Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Омили берунӣ" сабабгори болоравии нархи газ унвон шуд. ВИДЕО


Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон сабаби аслии боло рафани нархи гази моеъ дар кишварро “омили берунӣ” унвон кард.

Қимати як литр гази моеъ рӯзи 18 июн дар пойтахт ва дар навоҳии атрофи он тахминан 11 дарсад афзуд, ба 4 сомонӣ баробар шуд ва тавре фурӯшандаҳои нуқтаи гази моеъ гуфтанд, эҳтимол дорад дар рӯзҳои оянда аз марзи чаҳор сомонӣ ҳам бигзарад.

Як литр газ 4 сомонӣ аст. Аз куҷо ба мо фоида мемонад? Дар нуқтаҳои фурӯши газ аз ин нарх камтар намедиҳанд. Бар замми ин, дар тарозуҳо аз Душанбе то Хуҷанд барои як нафар 120 сомонӣ пардохт мекунем, вале боз барои мусофирон вазнин меафтад. Мо нархро боло мебарем. Онҳо маҷбуранд, ки пардозанд.

Ширкатҳои аслии воридкунанадаи гази моеъ дар Тоҷикистон аз шарҳи вазъи баамаломада худдорӣ мекунанд, вале дар ҳоли ҳозир мутахассисони Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон барои маълум кардани сабабҳои аслии афзоиши баҳои газ як мониторинг ё арзёбии нарху наворо оғоз кардаанд.

Мониторинги нархи гази моеъ

Суннатулло Давлатов, намояндаи Раёсати рақобати Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 18-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, иллати аслии боло рафтани нархи гази моеъ дар Тоҷикистон ба кам ворид шудани газ аз кишварҳое мисли Русия ва Қазоқистон бастагӣ дорад.

“Ҳоло мо мониторинги вобаста ба ин масъала шурӯъ кардаем ва сабабу омилҳои онро рушан хоҳем кард, вале фикр намекунем, ки нархи газ аз 4 сомонӣ боло равад. Имкон надорад, вале тавре гуфтам, сабаби аслӣ дар беруни Тоҷикистон аст”.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ мегӯяд, санҷиши худро дар ду рӯзи оянда анҷом хоҳад дод. Аммо бархе аз масъулони нуқтаи фуруши гази моеъ гуфтанд, ки мизони ворид шудани гази моеъ аз Қазоқистон ҳам дар як ҳафтаи ахир коҳиш ёфтааст. Русия манбаи дигари воридоти гази моеъ барои Тоҷикистон аст ва ширкатҳои асосии тақсимкунандаи он дар кишвар - “Газпром” ва “Фароз” мебошанд.

Бархе фурӯшандаҳо болоравии арзиши доллари амрикоиро ҳам сабаби болоравии нарх мегӯянд. Вале хабарҳо аз сартосари ҷаҳон дар чанд рӯзи охир ҳокӣ аз боло рафтани нархи гази моеъ дар Русия ва Миср ҳам мебошад.

Қимати гази моеъ баланд шуд. Сабаб чист?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00

Хидмати мусофирбарҳо қимат шуда, мусофиронро норозӣ гузошт

Дар ҳоле, ки ин ширкатҳо аз шарҳи вазъи баамаломада худдорӣ мекунанд, таъсири болоравии нарх аллакай дар кори мусофирбарҳои ҷамъиятӣ таъсир гузоштааст. Аксар ронандаҳои мошинҳое, ки бо истифода аз гази моеъ ҳаракат мекунанд, мегӯянд, дар шароити баамаломада ночор ҳастанд нархи хидматрасониро боло баранд. Ин ҳолат боиси норизоияти мусофирон мешавад.

Масалан, таксиҳои самти Душанбе-Хуҷанд нархи роҳкироро то 10 сомонӣ боло бурдаанд. Абдуҳаким, яке аз ронандагони таксии самти Душанбе-Хуҷанд дар суҳбати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфт: “Як литр газ 4 сомонӣ аст. Аз куҷо ба мо фоида мемонад? Дар нуқтаҳои фурӯши газ аз ин нарх камтар намедиҳанд. Бар замми ин, дар тарозуҳо аз Душанбе то Хуҷанд барои як нафар 120 сомонӣ пардохт мекунем, вале боз барои мусофирон вазнин меафтад. Мо нархро боло мебарем. Онҳо маҷбуранд, ки пардозанд”.

Тибқи ҳисобҳо, ҳудуди 60 дарсади мошинҳои сабукрав дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд. Дар маҷмуъ, сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аз ҷумлаи маҳсулотест, ки тағйирот дар нархи он ба зиндагии рӯзонаи мардум таъсири мустақим дорад.

Як хонум дар дохили таксӣ, ки суҳбат мекард, гуфт агар дируз аз мусофирон барои роҳикоро ба самти душанбе 100 сомонӣ мепрсиданд, имруз аз 110 сомонӣ кам намекунанд.

Яке аз моликони нуқтаи сӯзишворӣ дар вилояти Суғд рӯзи 17-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйирот дар нархи маводи сӯхт дар се рӯзи охир мушоҳида шуд. Ӯ гуфт, “гази моеъ шаст дирам гарон шуд. Дар вилояти Суғд пештар як литр гази моеъ 3 сомониву 40 дирам буд, ҳоло 3 сомониву 90 дирам – 4 сомонӣшудааст. Бензин аз 6 сомониву 40-50 дирам ба 7 сомонӣ баробар шуд. Нархи солярка аз 7 сомонӣ ба 7 сомониву 40 дирам расид.”

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик.
Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик.

Дар мавриди онки чаро қимати сӯзишворӣ дар кишвар якбора боло рафт, ин мусоҳиби мо гуфт, "як сабабаш ба он вобаста аст, ки ҳоло аз тарафи Қазоқистон газ наомада истодааст. Дувум, ин шабу рӯз талабот ба сӯзишворӣ, аз ҷумла газу солярка бештар шудааст. Мавсими кор дар саҳрост ва мардум сӯзишвории зиёд мегиранд".

Неъматулло Мирсаидов, коршиноси тоҷик мегӯяд, Русия бо боло рафтани нархи гази моеъ ва ё маводи сузишворӣ дар дохили худ барои корхонаҳои коркарди маводи сухти худӣ имтиёзҳо дод ва ин ҳавасмандсозӣ боиси он шудааст, ки ниёзмандии худи кишварро таъмин кунанд.

Ин коршинос дар идома гуфт, "ва ин сабабии кам ба берун бурдани гази моеъ шуд ва маълум, ки дар кишварҳои воридкунанада ба мисли Тоҷикистон, нархи газ боло рафтааст ва агар вазъият ҳамин тавре, ки ҳаст бимонад, шояд нархи газ аз 4 сомонӣ беш нашавад, вале боз агар дар бозори ҷаҳонӣ нархи газу нафт лаппиш ба вуҷуд ояд, имкон дорад нархи газ боз афзуд шавад".

Ба бовари ин коршиноси тоҷик, гуфт вазъ дар Қазоқистон -- кишвари дуввуми воридкунанадаи гази моеъ ба Тоҷикистон ҳам мисли Русия аст ва ин ду кишвари бузург ба хотири ҳалли масъалаи дохилии худ, даст ба чунин иқдом задаанд, ки дар натиҷа барои кишварҳои воридкунанда чунин мушкил пеш омадааст.

"Дар мавриди ширкатҳои аслии воридкунанадаи гази моеъ ба Тоҷикистон гуфтанӣ ҳастам, ки онҳо мунтазир мемонанад, агар вазъият ҳамин тавр бидуни тағйире ба самти мусбат нашавад, нархи газро тағйир хоҳанд дод",- афзуд Неъматулло Мирсаидов.

360 ҳазор тонна дар сол

Тибқи иттилои мақомоти Тоҷикистон талаботи кишвар ба гази моеъ дар як моҳ ҳудуди 30 ҳазор тонна ва дар дар як сол 360 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Соли гузашта ба Тоҷикистон 350 ҳазор тонна гази моеъ ворид шудааст. Беш аз 70 дарсади ин навъи сӯзишворӣ ба кишвар аз Қазоқистон ворид мешавад ва боқимондаи онро аз Русия, Туркманистон ва Қирғизистон меоранд.

Мақомот мегӯянд, гази моеъ нисбат ба дигар навъҳои сӯзишворӣ талаботи зиёд дорад ва маҳз афзоиши тақозо ва кам шудани он сабаби боло рафтани қиматҳо мешавад.

Аммо коршиносон мегӯянд, набуди рақобат дар бозори сӯзишворӣ яке аз сабабҳои болоравии нархи гази моеъ ва навъҳои дигари сӯзишворӣ дар Тоҷикистон аст.

Аз ин ру масъулони нуқтаҳои фуруши гази моеъ дар пойтахт мегуянд эҳтимол дорад нархи як лдитр гази моеъ ба 4 сомони 20 ва 4 сомониву 30 дирам бирасад.

XS
SM
MD
LG