.

Барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон баррасӣ ва тасвиб шудааст, аммо мақомоти давлатӣ аз нишон додани ин матн ба хабарнигори Радиои Озодӣ худдорӣ карданд. Танҳо гуфта шуд, ки барномаи зиддибӯҳронӣ аз панҷ фасл ва 74 банд иборат аст ва меҳвари аслии онро таъсиси 200 000 ҷойи кори нав дар соли 2015 ташкил медиҳад.

Дар баробари таъсиси ин миқдор ҷои кор, барнома, ба гуфтаи мақомот, коҳиш додани хароҷоти давлатӣ, афзоиши тавлидот ва ҳамчунин афзоиши иқтидори содиротии кишварро дар назар дорад.

Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдо, ки ниҳоди зери роҳбариаш муаллифи аслии барномаи зиддибӯҳронӣ аст, гуфт: “Дар шароите ки интиқоли пул коҳиш меёбад, рушди бахши савдо ва хидматрасонӣ кам мешавад. Аз ин рӯ, мо бояд рушди иқтисоди кишварро аз ҳисоби соҳаҳои дигар, аз ҷумла истеҳсолот ҷуброн кунем. Он корхонаҳое, ки сохтмонашон ҳоло оғоз шуданд, фикр мекунам, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро дар сатҳи зарурӣ таъмин мекунанд.”

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Дар амалӣ кардани чораҳои зиддибӯҳронӣ ҷаноби Шарифзода аз таҷрибаи Чин дар солҳои 2008-2009 ёдовар шуд, ки дар шароити бӯҳрон ба бунёди иншооти зербиноӣ, назири роҳҳо ва хатҳои баландшиддати интиқоли барқ пардохт. Шарифзода мегӯяд, Чин ба ин васила миқдори зиёди нафаронеро, ки дар натиҷаи бӯҳрон шуғли худро аз даст дода буданд, бо кор таъмин кард. Дар ҳамин росто, вазири иқтисоди Тоҷикистон аз созишномаҳои сармоягузории Чин ба Тоҷикистон, ки тайи ду соли охир баста шуданд, ёдовар гашт ва гуфт, қисме аз барномаҳои таъсиси ҷойҳои кори навро маҳз сармоягузориҳои Чин таъмин хоҳад кард.

Зоҳиран, иҷрои барномаи зиддибӯҳронии ҳукумати Тоҷикистон ҳам ба сармоягузориҳои Чин бастагӣ дода мешавад, чунки барои иҷрои ин барнома аз буҷаи давлат маблағи муайяне ҷудо нашудааст. Баракс барномаи зиддибӯҳронии Тоҷикистон коҳиши масрафоти “камсамар”- ро аз сӯи идораҳои давлатӣ дар назар дорад. Ҳарчанд мушаххасан гуфта намешавад, ки чанд дарсад хароҷоти идораҳои давлатӣ коҳиш хоҳад ёфт, вале таъкид мегардад, ки коҳиши хароҷоти буҷа ба арсаҳои иҷтимоӣ, назири маорифу тандурустӣ, дахл нахоҳад дошт.

Зимнан, барномаи зиддибӯҳронӣ се сенарияи эҳтимолии рушди иқтисодро дар ду соли оянда пешбинӣ мекунад. Аммо дар бадтарин ҳолат низ, ба таъкиди муаллифон, рушди нисбии иқтисоди кишвар нигоҳ дошта хоҳад шуд. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисоди Тоҷикистон, ки зоҳиран охирин рӯзҳояшро дар ин мақом сипарӣ мекунад ва баъди интихоботи 1 март ба порлумон хоҳад рафт, мегӯяд: “Тибқи сенарияи аз ҳама бадтар ҳам, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар сатҳи 4,8 дарсад таъмин хоҳад шуд.”

Ин дар ҳолест, ки тибқи пешбинии асосии вазорати рушди иқтисод ва савдо маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар соли ҷорӣ рушди 7,4 дарсадӣ хоҳад дошт.

Гурӯҳи аз муҳоҷирони ихроҷшуда
Гурӯҳи аз муҳоҷирони ихроҷшуда

Агар тавре Бонки ҷаҳонӣ мегӯяд, пули муҳоҷирони тоҷик дар Русия баробари қариб нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон мебошад ва ба бовари иқтисоддонҳо, ба иллати бӯҳрони рубл ва шадидтар шудани қоидаҳои кору иқомат дар Русия пули муҳоҷирон мумкин аст, аз 4 миллиард то 2 миллиард доллар коҳиш ёбад. Дар сурати чунин “сенарияи бад” ҳанӯз маълум нест, ҳукумати Тоҷикистон ин холигоҳро чӣ гуна пур карданист?

Ниҳодҳои байналмилалӣ ҳамчунин аз бозгашти фавҷи муҳоҷирон ҳушдор медиҳанд ва шояд ба ин сабаб блоки иқтисодии ҳукумати Тоҷикистон таъсиси 200 ҳазор ҷои кории навро вазифаи асосӣ мешуморад. Аммо коршиносони мустақил амалӣ шудани ин нақшаро зери суол мебаранд ва ба шароити қарордодҳои Чину Тоҷикистон бастагӣ медиҳанд.

Собир Вазиров, иқтисоддони тоҷик мегӯяд: “Бо назардошти сохтмон ва лоиҳаҳои сармоягузорикардаи Чин метавон гуфт, ки дар кишвар дар соли ҷорӣ аз 100 ҳазор ҷойи корӣ бештар фароҳам хохад шуд. Аммо то 200 ҳазор расидани он баъид ба назар мерасад. Чунки дар лоиҳаҳои Чин аксари коргаронаш аз ҳисоби худи чиноиҳоянд. Аз ин рӯ, масъулони мо бояд талаб кунанд, ки дар ин гуна лоиҳаҳо на камтар аз 80 дарсади коргаронашон аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.”

Коргарони чиноӣ дар яке аз сохтмонҳо
Коргарони чиноӣ дар яке аз сохтмонҳо

Аммо мақомоти давлатӣ ба иҷро шудани ин нақша, ки талаби раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ҳаст, бовар доранд. Бино бар гузориши вазорати шуғли аҳолӣ, дар Тоҷикистон дар соли гузашта 225 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шудааст. Аммо коршиносони мустақил дар мавриди дурустии ин омор шак доранд ва ҳатто раисҷумҳур ҳам қаблан ба дурустии он шак оварда буд.

Зимнан соли гузашта бо дастури шаҳрдори Душанбе арқоми пешниҳодкардаи Оҷонсии омор дар мавриди таъсиси ҷойҳои нави корӣ санҷида шуд. Он нишон дод, ки нисфе аз “ҷойҳои кории нав” танҳо дар рӯйи коғаз вуҷуд доранд. Як теъдоди дигари онҳо “мавсимӣ ва муваққатӣ” будаанд, ки ҳарчанд оморро бузург месозанд, дар амал мушкили бекориро дар Тоҷикистон ҳал намекунанд.

XS
SM
MD
LG