Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" ва "Талко" ба ҷойи фоида зарар дидаанд


Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, бисёре аз корхонаҳои азими давлатии Тоҷикистон, ки даҳҳо ҳазор нафар дар онҳо кор мекунанд, бисёр кам даромад мегиранд ва ё зиёновар ҳастанд.

Аз ҷумла, ба гуфтаи бонк «Барқи тоҷик» ва «Талко» дар қатори корхонаҳое ҳастанд, ки соли 2017 ба ҷойи фоида бардоштан, зиён дидаанд.

Вазъи ин корхонаҳо ва дигар корхонаҳои азими давлатӣ дар гузориши тозаи Бонки ҷаҳонӣ тасвир шудааст. Дар ин гузориш дар бораи бурду бохти иқтисоди Тоҷикистон дар як соли ахир ва пешбиниҳо аз ояндаи он сухан меравад.

Дар ин гузориш омадааст, ки корхонаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон соли 2017 2 миллиарду 800 миллион сомонӣ зиён дидаанд, ки 4.6 дар сади тавлидоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад.

Соли нохуб барои 11 корхонаи давлатӣ

Ба гуфтаи муаллифони гузориши созмони байналмиллалии молӣ, соли 2017 аз миёни 23 корхонаи давлатӣ 11 тои он ба ҷойи фоида, зиён дидаанд. Дар миёни ширкатҳои давлатӣ беш аз ҳама корхонаҳои соҳаи энергетика ва металгудозӣ зиёновар будаанд.

Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ, ки дар ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷрои тарҳҳои иҷтимоӣ ба Тоҷикистон кӯмаки молӣ мекунад, омадааст, 94 дарсади зиёни молӣ аз ҳисоби ширкатҳои бузург ба «Барқи тоҷик» ва 3,7 дарсади он ба корхонаи тавлиди алюминиюм «Талко» рост меояд.

Корхонаи Талко як манбаи ба даст овардани асъори нақди хориҷӣ барои Тоҷикистон аст.
Корхонаи Талко як манбаи ба даст овардани асъори нақди хориҷӣ барои Тоҷикистон аст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ дар маҷмӯъ кори корхонаҳои давлатиро ба истиснои корхонаи «Тоҷик семент» «камсамар» тавсиф карда, ба давлат тавсия додаанд, мудирияту назорати молии онҳоро беҳтар кунад.

Дар ин гузориш ба ҳарҷу марҷ дар муҳосиботи молии "Барқи тоҷик" ишора шудааст ва Бонки ҷаҳонӣ нуктае аз натиҷаҳои аудити "Барқи тоҷик"-ро овардааст, ки дар он гуфта мешавад, ки аз ин ширкат дар соли 2016 бештар аз 1 миллиарду 200 миллион сомонӣ қарздор буданд, вале бештар аз 500 миллион сомонии он қарзҳое ҳастанд, ки дар бозпас гирифтани шубҳа вуҷуд дорад.

Ҷойи кори даҳҳо ҳазорон нафар

Вазъи нохуби молии корхонаҳои давлатии Тоҷикистон дар ҳолест, ки ин корхонаҳо дар иқтисоди кишвар нақши бисёр муҳим доранд ва ба вазъи молии корхонаҳои хусусӣ ҳам таъсири зиёд мегузоранд. Ҳазорон нафар ҳам субҳ кори худро дар ҳамин ширкатҳо оғоз мекунанд. Масалан дар “Барқи Тоҷик” бештар аз 12 ҳазор нафар ва дар корхонаи “Талко” бештар аз 6 ҳазор нафар кор мекунанд.

Моҳи октбяри соли 2016 низ вазорати молияи Тоҷикистон бо нашри як гузориш фаъолияти корхонаи “Талко”- ро зиёновар хонд, ҳарчанд "Талко" дар вокуниш вазорати молияро ба "бархӯрди ғайрикасбӣ" ба самаранокии фаъолияти корхона айбдор кард.“Талко” ва “Барқи Тоҷик” то кунун ба гузориши Бонки Ҷаҳонӣ вокуниш нишон надодаанд.

Бояд корхонаро мисли оилаи худ идора кунанд

Масъуд Собиров, иқтисоддони тоҷик, мегӯяд, воқеан мудирияти корхонаҳои давлатӣ камсамар аст, чун роҳбарон ба натиҷаҳои молии ширкат чандон аҳамият намедиҳанд.

"Корхонаҳои давлатӣ зараровар ҳам бошанд, роҳбарон чандон парво надоранд. Чун маблағҳо давлатӣ аст, камтар масъулият эҳсос мекунад. Ҳол он, ки роҳбарони ширкатҳои давлатӣ барои вазъияти молиявии ширкатҳо бояд ҷавобгар бошанд.

Талабот аз онҳо то ҳадде бояд боло бурда шавад, ки дар идораи ширкатҳо мисли идораи оилаҳои худ масъулият эҳсос кунанд.

- гуфт, ӯ ба Радиои Озодӣ.

Масъуд Собиров афзуд, аз тарафи дигар корхонаҳои давлатӣ маъмулан шумораи зиёди коргаронро бо кор таъмин мекунанд, вазифаи муҳими иҷтимоиро бар душ доранд.

“Аз ин рӯ, фаъолияти онҳо агар ба давлат фоидаи молӣ ҳам наорад, бояд зиёновар набошад” мегӯяд, ӯ. Ба иттиллои Бонки Ҷаҳонӣ корхонаҳои давлатии Тоҷикистон дар маҷмӯъ 45 ҳазор нафарро бо ҷойи кор таъмин мекунанд.

Назорат кунед, то пули давлат талаф нашавад

Дар солҳои истиқлол, Тоҷикистон беш аз 11 ҳазор корхонаву ширкатҳои давлатиро фурӯхта хусусӣ кард ва аз онҳо 1320 корхонаи бузург буданд. Бино бар маълумоти Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ҳоло беш аз 100 корхонаи хурду бузурги давлатӣ боқӣ мондааст.

Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, барои беҳтар кардани вазъи ширкатҳои давлатӣ бояд назорати молии онҳоро дуруст ба роҳ монанд, харҷу марҷи муомилот байни корхонаҳоро аз байн баранд.

Ба гуфтаи коршиносони бонк, ислоҳот дар ин корхонаҳо бояд зудтар анҷом дод, то ки “гурези пули давлат ва истифодаи бесамари онҳо” камтар шавад.

XS
SM
MD
LG