Пайвандҳои дастрасӣ

Диёрбек, писари Дилноза Каримова, дар Ҳиндустон даргузашт


Диёрбек Аминҷонов - писари Дилноза Каримова - овозхони маъруфи тоҷик, ки тайи се моҳи ахир аз бемории саратон ранҷ мебурд, шаби 31-уми декабри соли 2017 дар яке аз шифохонаҳои шаҳри Деҳлии Ҳиндустон даргузашт. Ӯро барои табобат ва ҷарроҳӣ аз бемористони шаҳри Бишкеки Қирғизистон ба Ҳиндустон бурда буданд.

Дилноза Каримова рӯзи 1-уми январи соли 2018 дар як паёми расмӣ дар Фейсбук навишт, ки "дили ӯ идомаи табобати кимиёвиро бардошт карда натавонист. Ба як каф дуои Шумо ниёз дорему бас."

Ин овозхони маъруфи тоҷик аз ҳамаи онҳое, ки барои табобати писараш кумак кардаанд, изҳори сипос намуда, аммо аз он таассуф хӯрдааст, ки натавонистанд ӯро наҷот бидиҳанд. Вай гуфт, "модарон, хоҳарон, бародарон ва мухлисону ҳамватанони азиз. Салом ба ҳамаи онҳое, ки тайи чанд ҳафта бо ғаму дарди ман шарик буданд. Аз муҳаббату лутфу меҳрубонӣ ва дастгирии ҳар яке аз Шумо аз замин то осмон миннатдорам. Пеши пойи ҳар яке аз Шумо сар фуруд меорам. Илоҳӣ, ғаму дарди фарзандро набинед. Ба пойи фарзандонатон хоре нахалад. Аммо ман дигар чизро гуфтан мехоҳам. Ҷигарбандам Диёрбек бегоҳи 31-уми декабр, соати 20:15, дар яке аз клиникаи шаҳри Деҳлии Ҳиндустон дар 5-солагиву ҳафтмоҳагӣ ин оламро падруд гуфт. Аз бародарам Зайниддин Каримов хоҳиш дорам, ки маблағҳои барои наҷоти фарзандам ҷамъшударо ба ниёзмандони дигар бидиҳад."

Ҷасади Диёрбек Аминҷоновро шоми 2-юми январ ба ватан меоранд. Алишер Каримов, бародари Дилноза Каримова рӯзи 2-юми январ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, Диёрбекро тариқи ҳавопаймо аз Деҳлӣ нахуст ба Душанбе ва аз онҷо ба шаҳри Хуҷанд мебаранд.

Ба қавли ин ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ҷанозаи Диёрбек Аминҷонови 5 сола рӯзи 3-юми январ соати 8:00 дар зодгоҳаш шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар назар аст, ки Диёрбекро модараш Дилноза Каримова ва яке аз наздикони дигараш ба Тоҷикистон оранд.

Дар ҳамин ҳол, Шоираи Раҳимҷон, раиси маркази продюсерии "Шоира" ва яке аз созмондиҳандаҳои консерти хайрия барои наҷоти Диёрбек, гуфт, баъд аз шунидани хабари марги Диёрбек Аминҷонов баргузории консертро лағв кардаанд. Шоираи Раҳимҷон шоми 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "дар чунин вазъият дасту диламон ба баргузории консерт намеравад".

Шоираи Раҳимҷон
Шоираи Раҳимҷон

"Мо қисми зиёди билетҳоро фурӯхтаем. Нахуст фикр кардем, ки консертро баргузор ва маблағро ба суратҳисоби ягон шахси дигар гузаронем. Чунин кӯдакон дар Тоҷикистон зиёданд. Вале ҳоло баргузор кардани консерт дар дили мо намеғунҷад", - афзуд Шоираи Раҳимҷон.

Ба қавли раиси маркази продюсерии "Шоира, онҳо таблиғи баргузории консертро, ки қарор буд рӯзи 6-уми январ дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон баргузор шавад, қатъ карда, омодаанд маблағи билетҳоро баргардонанд. Аммо айни замон афзуд, "вариант"-ҳои дигарро низ баррасӣ доранд ва агар соҳибони билет розӣ бошанд, маблағро ба суратҳисоби кӯдакони бемор ва ё шахсони эҳтиёҷманд гузаронанд.

Диёрбек Аминҷонов моҳи октябри имсол дар яке аз бемористонҳо бистарӣ шуд. Пизишкони саратоншинос дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон баъд аз муоинаву шурӯи муолиҷаи Диёрбек Аминҷонов гуфта буданд, ки ин тифл гирифтори “лимфома” ё саратони буғумҳост.

Тибқи иттилои масъулони Маркази саратоншиносии кӯдакон дар Тоҷикистон, дар 11 моҳи соли гузашта ба ин муассиса беш аз 1100 кӯдак барои муолиҷа муроҷиат кардааст. Аз инҳо дар ҷисми 800 кӯдак навъи бадсифат (“злокачественная опухол”)-и омос ташхис шудааст. Аксари давраҳои муолиҷа аз ҳисоби худи муштариҳо танзим мешавад, чунки хароҷоти ин беморӣ хеле гарон аст.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG