Пайвандҳои дастрасӣ

Пешниҳод барои бузург кардани Душанбе aз ҳисоби деҳоти атроф


Душанбе

Вакилони маҷлиси шаҳри Душанбе 10 рӯз баъд ҷамъ меоянд ва бузургтар кардани қаламрави пойтахтро баррасӣ мекунанд, ки сол то сол барои аҳолии афзояндаи он танг мешавад.

“Тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе» - яке аз мавзуъҳои иҷлосияи 17-уми Маҷлиси вакилони мардумии шаҳри Душанбе аст, ки рӯзи 18-уми декабр баргузор мешавад.

Қарори баргузории ҷаласаро Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе рӯзи 7-уми декабр ба имзо расонидааст. Дар он омадааст, ки дар ин ҷаласа вакилони мардумии пойтахт, гузориш дар бораи натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар ёздаҳ моҳи имсол ва тарҳи буҷаи шаҳри Душанбе, барои соли 2019 - ро баррасӣ мекунанд.

Масъалаи саввум ва яке аз масъалаҳои муҳим дар бораи тағйир додани сарҳади маъмурии шаҳри Душанбе аст, ки ба тадриҷ аз ҳисоби ноҳияҳои атроф бузургтар мешавад.

Яке аз афроди огоҳ аз мавзуҳои ҷаласа аз ҳукумати Душанбе рӯзи 8-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, “дар ҷаласа масъалаи васеътар кардани қаламрави пойтахт аз ҳисоби деҳоти атрофи он баррасӣ мешавад.”

Аксари деҳоти атрофи Душанбе ба ноҳияи Рӯдакӣ тааллуқ доранд ва аз ҷумла бозори азими Корвон дар Душанбе, ки аксарият фикр мекунанд, мутааллиқ ба қаламрави пойтахт аст.

Аввалин роҳи сетабақа дар Душанбе
Аввалин роҳи сетабақа дар Душанбе

Қаламрави шаҳри Душанбе чанд сол боз аст, ки бар асоси нақшаи умумии бозсозии шаҳр сурат мегирад. Ба гуфтаи мақомот иҷрои нақшаи умумӣ ва аз ҷумла васеътар кардани пойтахт, “имкон медиҳад, вазъи иқтисоди Душанбе ва шароити зиндагиву кори мардум дар он беҳтар шавад ва ҳамингуна пойтахт ба тадриҷ рушд карда ва “ба як маркази бузурги саноатӣ ва фарҳангии Тоҷикистон табдил ёбад.”

Ба гуфтаи муаллифони барнома, “дар Душанбе суръати афзоиши аҳолӣ дар муқоиса ба суръати васеътар шудани қаламрави он баландтар аст, ки ин сабаби кундии шаҳрсозӣ мешавад ва имкон намедиҳад, нерӯи корӣ ба таври дуруст истифода шавад.

Масоҳати шаҳри Душанбе бештар аз 126 километри мураббаъро ташкил медиҳад ва то 1-уми июни соли 2018 шумораи аҳолии он ба 900 ҳазор нафар мерасид.

Вале ба гуфтаи мутахассисон, бо назардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва ҳамчунон муҳоҷирати дохилӣ аз навоҳии атроф ва ҳам рустоҳои дур ба Душанбе, дар пойтахт бештар аз 1 миллион нафар зиндагӣ мекунанд.

Аз назари зичии аҳолӣ Душанбе дар Тоҷикистон яке аз мақомҳои аввалро мегирад, чун дар ҳар як километри мураббаъи он тақрибан 6400 нафар зиндагӣ мекунанд.

Қаламрави Душанбе бори аввал нест, ки аз ҳисоби ноҳияҳои атроф бузургтар мешавад, аз ҷумла дар гузашта, бахше аз ноҳияи Варзобро, ки канори Душанбе аст, ба пойтахт доданд.

Баъди ба мақоми раиси шаҳри Душанбе расидани Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2017, иҷрои барномаҳои бозсозӣ ва ободонӣ суръат гирифт.

Дар моҳи марти имсол ҳамчунин ҳукумат Барномаи рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Душанбе то соли 2025 тасдиқ кард ва васеътар кардани қаламрави пойтахт, яке аз бахшҳои ин барнома дониста мешавад.

Аммо бозсозии пойтахти Тоҷикистон бахусус хиёбонҳои марказии он бо баҳсу кашмакаш ва интиқодҳо ҳамроҳ буд.

Ҷомеаи маданӣ аз ҷумла мақомотро танқид карданд, ки биноҳои қадимаи маркази шаҳрро, ки арзиши фарҳангиву таърихӣ доштанд вайрон карда ва ба ҷойи онҳо баландошёна месозанд.

Дигар масъала ҷуброн гирифтани соҳибони манзилҳое буд, ки онҳоро вайрон карданд. Теъдоде аз ин сокинон мегуфтанд, ки пули пешниҳодшуда дар ивази хонаҳояшон бисёр кам аст ва ё манзиле ки ба онҳо медиҳанд, арзиши баробар бо моликияти онҳоро надорад.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG