Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишваре бо 600 ҳазор кӯдаки хиёбонӣ


Бо идомаи хушунатҳо дар Афғонистон шумори кӯдакони хиёбонӣ дар ин кишвар то рафт афзоиш меёбад. Дар айни замон дар ин кишвари ҷангзада дасти кам 600 ҳазор кӯдаке ба қайд гирифта шудааст, ки рӯзии худро дар хиёбонҳо тавассути талбандагиву корҳои сиёҳ ва хизмату тиҷорат пайдо мекунанд.

Баъди аз қудрат барканор шудани Толибон дар соли 2001 35 миллиард пули ҷомеаи ҷаҳонӣ барои кӯмак дар барқарории ин кишвар ироа шуд, вале фасоду ришвати фаровон вазъро аз буда ҳам бадтар мекунад.

Созмони имдодрасони “Ошёна”, ки бо бунёди ҳамноми амрикоиаш ҳамкорӣ мекунад, талош дорад ба атфоли хиёбонии ятиму бепарастор кӯмак кунад, то ки онҳо соҳиби саводу як бурда нони гарм шаванд.

Барномаи кумаки «Ошёна» ба кӯдакони хиёбонӣ

Патриша Собермен президенти бунёди амрикоии “Ошёна” дар Амрико аст. Ӯ мегӯяд, фаъолияти ин созмон 15 сол идома дорад ва ҳоло кори ҳамарӯзаи онҳо иборат аз он аст, ки ба ин гурӯҳи кӯдакон ғизои гарм дода ҳузури онҳоро дар мактаб таъмин кунанд. Хонум Патриша афзуд, мақсади онҳо ин аст, ки кӯдакони хиёбонии Афғонистон ақаллан саводи ибтидоии хатту хониш ва ҳисоби оддиро аз худ кунанд. Барномаҳои созмони “Ошёна” ба шаш ҳазор кӯдаки афғон равона шудааст, ки дар 16 мактаби маҳаллӣ дарс мехонанд:

“Дар саросари Афғонистон 600 ҳазор кӯдаки коргари хиёбонӣ ба сар мебарад. Фаъолияти созмони “Ошёна” дар шаҳрҳову қароргоҳҳои муҳоҷирон ба роҳ монда шудааст. Баъзе созмонҳо дар манотиқи рустову дурдаст фаъолият мекунанд. Мо дар маҳалҳои шаҳрнишин кор мекунем, маъмулан дар ин ҷоҳо шумори кӯдакони гуруснаву аз таҳсил дурмонда зиёд аст”.

Тибқи ҳисобҳои Комиссиюни мустақили ҳуқуқи инсон дар Афғонисттон танҳо дар Кобул шумори кӯдакони хиёбонӣ 60 ҳазор нафарро ташкил медод. Аз хонум Патриша пурсидам, оё онҳо ба чӣ роҳ таҳсили кӯдакони хиёбониро дар мактабҳо таъмин мекунанд? Ӯ гуфт:

“Вақте кӯдакон имконияти ҳар рӯз таҳсил карданро пайдо мекунанд, онҳо дигар наметавонанд рӯзона пул кор кунанд. Мо ба хонаводаҳои ин кӯдакон моҳе 20 доллар медиҳем, то ки онҳо иҷоза бидиҳанд, ки фарзанди онҳо ба таври доимӣ дар мактаб таҳсил кунанд. Корманди масъули мо таҳсили доимии кӯдаконро дар мактаб назорат мекунад ва танҳо баъди таъйиди ӯ охири ҳар моҳ ба падару модари ин тифл пул дода мешавад. Барои гирифтани пул онҳо ҳамроҳ бо тифл меоянд”.

Насли қурбонии ҷангҳо

Маъмулан кӯдакон дар хиёбонҳои шаҳру манотиқи Афғонистон бо фурӯши халтаву ширинӣ ва ё поксозии пойафзол машғул мешаванд. Созмонҳои имдодрасон мегӯянд, ки бо тавсеаи ҷанг эҳтиёҷоти кӯдакон ҳам афзоиш меёбад ва аз эҳтимол дур нест, ки шумори чунин кӯдакон ҳам зиёд шавад. Бунёди “Ошёна” мегӯяд, як ҳадафаш ин аст, ки кӯдакон баъди хатми мактаб дубора ба кӯча барнагарданду балки бо омӯзиши касбу шуғли муайян зиндагии мустақилонаро ба роҳ монанд. Вай гуфт, кӯмаки пайвастаи онҳо ба кӯдакони хиёбонӣ ҳосили тоза ба бор меорад:

“Як чизи ҷолиб ин аст, ки худи кӯдакон ба ҳисобдорӣ шурӯъ карданд. Фарз кардем, онҳо бо ёрии мо каме пул ба даст меоранд, ҳатто агар чанд тангаи ночиз ҳам бошад. Онҳо ин пулро дар ҳисоби худ мегузоранд. Вақте пул ҷамъ мешавад, онро ба шакли қарз ба кӯдакони дигар ва ё ба падару модарҳои дигар пешниҳод мекунанд. Он касе, ки дар фикри боз кардани як тиҷорати хурди худ аст, метавонад аз ин пул истифода кунад. Маъмулан онҳо пулҳоро барои шурӯи кори либосдӯзӣ, сартарошхона ва ё кори дигаре мисли ин сарф мекунанд”.


Сарнавишти талхи Бунафша

Дар миёни кӯдакони хиёбонии афғон ҳам духтарҳо ва ҳам писарҳоро дидан мумкин аст, ки ҳар соату ҳар лаҳза бо чолишҳои нав рӯбарӯ мешаванд. Патриша Собермен аз сарнавишти як духтаре ёдовар шуд ва гуфт:

“Як духтаре бо номи Бунафшаро мисол меорам. Вай бо талбандагиву ҷамъоварии хӯрок рӯзи худро мегузаронд. Аммо падари нашъаманди ӯ мехост, ки духтараш на хӯрок, балки пул биёрад, то ки вай ҳероин истеъмол кунад. Бисёр кӯдакон бо чолишҳову мушкилоти сахт рӯбарӯ ҳастанд. Ҳоло мо дар фикри инем, ки барои ин атфол шифохонаи бемориҳои кӯдакона ва ҳам клиникаи равоншиносӣ таъсис диҳем, то ки ба ин кӯдакон барои раҳоӣ аз бемориҳо кӯмак шавад. Тирамоҳи имсол шифохонаи мо ба кор шурӯъ мекунад ва умедворем, ки ба зудтарин фурсат клиникаамонро ҳам ба кор меандозем”.

Ҳарчанд бо далелҳои амниятӣ фаъолияти созмонҳои мисли “Ошёна” дар манотиқи таҳти контроли Толибон ба роҳ монда нашудааст, вале дар минтақаҳои дигар ҳам барои онҳо кори зиёд пайдо мешавад. Ҳоло кӯдакони зиёди афғон ба кӯмаки иҷтимоиву ҳуқуқӣ ниёз доранд.
XS
SM
MD
LG