Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Душанбе - мизбони "лашкари мардикорони ҷавон"


Бино бар гузориши созмонҳои байналмилалӣ, дар Тоҷикистон наздик ба 200 ҳазор кӯдак ба меҳнат ҷалб шуда, 10 ҳазор нафари онҳо дар кӯча кор мекунанд.

Ба хотири осонии дарёфти кор, ин кӯдакон асосан дар шаҳрҳо ба сар мебаранд ва пар пояи ин гузориши Созмони Ҷаҳонии Кор, беш аз 80 дарсади кӯдаконе, ки дар кӯча кор мекунанд, дар шаҳри Душанбе ҳастанд.

Ин аст, ки ЮНИСЕФ ё Сандуқи байналмилалии ҳифзи кӯдаки СММ дар ҳамкорӣ бо шаҳрдории Душанбе, феълан ба хотири таъмини амнияти ин кӯдакон барномаеро руйи даст гирифтааст, ки ҳадафи аслӣ ҳам бехатарии онҳо буда ва ҳам то андозае баргардонидани ин кӯдакон ба хонаводаашон аст.

Тоҳир, як навраси тоҷик аз шаҳри Кӯлоб, ки 15 сол дорад, се моҳ боз дар яке аз бозорҳои пойтахт аробакашӣ мекунад. Тоҳир падар надорад ва мегӯяд, бо мақсади хӯронидани бародару хоҳар ва модари танҳояш маҷбур шуд ба Душанбе биояд: «Онҷо агар кор мебуд, инқадар мардум инҷо намеомад. Онҷо ҳам бозор дорад, кор карда мешаваду боз Душанбе дигар да. Дар як моҳ аз панҷсад то ҳазор сомонӣ пул кор мекунам.»

Ба гуфтаи Тоҳир ӯ ҳамроҳ бо як ҳамшаҳриаш дар пойтахт дар хонаи иҷора зиндагонӣ мекунад.

Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ
Ҳамид Асоев, сокини ноҳияи Файзобод, ки 10 сол боз дар бозори «Шоҳмансур»-и шаҳри Душанбе аробакашӣ мекунад, аз тақдири ин кӯдакони хиёбонӣ огоҳ аст. Ҳамид мегӯяд, онҳо асосан аз шаҳру ноҳияҳои дуру наздики Тоҷикистон буда, баъзеашон дар хонаи хешу табор, иддаи дигар дар хонаи иҷора ва ҳатто аксар дар канори хиёбону кӯчаҳо зиндагонӣ мекунанд.

Ба гуфтаи Ҳамид, тӯдаи зиёди кӯдакон, ба хусус дар таътили тобистона аз ҳар ҷо ба шаҳри Душанбе мерезанд: «Аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ҳастанд. Аз Кӯлобанд, аз Шӯрообод. Хуб мешуд агар он кӯдаконе, ки падару модар надоранд, ба мактабҳои махсус ҷалб карда шаванд, аз ин хел сарсону саргардон гаштан, беҳтар аст ки хонанд.»

Ҳикмат, як ҷавони 27-солаи тоҷик қариб, ки сарнавишти Тоҳирро дорад. Ҳикмат низ падар надорад ва аз синни ноболиғӣ барои дарёфти ризқу рӯзӣ аз хона бадар шуд. Ӯ дар шаҳри Душанбе одами нав нест. Наздики 10 сол мешавад, ки дар бозор аробакашӣ мекунад. Мегӯяд, бо маблағи аробакашӣ оила бунёд намуда, ҳоло интизори фарзанд аст: «Зиндагӣ маҷбур кард, хестем омадем ҳамин ҷо. Дар хонаи иҷора мешинем се нафар, моҳе ҳар яке сад сомонӣ, сесад сомонӣ месупорем. Дар зиндагӣ мехоҳем, ки соҳиби касбу коре шавем, вале ҳамон шароит нест барои таҳсил кардан охир.»

Аксари он нафароне, ки деҳаҳои худро тарк мекунанд ва рӯ ба шаҳр мениҳанд, набуди ҷойи кор ва шуғли муносиб дар зодгоҳашонро сабаб пеш меоранд.

