Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ба эълони вазъи фавқулоддаи иқтисодӣ дар Тоҷикистон (ВИДЕО)


Иқтисоддонҳои Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи улуми Тоҷикистон барои ҳукумати кишвар як барномаи зиддибуҳронӣ таҳия карданд.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, иқтисодони тоҷик ва яке аз муаллифони тарҳи зиддибӯҳронӣ барои ҳукумати Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ин тарҳ аз 21 банд иборат аст ва он бояд тӯли як соли оянда амалӣ шавад. Вай мегӯяд: “Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар он шакле, ки ҳаст аз ӯҳдаи ин кор баромада наметавонад. Бинобар ин, мо ба президент пешниҳод кардем, ки вазъи фавқуллодаи иқтисодӣ эълон кунад. Дар доираи вазъи фавқуллода бояд, ҳукумати нав ташкил карда шавад. Аъзои ин ҳукумат бояд аз кадрҳои технократ иборат бошад.”

Ҷаноби Умаров афзуд, дар ин тарҳ онҳо пешниҳод карданд, ки ҳукумат сиёсати иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ ва савдои хориҷии худро иваз кунад. Ӯ мегӯяд, ҳоло беш аз 70 дарсади маводи ниёзи мардум дар рафҳои дӯконҳо молҳои воридотӣ, аз ҷумла аз Чин аст ва ҳамасола миллиардҳо доллар ба ин тариқ ба берун аз кишвар бурда мешавад.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик.
Ҳоҷимуҳаммад Умаров, донишманди тоҷик.

Вай мегӯяд: “Сиёсатҳои кишвари мо дар арсаи иқтисод тайи солҳои охир комилан нодуруст буд. Чунки онҳо насиҳатҳои Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии асъорро гӯш мекарданд. Дар ҳар ҷое, ки кишварҳо сиёсати ин ду созмонро амалӣ кунанд, дар он ҷо саноат мемирад. Дар мо низ чунин шуд ва миллиардҳо долларе, ки муҳоҷирон ин ҳама сол ба мо мефиристоданд, ба ҷои равона шудан ба рушди саноат ва кишоварзӣ, ба Чин рафтанд. Чунки беш аз 70 дарсади маҳсулоти мо дар фурӯшгоҳҳо маҳз молҳои тавлидкардаи ин кишвар аст.”

Аз ин рӯ, ба таъкиди Умаров, Ҳукумат бояд пеш аз ҳама сиёсати ба роҳ мондани тавлидот дар дохили кишварро пеш бигирад ва кулии корхонаҳое, ки аз кор бозмондаанд дар фурсатҳои наздиктарин бояд ба кор андохта шаванд.

Бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши қарзи хориҷӣ, ки марзи 2, 2 миллард долларро убур кард ва зиёдшавии рӯз аз рӯзи воридот нисбат ба содирот, ки Тоҷикистонро ба як кишвари муфтхӯр табдил додааст, коршиносон ва таҳлилгарони алоҳида дар саҳифаҳои матбуоти мустақили Тоҷикистон шеваи кори идораҳои ба истилоҳ блоки иқтисодиро ба боди танқид кашида, аз президент хостори барканории онҳо шудаанд.

Таҳлилгарон мегӯянд дар 23 соли истиқлолият Тоҷикистон натавонист иқтисоди худро гуногунсозӣ ва диверсификатсия кунад ва ҳамоно мисли пешин пахтаву алюминро мисли ашёи хом ба хориҷ мефурӯшад ва баръакс бо нархи гарон аз он ҷо матову либосвор харидорӣ мекунад.

Муаллифони барномаи зиддибуҳронӣ мегӯянд, ҳукумати Тоҷикистон аз ӯҳдаи рафъи вазъи феълӣ намебарояд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:22:44 0:00

Зимнан Ҳоҷимуҳаммад Умаров, соли 2009 низ ҳангоми сар задани Бӯҳрони моливии ҷаҳонӣ як барномаи мушаххаси зиддибӯҳрониеро иборат аз 7 боб ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буд. Он замон низ донишманди тоҷик дар баробари “кам кардани андозҳо, таъмини шафофияти корхонаҳои бузург, бознигарии ҷиддии сиёсати хусусгардонӣ, таҷдиди қонуни гумрук”, инчунин ташкили Ҳукумати зиддибӯҳрониро пешниҳод карда буд.

Масъулони давлати Тоҷикистон он замон ин пешниҳодҳои ӯро ба инобат нагирифта буданд, аммо Умаров мегӯяд, кишвар ин бор дар рӯ ба рӯи бӯҳрони шадидтаре нисбат ба соли 2009 қарор дорад. Ба таъкиди вай, Тоҷикистон ба хотири равобити зич надоштанаш бо ташкилотҳои байналмиллалии молӣ, таъсири бӯҳрони соли 2009-ро чандон эҳсос накарда буд. Аммо бӯҳрони кунунӣ ба гуфтаи Умаров, ба иқтисоди Тоҷикистон зарбаи сахте хоҳад зад, чунки даромади беш аз 4 миллиарддоллараи кишварро аз ҳисоби муҳоҷирон нисф мекунад.

Шариф Раҳимзода
Шариф Раҳимзода

Аммо масъулони давлати Тоҷикистон мегӯянд, онҳо ним сол қабл оқибатҳои бӯҳронро пешбинӣ карда, сари таҳияи барномаи мушаххаси зиддибӯҳронӣ машғуланд. Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулони вазорати зери роҳбариаш ҳанӯз шаш моҳ қабл ба таҳияи як барнома ҷиҳати коҳиш додани омилҳои манфии хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон машғул буданд.

Вай гуфт: Ин барнома аллакай дар сохторҳои Ҳукумат муҳокима шуд. Мо ҳоло онро ба унвонии созмонҳои байналмиллалии молиявӣ фиристодем ва онҳо дар давоми як ҳафтаи дигар назари худро дар мавриди ин барнома иброз медоранд. Баъдан мо онро ба Ҳукумати кишвар пешниҳод мекунем.”

Ҷаноби Раҳимзода дар мавриди даъватҳо ҷиҳати ба истеъфо рафтани блоки иқтисодӣ ба хотири кӯтоҳи дар иҷрои барномаи зиддибӯҳронӣ бо лабханд гуфт: “Аввал барномаашонро пешниҳод кунанд, бубинем, баъд тасмим хоҳем гирифт.”

Дар ҳамин ҳол, раиси Маркази тадқиқоти стротегии назди раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, дар бесалоҳиятӣ айбдор кардани масъулони бахши иқтисодии давлати Тоҷикистон “иштибоҳи бузург” аст.

Худойбердӣ Холиқназаров
Худойбердӣ Холиқназаров

Худойбердӣ Холиқназаров, раиси ин марказ мегӯяд: “Иддаои Умаров дар мавриди он, ки гӯё дастандаркорони блоки иқтисодии Тоҷикистон аз ӯҳдаи иҷрои барномаи зиддибӯҳронӣ намебароянд, иштибоҳи бузург аст. Он мутахассисоне, ки дар Вазорати рушди иқтисод, Маркази тадқиқоти стротегӣ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ ҳастанд, дорои имкониятҳои баланди зеҳнӣ ҳастанд. Ҳам мутахассисони маркази мо ва ҳам масъулони Вазорати рушди иқтисод аллакай дар пайи таҳияи ин гуна барнома ҳастанд. Фикр намекунам, ки ин гуна бузургманишӣ кардан иддаои оқилона бошад.”

Зимнан, пас аз бӯҳронӣ шудани вазъи иқтисодӣ Русия ва уфти қурби рубл дар пайи таҳримҳои Аврупову Амрико ва коҳиши бесобиқаи қурби нафт, даромади хонаводаҳо дар Тоҷикистон низ ба шиддат кам шуд. Пулҳои интиқолмедодаи муҳоҷирон наздик ба нисфи қурби худро аз даст доданд ва дар ин росто президент Раҳмон дар маҷлиси охири Ҳукумат ба масъулони давлат дастур дод, то як барномаи зиддибӯҳрониро “баҳри коҳиш додани асароти манфии хориҷӣ” ба иқтисоди Тоҷикистон таҳия кунанд.

XS
SM
MD
LG