Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таҳдид мекард, ки ба касе нагӯй". Ҷузъиёти никоҳи марди 46-сола бо духтари 12-сола. ВИДЕО


Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо духтари дувоздаҳсола. Ба далоили ахлоқӣ ному чеҳрааш ошкор карда намешавад
Лаҳзае аз суҳбати Сарвинози Рӯҳуллоҳ бо духтари дувоздаҳсола. Ба далоили ахлоқӣ ному чеҳрааш ошкор карда намешавад

Як зан дар Душанбе, ки аз никоҳи, ба гуфтаи ӯ, маҷбурии марди 46-сола бо духтари 12-солааш ба ваҳшат афтодаву мақомоти ҳифзи ҳуқуқро хабардор кард, "пас аз таҳдидҳои ӯ" бо тарс суҳбат мекунад.

"Баъд аз он ки мақомот ӯро ба ҷавобгарӣ кашиданд, гуфтааст, маро мекушад. Тасаввур намекунед, ки дар кадом вазъият ҳастам. Ҳарчанд камбағалу бесаводам, ҳеч гоҳ намегузорам, касе ба кӯдаконам зарар расонад", -- нақл кард зани 34-сола А.Б. дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Чӣ гузашт?

Аз ин зан ва духтараш ба далоили ахлоқӣ ном бурда намешавад, аммо Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 5-уми август дар гузорише, ки тавассути телевизионҳои давлатӣ пахш шуд, аз марди гумонбар Давлатманд Касиров, машҳур бо номи "Ҳоҷӣ Давлат" ва сокини ноҳияи Синои пойтахт ном бурд. Ба иттилои дарёфтӣ, ӯро ба ҳабс гирифтаанд ва парвандаашро аз рӯйи ду моддаи қонуни ҷиноӣ таҳқиқ мекунанд. Қаблан ӯ бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист дар озодӣ буд.

Давлатманд Касиров дар навори Вазорати умури дохилӣ никоҳ бо духтари ноболиғро тасдиқ кард, вале рӯшан нест навор таҳти чӣ шароите сабт шудааст. Назари ҷудогонаи ӯ ва ё вакили мудофеаш дар бораи ҳодиса дастрас нест.

Ба ин қазия созмонҳои ҷамъиятӣ ва хайрия таваҷҷуҳ карда, барои модару духтар вакили мудофеъ ва равоншинос гирифтаанд ва муваққатан манзили иҷора додаанд.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Боздошти марди 46-сола бо иттиҳоми никоҳ бо духтари ноболиғ
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:32 0:00

Дар ҷустуҷӯи манзили иҷора

Модари духтари 12-сола мегӯяд, мушкили ӯву фарзандонаш баъд аз он сар шуд, ки дар пайи пандемияи коронавирус кошонаҳои ҳусн баста шуданд ва ӯ муваққатан ҷойи кору даромадашро аз даст дод. Ва он вақт онҳо дар як манзили мутааллиқ ба Давлатманд Касиров дар ҳудуди ноҳияи Сино иҷоранишин шуданд. Ҳар моҳ бояд 700 сомонӣ медоданд.

"Бо хоҳиши Давлатманд Касиров ва ҳамсари ӯ корро дар як дӯкони онҳо шуруъ кардам. Дар иваз хӯрок мегирифтам. Бо хоҳиши ҳамсари Давлатманд Касиров духтари ноболиғи худро барои ёрӣ ба хонаи онҳо мефиристодам. Як рӯз духтари хурдиям омаду гуфт, ки "Ҳоҷӣ" хоҳарамро мекушад. Вақте рафтаму пурсидам, чӣ кор мекунӣ, ҷавоб дод, ки зани ман аст, ту чӣ кор дорӣ?"

Ин зан нақл кард, ки 15 сол қабл издивоҷ карда, се фарзанд дорад ва аз шавҳараш ҷудо шудаву таъмину нигоҳубини кӯдакон ба уҳдааш аст.

"Рад кардам, маро зад"

Зан иддао дорад, ки Давлатманд Касиров аз нодории ӯ истифода кардааст ва ба милиса шикоят кард, то ба мушкили онҳо расидагӣ кунад. Ҳоло умед дорад, ки парванда ҷиддӣ таҳқиқу баррасӣ мешавад.

Худи И.Н. (духтари дувоздаҳсола), ки бо сабабҳои ахлоқӣ аз ӯ ном намебарем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ нақл кард, ки чӣ гуна ба никоҳи мард даромад ва чаро аз чунин рафторҳои ӯ ба модар шикоят намекард:

"Як рӯз гуфт, зани ман мешавӣ ва гуфт, хостам ва қабулат кардам. Ман нафаҳмидам. Занаш гуфт, "ҳа" бигӯ. Ман "ҳа" гуфтам. Баъд аз ин аз ман хост, ҳамроҳи ӯ ва занаш, ки дар як ҷойгаҳ хобида буданд, хоб равам. Рад кардам, маро зад. Ҳоҷӣ бо занаш мегуфт, ки агар ин корҳоро ба касе гӯйӣ, туро мекушем." Тасдиқи дурустии ин ҳарфҳо аз манобеи дигар феълан ғайриимкон аст.

Баъд аз расонаӣ шудани ҳодиса созмонҳои ҷамъиятии "Ташабусси ҳуқуқӣ" ва "Корвони умед" модар ва духтари ноболиғро зери ҳимоят гирифта, бо вакили мудофеъ таъмин кардаанд. Мутриба Алиҷонова, ҳуқуқшиноси созмон, рӯзи 10-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, алакай адвокат бо парванда шинос шуда, ноболиғ бо равоншинос таъмин шудааст.

Дар як 4 парвандаи ҳамсон?

Ҳамсуҳбати мо гуфт, дар як моҳи ахир ин чаҳорумин парванда аст, ки кӯдакон қурбонии амалҳои шаҳвонӣ шудаанд ё мавриди таҷовузи ҷинсӣ қарор гирифтаанд.

Хабари ба никоҳи худ даровардани духтари 12-сола аз тарафи марди 46-сола дар пойтахт дар ҳолест, ки қонунҳои Тоҷикистон никоҳро аз 18-солагӣ иҷозат додааст.

Ин ҳодиса дар Тоҷикистон бори аввал нест ва дар гузашта ҳам чунин хабарҳо расонаӣ шуда буд. Аз ҷумла, соли 2013 мақомоти интизомӣ дар ноҳияи Восеъ ба зидди як сокини ин ноҳия бо гумони издивоҷ бо хонандаи синфи 7-ум парванда боз карда буданд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG