Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хадамот: ҷилави нархи бензину газ дар дасти мо нест. ВИДЕО


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, мумкин аст, нархи сӯзишворӣ дар кишвар боз ҳам боло равад, чун маводи сӯхт аз хориҷ ворид мешавад ва ҳаргуна тағйирот дар бозорҳои нафт ба қимати он дар Тоҷикистон таъсир мегузорад.

Ҳудуди як моҳ аст, ки нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боло рафта истодааст ва нигаронии бештари сокинонро ба бор овардааст.

20 сомонӣ даромад мегирем, меравем газ мехарем. Дигар ба ҳеҷ чиз намерасад, намедонем, чӣ кор кунем

Назар Одиназода, муовини аввали раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 18-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, бо назардошти воридотӣ будани сӯзишворӣ наметавонанд, ширкатҳои хусусиро маҷбур кунанд, ки маводи воридотиро арзон фурӯшанд.

“Ширкатҳоеро, ки ба воридоти маҳсулоти нафтӣ машғуланд, мо маҷбур карда наметавонем, ки аз нархи воридотӣ маҳсулотро пасттар фурӯшанд. Онҳо ширкатҳои тиҷоратӣ ҳастанд ва мақсадашон гирифтани фоида аст. Иқтисодиёти мо бозоргонӣ аст ва иқтисодиёти танзимшаванда нест” – гуфт, Назар Одиназода.

Тоҷикистон ҳам ба бозорҳои ҷаҳонӣ пойбанд аст

Ба қавли муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ, қимати маводи сӯхт дар Тоҷикистон ба қимати нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ вобаста аст ва ҳар гоҳ қиматҳо дар ин бозорҳо тағйир ёфтанд, дар кишвар ҳам қимати газу бензин болову поин меравад.

Қимати гази табиӣ ва бензин дар Тоҷикистон моҳҳои ахир башиддат боло рафт. Нархи як кило гази моеъ, ки беш аз 60 дарсади нақлиёт дар Тоҷикистон аз он истифода мекунад, дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Душанбе ба 5 сомонӣ расид. Дар аввали моҳи июн як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Қимати бензину солярка низ дар фурӯшгоҳҳо якбора боло рафт. Айни замон як литр бензини навъи А92 дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Душанбе 7 сомониву 50-60 дирам нарх доранд. Қимати бензини А95 ба 8 сомонӣ мерасад.

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ рӯзи 18 июл болоравии нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистонро ба болоравии қимати маводи сӯхт дар Русия ва Қазоқистон рабт доданд. Ба гуфтаи онҳо, соли равон нархи нафт дар биржаи Санкт-Петербург гарон шуд ва дар навбати худ ба қиммати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон таъсир расонд.

Мақомот гуфтанд, ки ширкатҳои аслии аслии таъминкунандаи газ баъди болоравии қиматҳо, воридоти онро ба кишвар ба таври чашмрас коҳиш доданд. Баъдан ширкатҳо аз дигар ҷойҳо гази моеъ ворид карданд ва хароҷоти овардани он то 100 доллар боло рафт.

20 сомон даромад мегирем, меравем бо он газ мехарем

Гароншавии нархи сӯзишворӣ пеш аз ҳама мояи нигаронии ронандагон шудааст ва онҳо мегӯянд, харҷашон барои сӯзишворӣ дар як моҳ ба маротиб зиёд шудааст. Аз ҷумла Анвар Алиев, як ронандаи мусофиркаш дар Душанбе мегӯяд, баъди гаронтар шудани нархи роҳкиро даромадашон кам шудааст, зеро харҷашон барои сӯзишворӣ зиёд шудааст.

Хадамот: ҷилави нархи бензину газ дар дасти мо нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:01 0:00

“20 сомонӣ даромад мегирем, меравем газ мехарем. Дигар ба ҳеҷ чиз намерасад, намедонем, чӣ кор кунем” -афзуд ронандаи тоҷик.

Гарон шудани нархи сӯзишворӣ на танҳо харҷи ронандагони мусофиркашҳо, балки соҳибони нақлиёти хусусиро зиёд кардааст. Шуҳрат Рустамзода, як сокини Душанбе мегӯяд, агар қаблан барои 10 литр газ 40 сомонӣ мепардохт, ҳоло 50 сомонӣ харҷ мекунад.

Кам кардани андоз ва боҷ - ягона фишанги ҳукумат

Тағйири қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон ба қимати бисёре аз молу маҳсулот таъсир мегузорад. Давоми як моҳи ахир нархи бархе маҳсулот дар бозорҳо гарон шуд ва соҳибкорон мегӯянд, маҷбуранд харҷи роҳро аз ин ҳисоб ҷуброн кунанд.

Парвиз Дилшод, шореҳи иқтисодӣ мегӯяд, дар шароити феълӣ фишанги ягонаи ҳукумат барои паст кардани нархи сӯзишворӣ коҳиши андоз ва пардохтҳои гумрукӣ мебошад. Фишанге, ки ба қавли таҳлилгари тоҷик, амалӣ шуданаш ғайримумкин ба назар мерасад.

Чун ба қавли ӯ, “дар ҳоли ҳозир ҳукумат барои пур кардани буҷа дар ҷустуҷӯи сарчашмаҳои нав ба нав аст. Ба ин хотир баид аст, ки ҳукумат андоз ва пардохтҳои гумрукиро барои маҳсулоти нафтӣ коҳиш диҳад.”

Умед ба корхонаи коркарди нафти Данғара

Масъулини Хадамоти зиддинҳисорӣ умед доранд, ки бо фаъол шудани корхонаи коркарди нафти Данғара қимати сӯзишворӣ дар Тоҷикистон поин меравад. Корхонаи коркарди нафт дар “Данғара” иқтидор дорад дар як сол 1 миллиону 800 ҳазор тонна маводи нафтӣ коркард кунад.

Мақомот мегӯянд, ба кор андохтани он Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, ба хусус бо бензин таъмин мешавад. Қарор буд, полоишгоҳро соли 2017 ба кор андозанд, вале ҳоло маълум нест, кай бензини корхонаи “Данғара” вориди нуқтаҳои маводи сӯхт дар Тоҷикистон мешавад.

Дар нимсолаи аввали соли равон ба Тоҷикистон бештар аз 217 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид гардидааст. Қисми бештари он аз Русия, Турманистон ва Қирғизистон ворид шудааст. Масъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯянд, се ширкат аз ҷумла “Газпромнефт-Тоҷикистон,” “Сеганҷ” ва Агентии захираҳои моддӣ дар бозори нафти кишвар саҳми зиёд доранд.

XS
SM
MD
LG