Насриддин, сокини ноҳияи Шӯрообод ҳам чанд сол аст, ки бо ду фарзандаш дар Душанбе кафшергарӣ мекунад ва моҳе ду маротиба ба дидори аҳли хонаводааш мушарраф мешавад. Вай мегӯяд, дар пойтахт сехи дарвозасозӣ дорад: «Мо дар вақташ ҳамин ҳунарро аз худ кардем. Бояд аз рӯйи ихтисос кор кунӣ ку, дар деҳа чӣ кор мекунӣ, барои дарёфти ризқу рӯзӣ ҳаракат кардан даркор. Дар деҳа бошад, барқ нест. Ман сваршикам, бе қувваи барқ кор карда натавонам. Бар замми ин дар деҳа харидори дарвоза қариб, ки нест. Ду шохаро мемонанду говро дар он мебанданду тамом. Онҳое, ки ҳунар надоранд дар деҳа мемонанду белу каландро гирифта, побел карда мегарданд».

Раванди кӯчиши мардуми деҳот ба шаҳр аз соли 1992, аз даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон оғоз шудааст. Табақаи дуввум дар охири солҳои 90- ум ва аввали солҳои 2000 ба сабаби мушкилоти зиндагӣ деҳаро ба қасди шаҳр тарк кардаанд. Аммо дар чанд соли ахир таҳаввули дигаре ва он ҳам аз сӯи кӯдакону ҷавонон тарк шудани деҳот ба мушоҳида мерасад.

Ин кӯдакону ҷавонон дар бархе аз мавридҳо бе иҷозати волидайн ба хотири дарёфти қутти лоямут ба шаҳри Душанбе меоянд. Миёни ин кӯдакону навҷавонон аксарият аз хонаводаҳои камбизоат ва бидуни сарпаноҳ ҳастанд.

Музаффар Зарифов
Музаффар Зарифов
Музаффар Зарипов, раиси созмони «Муҳоҷират ва рушд» мегӯяд, ин раванд ба теъдоди афроди деҳотӣ афзуда ва боиси коста шудани фарҳанги шаҳрнишинӣ шудааст: «Он нафароне, ки 20 сол пеш аз шаҳр баромада рафтанд, он қадар шаҳри имрӯзаи Душанберо баҳои хуб намедиҳанд. Ин ҳам маънои онро дорад, ки маданияти шаҳрнишинии феълии мо ба талаботи меҳмононе, ки аз хориҷ мебиёянд, ҷавобгӯ нест. Мо наметавонем дар автобусу троллейбусҳои Душанбе роҳат шинем.»

Ин ҳам дар ҳолест,ки ба гуфтаи Ҷовид Ҷӯраев, ҷомеашиноси тоҷик, падидаи мазкур паёмади хуб дошта наметавонад. Зеро ба таъкиди вай, феълан дар ин самт на сохтору хадамоти зарурӣ амал мекунад ва на иқтисоду иҷтимои мо ба ин падида ҷавоби мувофиқ дода метавонад.

Ҷомеашиноси тоҷик бар ин назар аст, ки аз меъёр зиёд шудани аҳолии шаҳр, ки феълан ба беш аз 1,5 миллион нафар расидааст, ҳам барои сокинони шаҳр ва ҳам худи кӯдаконе, ки аз деҳа омадаанд, дастрасӣ ба зербинои иҷтимоиро мушкил мегардонад.

Аз ҷониби дигар Ҷовид Ҷураев мӯътақид аст, ки дур мондани ин кӯдакон аз таҳсил ояндаи дурахшони онҳоро зери суол мебарад: «Ӯ ба ягон корҳои ношоям даст зада метавонад, ба ягон меҳнате, ки ба рушду камоли ӯ таъсири манфӣ расонида метавонад, ки онро бештар шаклҳои вазнини меҳнати кӯдак мегӯянд. Як ҳуқуқвайронкунии бисёр вазнин аст. Яъне, умуман ҷалб гаштани кӯдак ба меҳнат ягон натиҷаи хуб ба ӯ ва ҷомеа дода наметавонад. Агар ӯ имрӯз се чор сомонӣ ёбад ва мушкилоти имрӯзаи худро ҳал менамояд, лекин дар оянда он меҳнате, ки ӯ ҳоло мекунад, аз фақру нодорӣ ӯро ҳеҷ гоҳ бароварда наметавонад.»

Соҳибназарон, мегӯянд, кӯчи ҷавонону кӯдакон аз деҳот ба шаҳр дар ҳолест, ки беш аз 1 миллион нафар аз аҳолии Тоҷикистон, ки аксарияти онҳо ҷавононанд, ба Русия муҳоҷир шудаанд.
XS
SM
MD
LG