Пайвандҳои дастрасӣ

Сохтмони корхонаи полоиши нафти Данғара ба таъхир уфтод


Сохтмони корхонаи полоиши нафту газе дар ноҳияи Данғара, дар минтақаи ба қавли мақомоти озоди иқтисодии "Данғара" то моҳи марти соли 2017 тамдид шудааст. Қарор буд бахши аввали ин корхонаи азими саноатӣ ҳанӯз дар моҳи июни соли ҷорӣ ба истифода дода мешуд, аммо баъди таъхири дигарбора, ҳоло мақомот ваъда медиҳанд, ки кори он моҳи марти соли 2017 шурӯъ хоҳад шуд.

Сафаралӣ Тайфуров, раиси минтақаи озоди иқтисодии "Данғара", ки корхонаи полоиши нафту гази оянда як бахши ин муассиса мешавад, гуфт, бо сабабҳои молӣ тасмими анҷом корҳо боз се-чор моҳи дигар тамдид мешавад. Тайфуров дар як сӯҳбаташ бо радиои Озодӣ рӯзи 2 декабр гуфт, бо далели камбуди маблағ раҳбарияти корхона дар моҳи сентябр мутахассисони чиниро аз кор мураххас кард.

Вай мегӯяд, ҳоло корхона бо қарзи бонкҳо фаъолияташро идома медиҳад. Аммо маблағи 12 миллион долараи корхона ҳанӯз ҳам дар "Агроинвестбонк" мондааст ва онро бозпас гирифта наметавонад.

Ҷаноби Тайфуров гуфт: "Тамдид шудани корҳои сохтмонӣ дар ин корхона ва ба истифода надодан сабабҳои молӣ дорад. Дар моҳи сентябр мутахассисони чинӣ ҷавоб дода шуданд. Аммо аз бонкҳои дигар маблағ ёфта корро идома дода истодаем. Ҳоло кор шурӯъ шуда, то моҳи марти 2017 дар арафаи Наврӯз онро ба истифода медиҳем». Вай гуфт, аз рӯи нақшаву пешбиниҳо, дар навбати аввали кори корхона дар як сол то 500 ҳазор тонна нафт коркард карда мешавад.

Раҳбарият умедвор аст, ки баъди фаъол шудани бузургтарин корхонаи коркарди нафт, ки бо сармояи Чин ва дар масоҳати 45 гектар замин сохта мешавад, дар марҳилаи аввал 600 нафар соҳиби ҷойи кор шуда ва баъдан теъдоди кормандон афзоиш меёбад.

Масъулони минтақаи озоди иқтисодии "Данғара" мегӯянд, ин корхона бо кони нафти “Шибирғон”-и Афғонистон ва ширкатҳои нафтии Қазоқистон, Русия ва Эрон қарордод баста, барои ворид кардани ашёи хом ҳамаҷониба омода шудааст.

Минтақаи озоди иқтисодии ноҳияи “Данғара” моҳи феврали соли 2009 дар масоҳати 150 гектар замин таъсис шуда, ҳоло дар он сохтмони 21 корхонаи бузург ҷараён дорад.

Маҳмадулло Сайдализода, раиси ноҳияи Данғара моҳи июл дар нишасти матбуотиаш бунёди бузургтарин корхонаи коркарди нафт дар минтақаи озоди тиҷоратии “Данғара”-ро як иқдоми муҳим барои рушди иқтисодии ҷануби Тоҷикистон ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон унвон карда буд.

Ба гуфтаи ҷаноби Сайдализода, иқтидори истеҳсолии ин корхона дар сол коркарди 1 миллиону 800 ҳазор тонна маводи нафтӣ хоҳад буд ва Тоҷикистон бо маҳсулоти нафтӣ, бахусус бензин таъмин хоҳад гашт.

Ӯ афзуд, дар оянда имкони ба хориҷ, аз ҷумла ба Покистону Афғонистон ва дигар кишварҳои ҳамсоя содир кардани фаровардаҳои нафтӣ вуҷуд хоҳад дошт.

Зимнан, Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка ворид мекунад. Аммо воридоти маҳсулоти тайёри нафтӣ назар ба воридоти нафти хом ва коркарди он дар дохили кишвар барои кишвари воридкунанда хеле гаронтар тамом мешавад.

Муқоисаи нархи маҳсулоти нафтӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нишон медиҳад, ки нархи аз ҳама баланди бензину дизел дар Тоҷикистон будааст. Тоҷикистон манобеи зиёди нафт ва тавони тавлиди бензину соляркаи кофӣ дар худи кишварро надорад ва маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон ворид мекунад.

Дар якуним соли охир нархи нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ ба маротиб арзон шуд, вале дар Тоҷикистон нархи бензину солярка чандон тағйир накард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, нархи маҳсулоти нафтӣ дар Русия – манбаи асосии таъмини бозори бензину дизели Тоҷикистон – тағйир наёфтааст ва аз тарафи дигар, интиқоли ин маҳсулот аз Русия то Тоҷикистон харҷи зиёд дорад.

Тоҷикистон, бино ба ҳисобҳо, солона ба тақрибан ним миллион тонна маҳсулоти нафтӣ, бо шумули бензин, солярка, керосин, мазут ва равғанҳои молиданӣ ва тақрибан 1,5 миллиард метри мукааб гази табиӣ ниёз дорад. Дар соли 2013, бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар Тоҷикистон ҳамагӣ 3 миллиону 928 ҳазор метри мукааб газ ва 27 532 тонна нафт тавлид кардаанд.

Беш аз 90 дарсади эҳтиёҷаш ба маҳсулоти нафтиро Тоҷикистон ҳамчунон аз ҳисоби воридоти он ва асосан аз Русия таъмин мекунад. Русия дар маҷмӯъ таъмини 90 дарсади бозори маводи сӯхти Тоҷикистонро таҳти назорат дорад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG