Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир суханони Навҷувоновро дар бораи Бодканд "назари шахсии ӯ" гуфт. ВИДЕО


Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки суханони сардори Раёсати умури дохилии Суғд дар бораи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон ва мақоми таърихии Бодканд танҳо "фикри шахсии ӯст" ва "мавқеи расмӣ ба шумор намеравад". Изҳороти Абдулло Навҷувонов дар як ҳафтаи ахир боис ба вокунишҳои зиёд дар Қирғизистон шуд.

Генерали тоҷик дар нишасти хабарии 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кард. Ӯ гуфт: "Агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеҷ гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Баъзе аз мансабдорони баландпояи низомии Қирғизистон ба ин суханон вокуниш карда ва гуфтанд, "Бодканд ҳаргиз сарзамини тоҷикон набуд".

Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон, рӯзи 18-уми феврал ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе ва дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, суханони генерал Навҷувонов дар нишастҳои расмӣ садо надодааст ва бинобар ҳамин, назари расмӣ ба шумор намеравад.

Ӯ айни замон таъкид кард, ки "ибрози назари генерали тоҷик ва бархе назарҳо аз ҷониби Қирғизистон бояд аз сӯи таърихнигорон ва бостоншиносон дақиқ карда шавад".

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Шарҳи ВКХ дар бораи суханони генерал Навҷувонов
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:24 0:00

Дар пайи изҳори назари Абдулло Навҷувонов, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умедворанд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфт, "Бодканд ҳеҷ гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Ин изҳороти ду ҷониб боиси он шудааст, ки рӯзи 18-уми феврал чанд нафар дар назди сафорати Тоҷикистон дар Бишкек ҷамъ омада, хостори назари расмии ҷониби Тоҷикистон ба изҳороти генерал Навҷувонов шуданд.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

Сироҷиддин Мӯҳриддин ба он таъкид кард, ки ҳалли масоили марзӣ миёни Душанбеву Бишкек ба иҷрои дурусти созишномаҳо вобаста аст, ки 16 сол пеш имзо шуда, ҳоло идома дорад.

Вазири корҳои хориҷӣ гуфт: "Аз тарафи дигар, барои ҳалли ин баҳсҳо асосҳои ҳуқуқӣ муҳим аст. Ба ҷойи онки мо инро ба назар бигирем ва дуруст амалӣ созем, рӯз аз рӯз ин ба назар гирифта намешавад ва гурӯҳи одамоне аз ҷониби Қирғизистон ҳастанд, ки барои муташанниҷ шудани вазъ дар ҳамин минтақаҳо мусоидат мекунанд".

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG