Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мардуми радди маърака: Муҳоҷирони корӣ дар Русия


Зиндагии муҳоҷирони корӣ дар Русия ҳеҷ гоҳ осон набуд. Вале ин мардум дар соли 2013 ба чолишҳои боз ҳам азимтаре рӯбарӯ шуданд.

Афзоиши қавмгароӣ ва калавишҳои иқтисоди Русия дар соли 2013 муҳоҷиронро ба як ҳадафи душманиву адоват табдил дода, зиндагии бе он ҳам талхи онҳоро дар ғурбат боз ҳам талхтар кардааст.

Бо ин ҳол садоҳое дар Русия баланд мешаванд, ки бояд бо кишварҳои Қафқоз ва Осиёи Марказӣ виза ҷорӣ шавад. Бино ба назарсанҷиҳо, шумори онҳое, ки аз ташдиди сиёсати муҳоҷират дар Русия пуштибонӣ мекунанд, меафзояд ва аз марзи 70 дарсад гузаштааст.

Ҷорӣ кардани виза бо кишварҳои Шӯравии собиқ - манобеъи асосии эъзоми муҳоҷирон ба Русия - ва шадидтар кардани қоидаҳои кору иқомат барои ин мардум дар Русия, аз ҷумла талаби донистани забони русиву ҳатто таъриху фарҳанги Русия, ба як қартаи умдаи муборизаи гурӯҳҳои мухталифи сиёсии нафақат қавмгаро дар ин кишвар низ табдил ёфтааст, ки як намунаи равшанаш интихоботи шаҳрдори Маскав дар моҳи сентябр буд. Дар ин маърака ҳам номзади ҳизби ҳоким Сергей Собянин, ки интихоботро бурд, ва ҳам рақибони асосии ӯ, аз ҷумла раҳбари мухолифин Алексей Навалний барномаҳои таблиғотии худро асосан бо шиорҳои зидди муҳоҷирон дуруст карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки худи муҳоҷирон мегӯянд, дар вазъи осебпазире қарор доранд ва метавонанд ба осонӣ тӯъмаи азияту ҳатто таъқиб қарор бигиранд. Ҳам аз тарафи мақомоти мухталиф ва ҳам аз тарафи гурӯҳҳои қавмгаро.

Шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия низ то 1,5 миллион нафар баровард мешавад. Беш аз 3 миллиард доллар пуле, ки ин мардум солона ба Тоҷикистон мефиристанд, баробари қариб нисфи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон буда, як манбаъи асосии таъмини суботи иҷтимоӣ дар ин фақиртарин кишвари пасошӯравӣ дониста мешавад.

Радиои Озодӣ талош кардааст, то дар ин нигористон рӯзгори сахти муҳоҷирони корӣ дар Русияро ба тасвир бидарорад.

XS
SM
MD
LG