Пайвандҳои дастрасӣ

Дилноза Каримова: "Бемории фарзанд барои модар азоби сахт аст"


Дилноза Каримова, овозхони маъруфи тоҷик, барои табобати писараш Диёрбек Аминҷонов, ки аз бемории саратон ранҷ мекашад, ба кумаки молӣ ниёз дорад.

Ӯ рӯзи 16-уми декабр дар як паёми видеоӣ гуфт, дар рӯдаи писараш захми бузурге пайдо шуд ва муолиҷааш бояд зудтар сурат гирад. "Баъд аз 15-20 рӯзи ташхис гуфтанд, ки дар яке аз рӯдаҳояш захми калон будааст. Барои ҳар як модар фаҳмидани бемории фарзанд азоби сахт аст. Касе, ки дар ин рӯзҳои вазнин бо ман аст, сипосгузорам", - афзуд Дилноза Каримова. ​

Алишер Каримов гуфт, хонаводаи онҳо умедворанд, ки дар ин рӯзи барои Дилноза Каримова мушкил ҳаводорону афроди саховатпеша дар канораш хоҳанд буд ва дасти имдоди худро дароз хоҳанд кард.

Алишер Каримов, бародари Дилноза, рӯзи 16-уми декабр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло Диёрбек дар яке аз бемористонҳои шаҳри Бишкеки Қирғизистон муолиҷа мегирад ва барои табобати ҷиддӣ бояд ба Русия интиқол ёбад.

Диёрбек шашсола аст ва тақрибан ду моҳ боз дар бемористон бистарист.

Ӯ гуфт, “сахт аст ба ин бовар кардан ва тоқат кардан. Ду рӯз қабл пизишкони бемористони онкологии шаҳри Бишкек хулоса доданд, ки Диёрбек ба бемории саратони лимфом, дараҷаи 4-ум, гирифтор аст. Онҳо тавсия доданд, ки барои табобати ҷиддӣ Диёрбекро ҳарчи зудтар ба Русия бибарем.”

Диёрбек Аминҷонов қабл аз беморӣ ва баъд аз беморӣ
Диёрбек Аминҷонов қабл аз беморӣ ва баъд аз беморӣ

Алишер Каримов афзуд, Диёрбек тақрибан ду моҳи қабл якбора аз дарди шикам шикоят кард ва ҳар рӯз ин дард ӯро азият медод. Баъдан, ба гуфтаи ӯ, онҳо ба пизишкони тоҷик ва табибон дар Қирғизистон муроҷиат карданд. Алишер Каримов мегӯяд, то ҳол дақиқ нашудааст, ки барои табобати Диёрбек дар маҷмуъ чи қадар пул сарф хоҳад шуд, аммо ба қавли ӯ пизишкон дар Русия гуфтаанд, дар қадами аввал ба камияш 6 миллион рубл ё 100 ҳазор доллар зарур аст.

Алишер Каримов гуфт, хонаводаи онҳо умедворанд, ки дар ин рӯзи барои Дилноза Каримова мушкил ҳаводорону афроди саховатпеша дар канораш хоҳанд буд ва дасти имдоди худро дароз хоҳанд кард.

Дилноза Каримова дар оғози солҳои 2000-ум рӯи саҳнаи ҳунар омада, дар миёни мардум аз маҳбубият бархӯрдор аст. Вай чанд сол қабл издивоҷ кард ва соҳиби ду фарзанд аст.

Барои касоне, ки нияти кумак кардан доранд:

Телефонҳо: (+992) 92 777 70 08, (+992) 92 804 55 50

Инчунин:

​Дар бонки "Сбербанк"-и Русия:
Барои рубли русӣ (4276380155031193)

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG