Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бори сангини зиндагӣ бар шонаҳои хурду лоғар


Бахтовари 12-сола мегӯяд, "чӣ хел мактаб хонам бе либосу китобу сумка? Кор мекунам. Пул ки ёфтам, ҳама чиз мехарам, баъд мехонам”.

Бо Бахтовар мо дар яке аз бозорҳои пойтахт вохӯрдем. Вай мегӯяд, ду соли пеш аз ноҳияи Шаҳритус , 200-километрии ҷануби пойтахт, ба Душанбе омадааст. Вай модар 4 хоҳару бародари хурдсол ва падарандар дорад. Бахтовар мегӯяд, вай бояд дар синфи панҷум таҳсил мекард, вале аз он ки пойафзолу либос ва китобу дафтар надошт, бо маслиҳати ҳамсолони дигари оворагардаш хонаву мактабро тарк карда, ба шаҳри Душанбе омад.

Аммо Бахтовар мегӯяд, вай намехоҳад талбандагӣ кунад. Мехоҳад ба ивази кораш пул ба даст биёрад. Бозор ва атрофи он барои Бахтовари 12-сола ва даҳҳо мисли ӯ кӯдакони дигар ҳам манбаи ғизо, ҷойи хоб ва низ сарчашмаи дарёфти кисахарҷиву таъмини оила ҳам мебошад, аммо на ҳамеша. Чунки аксари корафтодагони бозор аз додани борхалтаҳояшон ба дасти ӯ барои ёрӣ худдорӣ мекунанд. Яке барои он, ки Бахтовар ҷисман хурду лоғар аст, дигарӣ либоси куҳнаву фарсудаи ӯро дида меҳаросад, ки мабодо аз гурӯҳи дуздбачаҳои бозор бошад. Вале ба гуфтаи худи ӯ, рӯзҳои ахир кораш барор кардааст ва баъзан метавонад аробакашӣ кунад:

“Албатта мехостам бо ҳамсолонам хонам, лекин нашуд. Хайр, рафта як соли дигар дар синфи панҷ мехонам. Падар надорам, падари угай дорам, вай ҳам дар Русия аст. Пул барои мо намефиристад”. Ман аз аробакашӣ баъзан 10-15 сомонӣ меёбам, ба модарам мефиристам, баъзан ҳеҷ чиз кор намекунам”.

Ба гуфтаи коршиносон, тайи ду се соли ахир дар кӯчаву хиёбон ва бозорҳои пойтахт кӯдакони хиёбонӣ, ки бахши аъзами онҳо сокини навоҳии дурдасти кишваранд, нисбат ба 5-6 соли пеш то андозае камтар ба чашм мерасид, зеро шаҳрдорӣ тибқи як дастур гаштугузор, талабандагӣ ва сарпаноҳ ихтиёр кардани кӯдакони овораро дар даромадгоҳҳои биноҳоии истиқоматии маркази пойтахт ва атрофи бозорҳо манъ карда буд. Ва теъдоде аз ин кӯдаконро ба ятимхонаҳо ва интернатҳо супурданд ва қисме ба хонаҳояшон баргардонида шуданд.

Аммо бо шуруи бӯҳрони молӣ феълан шумори кӯдакони хиёбонӣ дар кӯчаву бозорҳои Душанбе ва дигар шаҳрҳои калони кишвар ба маротиб афзудааст ва таҳлилгарон ҳадс мезананд, ки шояд теъдоди ин кӯдакон боз ҳам бештар шавад ва ин кӯдакон метавонанд ба гурӯҳҳои ҷиноятпеша пайванданд ва ё ҳадафи гурӯҳҳои мафиоёзӣ, қочоқбару нашъаҷаллоб қарор гиранд.

Зарафо Раҳмонӣ, коршиноси мустақил, ягона роҳи ҳалли ин мушкилро,дар ғамхорӣ ва барномаҳои ҷиддиву фарогири ҳукумат дар ҳаққи ин кӯдакон ва кумаку мусоидати созмонҳои байналмилалӣ медонад: “Барои як кишваре мисли Тоҷикистон, ки шашуним, ҳафт миллион аҳолӣ дорад, 10 000 кӯдаки овораву хиёбонӣ хеле зиёд аст. Ба назари ман, бояд натанҳо ҳукумат, балки созмонҳои байнулмилалӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили “Наҷоти кӯдакон”, ки бо масоили кӯдакон сарукор доранд, дар ин замина кӯшишу талошҳои чашмрас анҷом диҳанд”.

Ҷовид Ҷӯраев, корманди созмони байнулмилалии “Наҷоти кӯдакон” мегӯяд, ин созмон барномаи вижаеро оид ба кӯмак ба кӯдакони хиёбонӣ рӯи даст дорад, ҳарчанд ин барнома наметавонад теъдоди зиёди ин тифлонро фаро бигирад, аммо ба ҳар сурат қадами муҳимест дар ҳалли мушкилоти ин кӯдакони ниёзманд ва ҳамчунин осебпазири ҷомеаи Тоҷикистон.

Созмони байнулмилалии “Наҷоти кӯдакон”, дар солҳои 2007-2008 теъдоди кӯдакони хиёбониро дар Тоҷикистон 10 000 нафар баршумурдааст, ки 3 000 онҳо дар шаҳри Хуҷанд - маркази вилояти Суғд ба қайд гирифта шудаанд. Бино ба омори расмӣ, то имрӯз танҳо 7 дарсади ин кӯдакон ба мактаб ва оила баргардонида шудаанд.

Ҳонгвей Гао, раҳбари намояндагии бунёди ҳимоят аз атфоли СММ ё ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ҳарчанд ин созмон барномаи махсусе дар робита ба кӯдакони хиёбонии Тоҷикистон надорад, аммо дар ҳамкорӣ бо вазорати дохилаи ин кишвар, як маркази муваққатӣ барои кӯдакони хиёбонӣ таъсис додаст, ки дар он кӯдакони оворагард бо ғизои ройгон ва ҷойи хоби муваққатӣ таъмин мешаванд, то дар тӯли ин муддат падару модар ва хешу табори онҳо пайдо шаванд ва онҳоро ба хона баргардонанд.

Ҳонгвей Гао, раҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, гуфт, ки ҳоло дар баробари насли нави Тоҷикистон дар баробари мушкилоти иқтисодӣ чолишҳои мисли имконияти маҳдуди дастрасӣ ба таҳсилу хадамоти беҳдошт қарор дорад, ки ҳалли худро мехоҳад:

“Насли нави Тоҷикистон имкониятҳои баробари дастрасӣ ба таълим, беҳдошт ва ғизоро надоранд. Ва ҳуқуқҳои онҳо ба таври баробар ҳимоя намешавад. Ба кӯдакони тоҷик хатари маргумир ҳангоми таваллуд таҳдид мекунад. Ва як мушкили дигарро мехоҳам таъкид кунам. Ин кӯдакони маюбанд, ки аз назари ҷомеъа пинҳон мондааст. Ва умедворам, ки ҷомеа дар ҳаққи онҳо ғамхоии бештар зоҳир мекунад”.

Ба андешаи аксар таҳлилгарон, масъалаи кӯдакони хиёбонӣ дар Тоҷикистон шабеҳи солҳои 1920-ум аст, ки ҳукумати Шӯравӣ тоза рӯи кор омад ва дар хиёбонҳои шаҳрҳои калонтарини Иттиҳоди Шӯравӣ атфоли бесарпаноҳу оворагард зиёд шуд. Он вақт ҳукумати Шӯравӣ масъалаи атфоли хиёбониро бо ташкили интернату мактабҳои вижаи тарбияи касбии наврасон ҳал кард. Аммо ҳоло, мегӯянд коршиносон, ин усул дигар кӯҳна шуда ба кор намеояд. Роҳҳои бо тарбияи хонагӣ фаро гирифтани ин атфол, ҷалби онҳо ба таҳсил ва омӯзиши касбҳои ноноварро бархе чун яке аз роҳҳои дурусти ба ҳаёти созанда баргардонидани ин кӯдакон медонанд.
XS
SM
MD
LG