Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар Бодканд. ВИДЕО, АКС


Азим Иброҳим, муовини сарвазири Тоҷикистон ва Акрам Мадумаров, муовини нахуствазири Қирғизистон. Бодканд, 21-уми феврали 2020

Рӯзи 21-уми феврал дар вилояти Бодканди Қирғизистон, ҳаммарз бо вилояти Суғди Тоҷикистон, ҷаласаи Кумисюни байнидавлатии ду кишвар дар масъалаҳои марзӣ баргузор шуд. Ҳайати Тоҷикистонро дар ин мулоқот муовини сарвазири кишвар Азим Иброҳим ва ҳайати Қирғизистонро муовини нахуствазир Акрам Мадумаров раҳбарӣ карданд. Дар оғози моҳи феврал Ҷениш Раззоқов, муовини пешини сарвазир ва раҳбари ҳайати Қирғизистон дар музокироти марзӣ бо Тоҷикистон, аз ин мақом истеъфо дод.

Хабарнигори бахши қирғизии Радиои Озодӣ Ҷениш Айдаров, ки нишастро мушоҳида кардааст, мегӯяд, Кумисюнҳои ҳукуматӣ оид ба аломатгузории марз ба идомаи баррасии мувофиқаҳои қаблан ҳосилшуда пардохтанд.

Муовини нахуствазири Тоҷикистон Азим Иброҳим дар лаҳзаҳои аввали пеш аз шурӯи ҷаласаи пушти дарҳои баста гуфт, ҳангоми қабули қарор дар масоили марзӣ набояд ба кӯтаҳиҳо роҳ дод ва назари ҳарду ҷониб ҳам бояд ба эътибор гирифта шавад. Ба гуфтаи ӯ, сокинони маҳаллӣ бояд ба кори гурӯҳҳои корӣ эътимод кунанд:

«Бовар дорам, фикру андешаҳои мо дар заминаи 144 км марз, ки қаблан сӯҳбат карда будем, ба ҳам наздик аст. Аз рӯи ин масъала мо ба тавофуқи назар даст ёфтем. Маводҳо омода ҳастанд. Дар ҷаласаи васеъ мо назари ҳарду ҷонибро хоҳем шунид. Дар заминаи табодули қаламравҳо ҳоло ҳар чиз менависанду мегӯянд. Вале мо бояд манфиати ҳарду ҷонибро ба назар гирем. Ин масъалаи содда нест. Вале аз рӯи он ҳам чанд роҳ вуҷуд дорад. Барои ҳамин ҳам мо бояд ҳамаи онҳоро баррасӣ кунем. Ҳоло масъала аз назари истифодаи замин ва захираҳои обӣ баррасӣ мешавад. Мо инро ҳал карда метавонем. Ҳеҷ як шаҳрванд зарар намебинад. Дар ҷаҳон чунин намунаҳо зиёд ҳастанд. Масалан, дар кишварҳои аврупоӣ намунаи ҳалли чунин масъалаҳо вуҷуд дорад», гуфт Азим Иброҳим.

Музокироти марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар Ботканд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:04 0:00

Акрам Мадумаров, муовини нахуствазири Қирғизистон гуфт, ки ҳарду ҷониб дар андешаи ҳалли масоили марзӣ ҳастанд, аз ин хотир ин мулоқот дар силсилаи музокироти натиҷабахши оянда бояд иқдоми аввал шавад. Ӯ гуфт:

«Мо умедвор ҳастем, ки масъалаҳои мавриди баррасии рӯз ба зудӣ ба манфиати мардумони дӯсту бародари мо ҳал мешавад. Фикр мекунам, ки ин мулоқот барои муваффақиятҳои баъдӣ заминасозӣ мекунад. Ҳарду кишвар ба дарки масъала мераванд. Мардуми қирғизу тоҷик аз қадимулайём дар ҳамсоягӣ зиста ба ҳам дар рӯзҳои сахт кӯмак кардаанд», гуфт ӯ.

Музокироти миёни ҳайатҳо ду рӯз идома мекунад ва ҷонибҳо асосан протоколи 14 январ имзошударо баррасӣ хоҳанд кард. Дар ин санад, ки аз шаш бахши борат аст, ба гурӯҳҳои корӣ супориш шуд, ки тарҳи хатти марзро дар тӯли 114 км бикашанд ва гурӯҳҳои топографӣ то 1 марти соли 2020 имкониятҳои табодули баробари қитъаҳои заминро бо ҳам ҳамоҳанг кунанд. Вале феълан ҷузъиёти зиёд дар ин замина маълум нест.

Ба иттилои расонаҳои Қирғизистон, дар Бодканд рӯзи 21-уми феврал мулоқоти раҳбарон вилоятҳои ҳамсарҳад – аз Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва аз Бодканд Алишер Абдураҳмонов – барпо шудааст. Абдураҳмонов ҳам тоза ба ин мақом таъин шудааст. Ҷонибҳо бори дигар ба зарурати идомаи ҳамкориҳои муштарак дар доираи Кумисюни байниҳукуматии аломатгузории марз таъкид карда, назму тартибот ва ҷилавгирӣ аз ҳама гуна низоъҳоро ҳамчун шарти муҳими таъмини субот дар минтақаи марзӣ арзёбӣ кардаанд.

Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти Бодканд
Ҳайати Тоҷикистон дар мулоқоти Бодканд

Ин мулоқот дар ҳоле барпо мешавад, ки изҳори назарҳои ахири як генерали тоҷик дар бораи бӯҳрони марзии Тоҷикистону Қирғизистон мояи асабонияти бархе аз мақомдорон дар кишвари ҳамсоя шудааст.

Сардори Раёсати умури дохилии Суғд Абдулло Навҷувонов дар нишасти хабарии 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл карда ва гуфтааст: "Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеҷ гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Ин суханҳо мояи интиқоди сиёсатмадорону бархе мақомоти низомии Қирғизистон шуд. Дар вокуниш ба ин интиқодҳо Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, суханони сардори Раёсати умури дохилии Суғд дар бораи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон ва мақоми таърихии Бодканд танҳо "фикри шахсии ӯст" ва "мавқеи расмӣ ба шумор намеравад".

Нозирони вазъ мегӯянд, раддубадалҳои мухталиф баёнгари ҳассосияти масъала барои ҳарду ҷониб аст.

Бархе аз журналистон ва коршиносон, ки аз вазъ дар ҳарду ҷониби марз дидан кардаанд, мегӯянд, дурнамои табодули қаламравҳо, ки тарҳи аввалаш қарор аст дар оғози моҳи март омода шавад, сокинони наздимарзиро дар ташвиш гузоштааст.

Дар музокирот мақомоти дигари ду кишвар ҳам иштирок карданд
Дар музокирот мақомоти дигари ду кишвар ҳам иштирок карданд

Аксарият дар ҳарду ҷониби сарҳад намедонанд, ки шарти табодули марзӣ аз чӣ иборат мешавад ва то куҷо ҳуқуқи онҳо риоя хоҳад шуд.

Дар як мусоҳибаи ахираш бо Радиои Озодӣ собиқ муовини сарвазири Қирғизистон Ҷениш Раззоқов ҳафтаи гузашта таъкид кард, ки ҳама табодул баробар ва бо назардошти хости мардум сурат мегирад.

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG