Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӣ занони тоҷикро барои кор ба Саудӣ мефиристад?


Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон дар як дархости хаттӣ аз Додситонии кулли кишвар хостааст, ширкатеро, ки масъули ирсоли А.А ба кор дар Арабистони Саудӣ мебошад, мушаххас кунад.

Ҳадаф аз ин дархост, санҷиши кори ширкатҳое будааст, ки ба қавли вазорати умури хориҷӣ, шаҳрвандон, бахусус занҳои тоҷикро аз Тоҷикистон ба Саъудӣ ҳамчун неруи корӣ, интиқол медиҳанд.

Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират мегӯяд, тибқи маълумоти манобеи ғайрирасмӣ, дар солҳои ахир беш аз 200 зани аз 18 то 30-солаи тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ, бахусус, кишварҳои арабӣ ба ҳайси каниз ё барда истифода мешаванд.

А.А шаҳрванди Тоҷикистон охири моҳи майи имсол дар пайи шикояташ аз шиканҷаву азияти кордиҳандааш дар Риёз, аз асорат дар Саудӣ озод ва ба Душанбе баргардонида шуд.

Бино ба иттилои Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон, Раёсати консулгарии ин вазорат рӯзи 6-уми июни соли ҷорӣ ба Додситонии кулли кишвар номаи расмие ирсол карда, хостори мушаххас кардани исми ширкате шудааст, ки А.А-ро барои кори кироя ба Арабистони Саудӣ фиристодааст.

Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.
Бинои вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Дар ин нома, ҳамчунин ба зарурати муайян сохтани робитаю ҳамкории ширкатҳои ватанӣ бо ширкатҳои кордиҳандаи Арабистони Саудӣ, аз ҷумла, ширкати “Awail Office for Services”-и марбут ба Холид Ал-Утейбӣ, таъкид шудааст. Бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла, занон бо умеди кори сердаромад барои кор ба Арабистони Саудӣ мераванд ва дар бархе ҳолатҳо бо муомилаҳио ғайриқонунӣ рӯбарӯ мешаванд.

Қазияи духтари тоҷикистонӣ ҳам аз ҳамин қабил қазияҳост. Моҳи майи соли ҷорӣ ӯ дар як тамоси телефонӣ аз Риёз ба Радиои Озодӣ гуфт, дар як манзил кор мекард ва азбаски бар хилофи қарордод ба ӯ кори зиёд мефармуданд, хост, корро бас кунад, аммо соҳиби хона бо талаби баргардондани 2 ҳазор долларе, ки барои ба кор гирифтани ӯ сарф кардааст, ӯро зери азобу шиканҷа қарор дод ва ҳатто аз электрошок истифода кард.

Баъди муроҷиати А.А ба пулис, мақомоти интизомӣ ӯро аз хонае, ки кор мекард, озод карда бурданд. А.А гуфт, ба хотири даромади беҳтар кор дар Арабистони Саудиро пазируфт. Дар ниҳоят, бо мусоидати сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ мушкили А.А бо кордиҳандаи Саудӣ ҳал шуд ва бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ӯ рӯзи 6-уми июн ба Душанбе баргашт.

А.А гуфт, барои даромади беҳтар, кор дар Арабистони Саудиро пазируфт.

Дафтари намояндагии Созмони байналмилалии муҳоҷират ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан А.А дар паноҳгоҳи муваққатии ин созмон дар шаҳри Душанбе қарор дошта ва марҳилаи барқароршавии равониро пушти сар мекунад. А.А аз ҳар гуна сӯҳбат бо хабарнигорон худдорӣ мекунад.

Дар ҳоле, ки матбуоти ҷаҳонӣ гоҳҳо дар бораи бадрафториҳои кордиҳандаҳои саудӣ бо коргарони хориҷиашонро хабарҳо пахш мекунад, ин ҳодисаи камназир аст, ки як зани тоҷик ба таври ошкоро дар бораи шиканҷа шуданаш аз ҷониби як хонаводае дар Риёз, шикоят кардааст. То ҳол маълум нест, ки чи теъдоде аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо шумули занон дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, кору зиндагӣ мекунанд.

Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯянд, ба далели он, ки интиқоли неруи корӣ ба ин кишварҳо ба таври ғайриқонунӣ сурат мегирад, мушаххас кардани теъдоди муҳоҷирони кории тоҷик дар Арабистони Саудӣ ва кишварҳои дигари арабӣ, душвор будааст.

Толиб Шарифов, муовини раҳбари ин хадамот ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол ҳеҷ ширкати хусусӣ барои фиристодани муҳоҷирони корӣ, бахусус, занҳо аз Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ муҷаввиз ё иҷозатнома дарёфт накардааст: “Аз тариқи додани иҷозатнома ба ширкатҳои Тоҷикистону хориҷӣ мо метавонем, назорат кунем, ки дар кадом таърих, ба куҷо ва чӣ теъдод аз муҳоҷирони меҳнатӣ интиқол шудааст. Дар ин замина Тоҷикистон бо Арабистони Саудӣ созишнома имзо накардааст. Ҳоло созишнома миёни Тоҷикистон ва Қатар дар бораи муҳоҷирати корӣ таҳия ва мувофиқа шуда, вале ҳанӯз имзо нашудааст.”

Анвар Бобоев, коршиноси масоили муҳоҷират.
Анвар Бобоев, коршиноси масоили муҳоҷират.

Масъалаи фиристодани занҳои ҷавони тоҷик барои кор ба Арабистони Саудӣ дар соли 2008, замони интиқоли нахустин гурӯҳи муҳоҷирони меҳнатӣ ба ин кишвар пайдо шуд. Он замон намояндагони рӯҳониёни расмӣ ва аҳзоби сиёсӣ фиристодани занҳо барои кор ба кишварҳои арабиро, ки бисёрзанӣ роиҷ аст, "як кори нанговар", хонда буданд.

Анвар Бобоев, як собиқадори масоили муҳоҷират, гуфт, дар соли 2008 Арабистони Саудӣ аз Вазорати меҳнати Тоҷикистон дархост карда буд, то ба он кишвар 300 ронанда ва 200 зани то 25-соларо барои анҷоми корҳои хона фиристад. Вай гуфт, "ин дархост Шукурҷон Зуҳуров, вазири онвақтаи меҳнатро ба хашм овард. Чаро онҳо духтарони ҷавонро даъват мекунанд? Магар барои анҷоми корҳои хона занҳои болотар аз синни 45–сола неву ҳатман бояд духтари то 25-сола даъват шаванд?", гуфта буд ӯ.

Он замон давлати Тоҷикистон барои бозгардондани занҳои тоҷик аз кишварҳои хориҷӣ комиссияи махсус таъсис карда ва тавассути ин комиссия 18 занро аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Душанбе оварда буд. Мақомот гуфтанд, ки бархе аз ин занҳо қурбони бозори фаҳшо шудаанд.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG