Хабари нав

Таҳдиди 55 сол зиндон ба як шаҳрванди Тоҷикистон дар Амрико

Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Манучеҳр Мансурӣ аз шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ дар ин кишвар мезист
Ба гуфтаи мақомоти Амрико, Манучеҳр Мансурӣ аз шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ дар ин кишвар мезист

Ба як шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Амрико, ки мақомоти Иёлоти Муттаҳида ӯро дар парвандааш "хатарнок" номидаанд, 55 сол зиндон таҳдид мекунад.

Манучеҳр Мансурии 35-сола рӯзи 17-уми ноябр аз сӯйи як ҳайати ҳакамони федеролӣ дар Ню-Йорк расман ба тарафдорӣ аз гурӯҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДОИШ), ҳузури ғайриқонунӣ дар Амрико, ғайриқонунӣ ба даст овардани аслиҳа ва баёноти бардурӯғ ба маъмурони амниятӣ гунаҳкор шудааст.

Вазорати адлияи Амрико дар як баёния навишт, ки Манучеҳр Мансурӣ инчунин соли 2017 барои қонунӣ кардани будубоши худ ​дар Иёлоти Муттаҳида издивоҷи қалбакӣ карда, моҳи октябри имсол ин иттиҳомро эътироф намудааст.

Ин шаҳрванди Тоҷикистон соли 2025 дастгир шуда, аз он замон то кунун дар борааш маълумоти зиёде дастрас нест. Дар Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон соли гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки аз боздошти Манучеҳр Мансурӣ хабар доранд ва қазияро таҳқиқ мекунанд, аммо баъдан дар ин маврид шарҳе надоданд.

Манучеҳр Мансурӣ моҳи июни соли 2016 бо раводид ё визаи сайёҳӣ ба Иёлоти Муттаҳида рафта, пас аз поёни муҳлати раводидаш дар моҳи декабри ҳамон сол дар он кишвар мондааст. "Ӯ як хориҷии хатарноки ғайриқонунӣ аст, ки хушунатҳои ДОИШ-ро сутуда, ба аъзои ин гурӯҳ пул фиристодааст ва дар Амрико ғайриқонунӣ силоҳ доштааст," – гуфт муовини ёвари додситони кулли Амрико М. Скотт Проктор.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳида барои намуна навиштаанд, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон аз ҳамлаи моҳи октябри соли 2017 дар Амрико, ки дар натиҷаи он ҳашт кас кушта ва теъдоди зиёде захмӣ шуданд, ситоиш кардааст. Ҳамсари собиқи Манучеҳр низ дар додгоҳ баёнот додааст, ки "ӯ ҷойи ҳамлавари кушташударо дар биҳишт номид.

Инчунин, ин шаҳрванди Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 2021 то июни соли 2023 ба шахсони вобаста аз ДОИШ, аз ҷумла ҳалқаи "Хуросон"-и он, бештар аз 70 ҳазор доллар фиристодааст. Пештар Додситонии Амрико гуфта буд, бахше аз пулҳои фиристодаи ҷавони тоҷик аз ҷумла ба касе расидааст, ки бо иттиҳоми даст доштан ба ҳамлаи маргбор ба калисое дар шаҳри Истанбули Туркия муттаҳам мешавад.

Ин ҳодиса соли 2024 рӯй дода, мақомоти Туркия гуфта буданд, дар ҳамла ба калисои Марями муқаддас Амирҷон Холиқов, шаҳрванди Тоҷикистон, ҳам даст дошт. Дар ин ҳамла як нафар кушта шуд.

"Пуштибонии ӯ аз созмони террористие, ки дар саросари ҷаҳон масъули қатлу ваҳшоният аст, беэътиноияш ба қонунҳои кишвари мо ва нафрати ошкораш нисбат ба Иёлоти Муттаҳида ӯро ба хатари ҷиддӣ барои ҷомеа табдил дода буд," – гуфтааст муовини ёвари додситони кулли Амрико М. Скотт Проктор.

Ба иттилои мақомоти Амрико, Манучеҳр Мансурӣ асосан дар минтақаи Бруклин дар Ню-Йорк зиста, "нақшаи эҳтимолии ифротгароёнааш" низ аз сӯйи Гурӯҳи муштараки мубориза бо терроризм дар ин аёлат пешгирӣ шудааст.

Ҷеймс С. Барнакли хурдӣ, ёвари роҳбари Дафтари FBI дар Ню-Йорк гуфтааст, "имрӯз ӯ дигар дар кӯчаҳо нест. Ҳар касе, ки мехоҳад аз терроризм пуштибонӣ кунад ё амали террористӣ анҷом диҳад, бояд бидонад, ки дасти адолат ба ӯ хоҳад расид."

Солҳои охир шумори тоҷикистониҳое, ки номашон ба ҳамлаҳои террористӣ ва ҳамкорӣ бо “Давлати исломӣ” пайванд мегирад, бештар мешавад. Қазияи пурсарусадотарин ҳамла ба толори консертии “Крокус” дар вилояти Маскав буд, ки дар натиҷаи он 145 нафар кушта шуд. Дар пайванд ба ин ҳодиса тақрибан бист шаҳрванди Тоҷикистон боздошту зиндонӣ шуданд.

Бекории зиёд, фасоди густарда ва мушкилоти дигари ҳукумати худкомаи Тоҷикистон ҷавононро афсурдаву ноумед ва дар баробари таблиғоти созмони ДОИШ осебпазир кардааст. Тоҷикистон, ки беш аз се даҳсола аст, Эмомалӣ Раҳмон онро раҳбарӣ мекунад, камбизоаттарин кишвари Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.

Ҳукумат дари мактабҳои динӣ ва масҷидҳоро баста, пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ дар мактабу идораҳоро манъ кардааст. Дар масҷидҳо имомхатибро давлат таъйин мекунад ва мардон иҷоза надоранд, риши дароз гузоранд. Муннақидони ҳукумат ҳамин маҳдудият ва саркӯбҳои диниро яке аз омилҳои рӯ овардани ҷавонон ба созмону гурӯҳҳои бегонаву ифротӣ медонанд.

​
XS
SM
MD
LG