Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯълаи умед барои наҷоти Диёрбек. Ситораҳо ба консерти хайрия омода мешаванд


Диёрбек дар акс пеш аз беморӣ ва баъди шурӯи муолиҷа
Диёрбек дар акс пеш аз беморӣ ва баъди шурӯи муолиҷа

Шоираи Раҳимҷон, раҳбари маркази тозатаъсиси продюсерии “Шоира” мегӯяд, консерти хайрия ба хотири ҷамъоварии маблағи пулӣ барои муолиҷаи писари овозхони маъруф Дилноза Каримова дар Душанбе ва дар рӯзҳои нахустини моҳи январ баргузор мешавад.

Бино ба масруф будани овозхонҳо ва толорҳои консертӣ дар Душанбе дар остонаи соли нав, тасмим ин шуд, ки консерти хайрия баъди ид ва

Аз ҷумла, аз Суди олии ҷумҳурӣ ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки тамоми кормандони судҳо, то судҳои ноҳиявӣ омода ҳастанд нисфи билетҳои консертро харидорӣ кунанд

ба эҳтимоли ғолиб, дар толори Филармонияи далватии Тоҷикистон баргузор шавад. Даъват ба ташкили як консерти калони хайрия, ки кулли даромад аз он ба сурат-ҳисоби Диёрбек Аминҷонови 6-сола интиқол мешавад, баъди он садо дод, ки хонаводаи овозхони поп Дилноза Каримова дар бораи ҳолати сангини кӯдак ва зарурати харҷи маблағҳои ҳангуфт барои муолиҷаи ин тифл дар клиникаҳои саратоншиносии хориҷӣ хабар дод.

Ба ҷуз Садриддин, "ситора"-ҳои дигар вокуниш накарданд

Табибони саратоншинос дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баъди муоинаву шурӯи муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов гуфтанд, ки ин тифл гирифтори “лимфома” ё саратони буғумҳо гирифтор шудааст. Бо шурӯи марҳилаи табобати кимиёӣ ё химиотерапия дар як бемористони давлатии Бишкек, идомаи табобат бояд дар Маскав ё клиникаҳои вижаи Ҳинд ё Туркия ташкил карда шавад. Харҷи ҳадди аққали ин ҳама амалиёт 100 ҳазор долларро ташкил меҳидад.

Шоираи Раҳимҷон дар як сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ рӯзи 18 декабр гуфт, дар давоми ду рӯзи баъди эълони ташкили консерт нафарони зиёде омода шуданд саҳми худро дар ин маърака гузоранд:

“Хурсандам, ки ҳунармандони мо дар миёни худ иттиҳоди хубе доранд. Аксарият на танҳо аз назари ҳунаранмоӣ дар консерт омодаанд ба мо кӯмак кунанд. Бисёри онҳо омодаанд ба фонди муолиҷаи Диёрбек бо пул кӯмак кунанд. Ин хеле хурсандиовар аст. Вале бисёр мутаассифам, ки бисёр “ситораҳо”-и мо, ки фикр мекунанд, “пояи” санъати мо ҳастанд ва агар онҳо набошанд, “саъат мелангад”, ҳеҷ нафарашон вокуниш нишон намедиҳад. Ба ҷуз Садриддини Наҷмиддин, ки чун ҳамеша аз одамияти худ дарак медиҳад”.

Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон

Шоираи Раҳимҷон гуфт, манзураш он овозхонҳои пуртарафдорест, ки маъмулан толорҳои бузургро ҷамъ мекунанд ва аз ҳузури онҳо барномаи хайрия метавонад аз назари ҷамъоварии маблағи зиёд бурд кунад. Вале аз сӯи дигар, ба гуфтаи Шоираи Раҳимҷон, барои ӯ тааҷҷубовар ин буд, ки бархе корхонаву идораҳо дар Тоҷикистон ба даъвати баргузории консерти хайрияти онҳо вокуниш нишон доданд.

“Аз ҷумла, аз Суди олии ҷумҳурӣ ба ман занг заданд ва гуфтанд, ки тамоми кормандони судҳо, то судҳои ноҳиявӣ омода ҳастанд нисфи билетҳои консертро харидорӣ кунанд. Мо ба чанд сохтори давлатии дигар ҳам муроҷиат кардем. Аз он ки билетҳои мо ба фурӯш мераванд, ман сад дар сад боварӣ дорам, чунки ба саховатмандии мардуми тоҷик боварӣ дорам”.

Шоираи Раҳимҷон гуфт, ки консертро маркази продюсерии “Шоира” бо пуштибонии нашрияи “СССР” ва сардабираш Сайёфи Мизроб баргузор мекунад.

Дар вокунишҳои фейсбукӣ ҳунармандони маъруфи дигар, аз ҷумла, гурӯҳи "Авесто", Сабоҳат Нажмиддинова, Парвин Юсуфӣ ва дигарҳо барои ширкат дар консерти хайрия изҳори омодагӣ карданд.

