Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Пирдухтар" - бадномие, ки духтаронро ба издивоҷи бармаҳал тела медиҳад. ВИДЕО


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мадина 23-сол дорад, донишгоҳи олӣ таҳсил кардааст. Ҳусни зебо дорад ва ҳамеша саъй мекунад, хуб ба назар биёяд. Бо ин ҳама, Мадина бояд худро хушбахт эҳсос кунад, вале чунин нест.

Мадина мегӯяд, ки хушбахт нест, чун ҳар рӯз маломати модарро мешунавад, ки “пирдухтар шудӣ, вале ҳанӯз ҳам шавҳар намекунӣ.”

Аз тарафи дигар ҳамсояҳо ғайбат мекунанд, ки “ин духтар чӣ бало ва ё камбудие дорад”, ки касе ба хостгориаш намеояд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам, пайваста аз ӯ мепурсанд, ки чаро 23-сола аст ва ҳанӯз шавҳар надорад. Номи пирдухтар, як доғ барои духтарони тоҷик шудааст ва як масъалаи ҷиддӣ дар ҷомеаи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Барои чӣ ба 27 даромадӣ шавҳар накардӣ?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:42 0:00

“Ман як духтари тақрибан 26-сола дорам ва дар ташвишам, ки ҳеҷ шавҳар карда наметавонад” – мегӯяд, Моҳира, як мусоҳиби калонсоли Радиои Озодӣ.

Албатта касе ба ман намегӯяд, ки духтарат, “пирдухтар” шудааст, вале агар ба тӯй, ё меҳмонӣ хонаи хешовандон биравем, бисёр киноя мекунанд.

“Вақте духтараш 18-сола буд, хостгорони зиёде барои ӯ омад, вале духтарам нахост ва ҳоло бузург шудааст ва касе ба хостгориаш намеояд. Шумо ҳам медонед, ки духтар, шараф ва симои оила аст. Хобам намебарад, пайваста дар борааш фикр мекунам ва ояндааш маро ғамгин мекунад” – афзуд мусоҳиби Радиои Озодӣ

Худи модар бо фармони волидонаш дар 17-солагӣ шавҳар кардааст. Мегӯяд, ин як анъанаи маъмулӣ аст, ки духтар ба балоғат расид, бояд издивоҷ кунад.

“Писари ман мактабро чанде пеш хатм кард, бисёре аз ҳамсинфони ӯро шавҳар доданд. Албатта касе ба ман намегӯяд, ки духтарат, “пирдухтар” шудааст, вале агар ба тӯй, ё меҳмонӣ хонаи хешовандон биравем, бисёр киноя мекунанд.”

Ҳамин номи тавҳиномези “пирдухтар”, бисёре аз волидон ва худи духтаронро маҷбур мекунад, ки бо назардошти афкори атрофиён, зудтар ба ҷустӯҷуи ҷуфти оянда шурӯъ кунанд.

Фақат дар Идораи ақди никоҳи марказӣ дар Душанбе дар 6 моҳи соли гузашта 434 ақди никоҳ бастаанд ва аз ин миён тақрибан нисфи духтарон, билофосила баъди хатми мактаб ба хонаи шавҳар рафтаанд. Наваду духтар аз тариқи додгоҳ иҷоза гирифтаанд, ки қабл аз 18 солагӣ шавҳар кунанд, чун дар кишвар издивоҷ аз 18 солагӣ иҷоза дода шудааст.

18-сола нашуда шавҳар мекунанд

“Бисёре аз духтарони солҳои таваллуди 2000-2001 ақди никоҳ бастаанд. Бо қарори додгоҳ меоянд ва мо иҷоза медиҳем. Бо кадом асос, чунин қарор содир мекунанд, дигар дар салоҳияти мо нест” -мегӯяд, як намояндаи идораи ҷумҳуриявии ақди никоҳ. Ман худам мухолифи издивоҷ дар 17-солагӣ ҳастам, чун никоҳи бармаҳал аст, вале мо баҳс намекунем, чун духтарон санадҳои заруриро доранд” – афзуд ин мусоҳиби Радиои Озодӣ.

Дар гуфтугӯи сарироҳӣ бо чанде аз раҳгузарон дар Душанбе нисфе аз онҳо гуфтанд, ки калимаи “пирдухтар” бадие надорад, чун духтарон бояд аз 18 то 25-солагӣ ҳатман шавҳар кунанд. Ҳатто баъзе аз духтарони таҳсилкарда низ чунин назар доранд.

“Ман 18-сола ҳамстам ва фикр мекунам, дар ин синну сол набояд шавҳар кунам. Синни аз ҳама беҳтарин 21-22 аст, баъди он дер мешавад” гуфт, яке аз ин мусоҳибон. Ба ин суол, ки чаро баъди 22 дер мешавад, посухаш ин буд, ки дар ҷомеа чунин қабул шудааст.

“Ҳар қадар ҷавон бошад, ҳамон қадар хуб. 18-20-сола барои чашидан бисёр хуб аст, гуфт, яке аз мардони раҳгузар, чун ба қавли ӯ, баъди аз ин синну сол, “лаззати кам” дорад.

Як фурӯшандаи ҳот-дог ҳам назари шабеҳ дошт, ки ба Радиои Озодӣ гуфт: “Ман мехоҳам, ҷавон бошад.

Бисту панҷ сола?

“Не. Он 25-сола пир аст” – гуфт, ӯ.

Дар ин миён, яке аз фаррошони миёнасол ба Радиои Озодӣ гуфт, азбаски волидон масъули тақдири ояндаи фарзанд ҳастанд, барои ҳамин сари ҳар вақт ба онҳо мегӯянд, ки шавҳар кунад.

Калимаи "пирдухтар" бояд нест шавад

Модарон кӯшиш мекунанд, ки зиндагии духтарашон хуб бошад, мехоҳанд, хушбахт шаванд. Ман худам дар 18-солагӣ шавҳар кардам ва ҳеҷ пушаймон нестам.

Мақомот мегӯянд, саъй доранд, ки ибораи ғалати пирдухтарро аз луғати тоҷикон аз байн баранд, зеро монеи таҳсили духтарон ва пешрафти ҷомеа мешавад.

Сабоҳат Маҳмадалиева
Сабоҳат Маҳмадалиева

Дар айёми ҷавонӣ дар як ҷавондухтари базебу нозанинро дорои ҳусни заминиро, ки дар айёми балоғат аст, дар айни ҷавонӣ аст, набояд ибораи пирдухтар гӯем, чун рӯҳи уро мешиканад ва эътиқоди ӯро аз ҷомеа меканад – гуфт, Сабоҳат Маҳмадалиева, намояндаи Кумитаи занон.

Зоҳиран бе талоши мақомот авзоъи иқтисодӣ тасаввури “пирдухтар”-ро ба тадриҷ тағйир медиҳад. Яке аз он мусоҳибони калонсоли Радиои Озодӣ гуфт, то духтараш ба пойи худ рост наистад, набояд шавҳар кунад.

“Донишгоҳро тамом мекунад, баъди тамом кардан, ҷойи кор ва баъд ба шаҳвар мебарояд” – гуфт ӯ ба Радиои Озодӣ

Ҳам дар байни гурӯҳе аз насли ҷавон.

Ба фикри ман занҳо ҳар вақт ки хостанд, ҳамон вақт метавонанд шавҳар кунанд, чун ишқ синну солро намепазирад. Ишқ дар ҳар диле меояд, ки ҷавон аст.

18-соларо намегирам, чун кӯдак аст. Дар замони мо бояд, таҳсилкарда бошад, ҳозир чӣ мегӯянд, чун тарбияи фарзандон дар ҷойи аввал аст, то ки кӯдакон ба воя бирасанду, ба чизе ноил шаванд.

XS
SM
MD
LG