Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мотам дар Кабкрез. Дафни 5 узви як хонавода, ки дар Русия ҳалок шуданд. ВИДЕО


Ҷасади 5 узви як хонаводаро, ки дар садамаи нақлиётӣ дар Русия ҷон доданд, нисфирӯзии 8 декабр дар Файзобод ба хок супурданд. Ҷасадҳоро субҳи ҳамин рӯз бо ҳавопаймои ширкати «Уралские авиалинии»-ба Душанбе оварданд. Қурбониёни садама, Садбарг Мирзоеваи 68-сола, ҳамроҳи 4 наберааш Доро Сарахонзодаи 22- сола, Юнуси 5-сола, Маҳинаи 29-сола ва Умарҷони 10-сола мебошанд.

Давлатшо Расулов, писари марҳум Садбарг Мирзоева дар суҳбат бо “Радиои Озодӣ” гуфт, ҳудуди ду моҳ пеш модараш барои хабаргирии набераҳо ва бародари дигарияш Иноятшоҳ, ки дар Краснодар зиндагӣ мекард, рафта буд ва бояд баъди се рӯз ба ватан меомад.

Номбурда иброз дошт, ки хабари марги наздиконашро хешовандон аз Русия ба ӯ гуфтаанд: “Модарам аз хона хоҳарам ба хонаи бародарам хабаргирӣ мерафтааст, ки дар роҳ ҳамин ҳодиса рух додааст. Ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ як шаҳрванди 18 солаи Русия будааст, ки ӯ низ фавтидааст. Насибу тақдир будааст, чӣ кор кунем”.

Дафни 5 узви як хонавода дар Кабкрез
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:15 0:00

Дар ин садама Акбарҷони 11-сола, набераи дигари Садбарг Мирзоева ҷароҳат бардошта ҳоло дар Русия, дар беморхона мебошад. Давлатшо Расулов иброз дошт, ки дигар набераҳои модараш низ дар Русия будаанд.

Ба қавли наздикони хонавода падару модари Юнусу Маҳинаву Умарҷон чанд сол пеш даргузаштаанд ва онҳо дар тарбияи бибию амакҳояш мондаанд.

Садамаи нақлиётӣ рӯзи 6 декабр дар роҳи мошингарди Уст-Лабинск, рух додааст. Расонаҳои Русия навиштаанд, ки ронандаи мошини сабукрав аз уҳдаи идораи мошин набаромад ва ба самти муқобил баромада ва ба мошини ёрии таъҷилӣ бархӯрдааст.

Дар Русия солона садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаву тасодуфҳои дигар ва дар натиҷаи бемориҳо ҳалок мешаванд.

XS
SM
MD
LG