Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Маняк"-и тоҷик дар Новгород маризи рӯҳӣ будааст


Як шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба қатли 4 нафар дар вилояти Новгороди Русия айбдор мешуд, аз тарафи экпертизаи тиббиву додгоҳӣ маризи рӯҳӣ эътироф шудааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, Дӯстмурод Илёсови 21-сола дар таърихи 27 май дар рустои Окуловка 4 нафар – як марду се занро бо корд куштааст. Ибтидо аҷсоди як марду як зан дар яке аз манзилҳои Окуловка пайдо шуда, баъди чанде дар ду манзили дигар аҷсоди боз ду зани дигарро бо аломатҳои марги иҷборӣ кашф кардаанд. Гуфта мешавад, як шаҳрванди Узбакистон низ мавриди ҳамлаи муҳоҷири тоҷик қарор гирифтааст, вале тавонистааст муқовимат нишон дода, худро аз чанголи марг бираҳонад. Ин муҳоҷири узбак бо захмҳои вахими корд муддати тӯлоние дар бемористон таҳти табобат қарор доштааст.

Людмила Сергеева, ёвари аршади раҳбари идораи тафтишоти вилояти Новгород ба хабаргузории русии Росбалт гуфтааст, Дӯстмурод Илёсов ин ҳамлаҳоро дар ҳолати мастӣ анҷом додааст. Гуфта мешавад, Дӯстмурод Илёсов ҳамагӣ як сол қабл бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат аз Русия ихроҷ шуда буд, вале ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз он кушторҳои пурсарусадо дубора ба Русия баргашта, дар Новгород макон гирифта буд.

Тафтиши ин парванда беш аз ним сол идома ёфта, ҳоло табибон ба хулоса расидаанд, ки Дӯстмурод Илёсов маризи рӯҳист ва бояд таҳти табобати иҷборӣ қарор дода шавад. Дар ҳоли ҳозир, парвандаи Илёсов ба додгоҳ ирсол шудааст ва бояд додгоҳ муайян кунад, ки оё Илёсов маҳкум ба зиндон хоҳад шуд ё маҳкум ба табобати иҷборӣ дар бемористони амрози рӯҳӣ?

Дар ҳамин ҳол, нашрияи маҳаллии “Новгородские ведомости” хабар додааст, ки мақомот масъалаи ба муҷозот кашондани корфармои Дӯстмурод Илёсовро низ баррасӣ мекунанд. Андрей Алексеев, ёвари аршади додситони Новгород ба ин нашрия гуфтааст, соҳибкоре бо номи Ҷалилов бо вуҷуди ин ки сабти ном ва муҷаввизи кор надоштани Илёсовро медонист, ӯро дар хоҷагии фермериаш ба кор гирифт. Ба гуфтаи Алексеев, алакай се коргари дигари хоҷагии Ҷалиловро бо ҷурми вайрон кардани қоидаҳои кору иқомат дар қаламрави Русия ихроҷ карда будаанд, вале ӯ боз дидаву дониста боз як муҳоҷири ғайриқонуниро ба кор ҷалб кардааст. Ин соҳибкор зодаи Гурҷистон буда, баъди солҳои кору зиндагӣ дар Новгород шаҳрвандии Русияро ба даст овардааст.

“Новгородские ведомости” менависад, баъди куштори якбора 4 сокини Окуловка бо дасти коргари хоҷагии Ҷалилов сокинони маҳаллӣ қариб буд ба ошӯб бархезанд. Баъди ин соҳибкор аз Окуловка ба ҷои дигар кӯчидааст.
XS
SM
MD
LG