Дилноза Каримова: Дастгирии мардуми тоҷик бароям мукофоти азим шуд

Дилноза Каримова, овозхони маъруфи поп, ки бештар дар саҳнаҳои шаҳри Хуҷанд ҳунарнамоӣ мекунад, аз охири моҳи октябр дар Бишкек, дар канори Диёрбек мебошад. Дар як сӯҳбати телефонӣ аз пойтахти Қирғизистон Дилноза Каримова ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар оғоз вақте табибон дар Хуҷанд аз дард ва варами шиками писараш вуҷуди як омосро дар рӯдаи Диёрбек ташхис карданд, бовар дошт бо нирӯву тавони худ ва оилааш ин мушкилро пушти сар хоҳад кард. Вале баъди муоина дар як клиникаи хусусӣ маълум шуд, ки мушкили писараш сангинтар аз он будааст, ки тасаввур мекард:

“Ҳар шаб, вақте хоб меравам, хаёл мекунам, ки дарди писарам хоб аст. Бедор мешаваму боз худро дар ҳамин палата ва писари беморамро мебинам. 24 соат дар пеши бачаам ҳастам. Хаёлам, худаш то охир намефаҳмад. Албатта, мефаҳмад, ки бемор аст, вале ҳар рӯз мегӯяд, ки “кай хона меравем?” Худоро шукр, ки дарди ҷиддӣ буданашро намефаҳмад”.

Дилноза Каримова бо Диёрбек дар бемористони саратоншиносии Бишкек
Дилноза Каримова бо Диёрбек дар бемористони саратоншиносии Бишкек

Модар мегӯяд, рӯзи 26 октябр, ки тифл дар бемористон ҷой шуд, ҳолаташ ниҳоят сангин буд. Бар асари варами буғумҳо, нафаскашиаш мушкил буд ва пайваста таби баланд дошт. Баъди мушаххас шудани диагноз ё маризии кӯдак, табобати ӯ, аз ҷумла бо методи терапияи кимиёӣ шурӯъ шуд. 20 рӯз тифл дар бахши эҳёгарӣ қарор дошт. Дар як консилиум ё ҷаласаи духтурҳо ба Дилноза Каримова гуфтанд, ки организми кӯдак ин методи табобатро қабул кард, пешравӣ эҳсос мешавад ва “мо дар роҳи дуруст ҳастем”.

Ташхис дар Ҳинд вуҷуди омосро тасдиқ кард

Ташхиси намунаи оби шуши кӯдак дар як клиникаи ҳиндӣ, ки тавассути мутахассисони саратоншинос дар Ҳинд анҷом шудааст, вуҷуди омоси манфӣ (злокачественная опухоль)-ро аз рӯи диагнози саратони буғуми қафаси сина ва рӯдаҳо ("т-клеточная лимфома с поражением брюшной полости и грудной клетки") тасдиқ кард.

Табибон дар Бишкек машварат доданд, ки муолиҷаи баъдиро дар клиникае ба роҳ монанд, ки тавони анҷоми чунин муолиҷаҳоро дошта бошанд. Ба гуфтаи Дилноза Каримова, ҳоло аъзои хонаводаи онҳо бо клиникаҳо дар Ҳинд, Туркия в Маскав музокирот барпо кардаанд ва ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нагирифтааст, ки муолиҷаи баъдиро дар куҷо ба роҳ мемонанд.

Овозхон мегӯяд, аз он ки дарди дили ӯву фарзандашро мардуми Тоҷикистон шуниданд ва омода шуданд барои пардохти харҷи муолиҷаи гаронқадри фарзандаш саҳмгузор шавад, бениҳоят миннатдор аст:

“Ман мебинам, ки тамоми мардуми Тоҷикистон дар пушти мо истодааст. Ҳар яки онҳо дуо мекунанд, ки фарзанди ман сиҳҳат шавад. Баъди дидани пуштибонии мардум ҳиссиёти бисёр аҷибе маро фаро гирифтааст. Бисёр ба ҳамагон миннатдорам, ки моро пуштибонӣ мекунанд. Боварӣ дорам, ки мо дастгирии мардуми Тоҷикистон ман метавонам ҷони як тифли тоҷикро наҷот диҳам”.

Барои ҷамъоварии маблағи афроди хайрхоҳ ба номи Диёрбек Аминҷонов сурат-ҳисоби вижаи бонкӣ боз шудааст ва ба гуфтаи Зайниддин Каримов, бародари Дилноза, дар се рӯзи гузашта шумори зиёди хайрхоҳон аз дуру наздик занг зада пешниҳоди кӯмак кардаанд. Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ маблағе дар ин ҳисоб ҷамъ шудааст.

1100 кӯдаки гирифтори саратон дар Тоҷикистон

Тибқи иттилои масъулони Маркази саратоншиносии кӯдакон дар Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли ҷорӣ ба ин муассиса беш аз 1100 кӯдак барои муолиҷа муроҷиат кардааст. Аз инҳо дар ҷисми 800 кӯдак навъи бадсифат (“злокачественная опухол”)-и омос ташхис шудааст. Аксари давраҳои муолиҷа аз ҳисоби худи муштариҳо танзим мешавад, чунки хароҷоти ин беморӣ хеле сангин аст.

Барои бархе кӯдакон бунёди хайрияи «Лона» кӯмак мекунад, ки соли 2009 бо ташаббуси духтари калонии президент Озода Раҳмон таъсис шудааст. Масъулини ин бунёди хайрия мегӯянд, ин марказ дар ҳамкорӣ бо Маркази саратоншиносии кӯдакона дар муддати ҳашт соли кор барои муолиҷаи 752 кӯдаки гирифтори саратон ёрӣ кардааст.

Кӯмак ба Диёрбек Аминҷонов

Барои касоне, ки нияти кумак кардан доранд:

Телефонҳо: (+992) 92 777 70 08, (+992) 92 804 55 50

Инчунин:

​Дар бонки "Сбербанк"-и Русия:
Барои рубли русӣ (4276380155031193)

XS
SM
MD
LG