Пайвандҳои дастрасӣ

Падари Дилноза: "Марги Диёрбек як даҳшат шуд"


Акс аз сафҳаи фейсбукии "Ахбор барои афкор" гирифта шудааст.

Падари овозхон Дилноза Каримова дар сӯҳбати телефонӣ аз Хуҷанд гуфт, баъди хоксупории наберааш Диёрбек Аминҷонов ҳамаи аъзои хонавода дар ҳолати андӯҳи амиқ қарор доранд.

Хонаи Дилноза Каримова, овозхони маъруф, ки субҳи 3-юми январ писарчаи шашсолааш Диёрбек Аминҷоновро ба хок супурд, мотам дорад. Фарзанди ӯ баъди беш аз ду моҳи ошкор шудани саратони буғум шаби 31-уми декабр дар яке аз бемористонҳои Деҳлӣ, пойтахти Ҳинд даргузашт. Шаби 2-юми январ ҷасади Диёрбек аз Деҳлӣ нахуст ба Душанбе ва баъдан ба Хуҷанд интиқол дода шуд. Соатҳои 7-и субҳи 3-юми январ ҷасади Диёрбекро дар оромгоҳи “Гумбази Қошуқ”-и шаҳри Хуҷанд ба хок супурданд.

Дилноза Каримова пас аз марги фарзандаш аз бародараш Зайниддин Каримов хоҳиш карда буд, ки маблағҳои барои наҷоти фарзандаш ҷамъшударо ба ниёзмандони дигар бидиҳад.

Нуриддин Каримов, падари Дилноза Каримова танҳо нафаре буд, ки аз миёни аъзои ин хонавода омода шуд сӯҳбат кунад. Вай дар оғоз барои тамоми афроде, ки дар ин ду моҳи охири бемории шадиди Диёрбек омода шуданд кӯмаки пуливу маънавӣ кунанд, изҳори сипос кард.

“Ташаккур ба ҳамаи онҳое, ки дар рӯзҳои вазнини Дилноза ҳамроҳаш буданд ва кӯмаки худро дареғ надоштанд. Мо ҳаракат кардем, ки Диёрбеки мо табобат ёбаду солим шавад, вале дард- дарди вазнин будааст ва ҳар чизе аз дастамон омад, кардем. Шаби 31-ум буд, ки Дилноза занг заду гуфт, “Писарам нест”. Барои ман гап задан бисёр душвор аст, ман маъзарат мехоҳам”,-афзуд Нуриддин Каримов.

Нуриддин Каримов гуфт, Дилноза дар ҳолати андӯҳи амиқ аст ва бо касе сӯҳбат карда наметавонад. Вай гуфт, ки дар маросими дафни наберааш шояд ду то се ҳазор нафар, аз ҷумла ҳунармандону овозхонҳои ҳамкори Дилноза иштирок карданд. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин, ки чаро маросими хоксупорӣ субҳи барвақт баргузор шуд, гуфт, ҷасади кӯдак се рӯзи баъди маргаш хоксупорӣ шуд ва дар ин муддат “азоб кашид”. “Шаби 31-ум гузашт. Се рӯз дар назди модараш буд. Се рӯз Дилноза бо ӯ танҳо буд. Як даҳшат буд. Дирӯз, санаи 2-юм аз Деҳлӣ ба Душанбе расиданд, соатҳои 8:35-и шаб дар Хуҷанд пешвоз гирифтем. Шаби дароз меҳмон кардем”.

Дар як сӯҳбати шоми 1-уми январ Дилноза Каримова дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Деҳлӣ гуфт, ҳолати Диёрбек дар ҳавопаймо, ҳангоми парвоз аз Бишкек ба Деҳлӣ хеле бад шуд ва ӯро базӯр ба худ оварданд. Баъдан дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон баъди расидан аҳволи кӯдак бад шуд. Дилноза гуфт: “Доду вой кардам. Табиби зиёд давида омад, ҳама роҳҳоро ба кор бурданд, ки кӯдакро ба ҳуш оваранд. Чӣ коре, ки накарданд, вале нашуд. Дигар садояшро нашунидам”.

Хабари гирифтори бемории сангин шудани Диёрбек миёнаҳои моҳи декабр аз ҷониби худи ӯву хешовандонаш дар "Фейсбук" нашр шуд ва аз тамоми хоҳишмандон даъват шуд, ки дар маъракаи ҷамъоварии кӯмак ба ӯ ширкат кунанд. Дилноза Каримова пас аз марги фарзандаш аз бародараш Зайниддин Каримов хоҳиш карда буд, ки маблағҳои барои наҷоти фарзандаш ҷамъшударо ба ниёзмандони дигар бидиҳад.

Шоираи Раҳимҷон.
Шоираи Раҳимҷон.

Ҳамакнун Шоираи Раҳимҷон, яке аз мубтакирони ҷамъоварии кӯмак ба Диёрбек мегӯяд, ки маблағе, ки аз консерти хайриявии "Диёрбек рамзи баҳамоист!" ҷамъоварӣ мешавад, барои табобати як духтари тоҷики гирифтори бемории саратон, ки ҳамакнун дар яке аз бемористонҳои Маскав табобат мегирад, равона мегардад.

Шоираи Раҳимҷон рӯзи 3-юми январ дар сафҳаи "Фейсбук"-и худ навишт, ки тайи чанд рӯзи ахир ниёзмандони зиёде муроҷиат мекунанд ва аз ҳама духтараке бо номи Озода ниёзи бештар дорад. Ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, ҷарроҳии ин духтар дар Маскав бо муваффақият анҷом шудааст ва ӯ 88 дарсад аз ин беморӣ раҳо ёфтааст.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG