Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия пулиси низомиашро ба Ҳалаб ворид кард


Русия баталёни пулиси низомияшро ба Ҳалаб ворид кард ва мегӯяд, ки ин нерӯ дар нигаҳдории тартибу низом ба сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи Сурия кӯмак мекунад. Дар ин бора рӯзи ҷумъа вазири дифои Русия Сергей Шойгу хабар дод.

Хабари истиқрори пулиси низомии Русия дар шаҳри Ҳалаб ба думболи баёнияи Фармондеҳии кулли артиши Сурия пахш шуд, ки аз назорати комил ба ин шаҳр гузориш дод ва гуфт, ки Ҳалаб аз "террористҳо пок шудааст". Бо берун шудани гурӯҳҳои мусаллаҳ ва ғайринизомиён аз шарқи Ҳалаб, ин шаҳр ба таври комил дар назорати нерӯҳои ҳукумати Башор Асад қарор хоҳад гирифт. Ин бузургтарин пирӯзӣ барои ҳукумати ӯ дар ҷанги дохилии Сурия аст, ки аз соли 2011 оғоз шуд.

Баёнияи артиши Сурия пас аз он мунташир шуд, ки охирин гурӯҳҳо аз мухолифони мусаллаҳ ва ғайринизомиён бо истифода аз мошинҳои шахсӣ ва воситаҳои дигари нақлиёт, шарқи шаҳри Ҳалабро тарк карданд. Салиби Сурхи байналмилалӣ қаблан дар ин бора эълон карда буд, ки беш аз чаҳор ҳазор нафар рӯзи панҷанбе аз шарқи Ҳалаб хориҷ шудаанд. Пеш аз ин Созмони Милали Муттаҳид аз берун шудани ҳудуди 25 ҳазор тан аз ғайринизомиён ва афроди мусаллҳаҳ дар чанд рӯзи гузашта хабар дода буд.

Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Асад аз Ҳалаб берун мешаванд.
Гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи Асад аз Ҳалаб берун мешаванд.

Хуруҷи комили ғайринизомиён ва гурӯҳҳои мусаллаҳ аз шарқи Ҳалаб дар ҳоле сурат гирифт, ки раванди берун кардани онҳо рӯзи сешанбе ба мушкил рӯбарӯ шуд, вале як рӯз пас аз он идома ёфт. Ба гузориши хабаргузории "Райтерз", шабакаи хабарии вобаста ба "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон рӯзи чаҳоршанбе ишора кард, ки монеҳои идомаи берун шудани ғайринизомиён ва афроди мусаллаҳ аз маҳаллаҳои шарқии Ҳалаб ва ду деҳаи шианишини дар муҳосираи мухолифони ҳукумати Сурия бартараф шудаанд ва хуруҷ аз шарқи Ҳалаб дигарбора оғоз шудааст.

Нерӯҳои давлатии Сурия созиш барои иҷозаи хуруҷи ғайринизомиён ва афроди мусаллаҳи мухолифон аз шарқи Ҳалабро ба он шарт иҷоза доданд, ки сокинони ду деҳаи шианишини дар муҳосираи мухолифон низ интиқол дода шаванд. Шаҳри Ҳалаб дар ҳоле ба таври комил дар контроли нерӯҳои давлатии Сурия қарор гирифт, ки мақомҳои амрикоӣ дар рӯзҳои ахир ҳукумати Асад, Русия ва Эронро масъули куштори ғайринизомиён хонда буданд.

Ба навиштаи хабаргузории Райтерз, маҳаллаҳои шарқии шаҳри Ҳалаб комилан вайрон шудааст. То чанд рӯз пеш даҳҳо ҳазор тан ҳанӯз дар ин маҳаллаҳо зиндагӣ меаранд ва пас аз ҳамлаҳои густурдаи ҳавоӣ, бахши тиббӣ ва имдодрасонӣ комилан фалаҷ шуда буд. Ҳалаб ба муддати чаҳор сол ба ду минтақаи таҳти контроли нерӯҳои давлатӣ дар ғарб ва минтақаи таҳти назорати мухолифон дар шарқ, тақсим шуда буд.

Аз оғози ҳамлаҳо дар тобистони соли ҷорӣ, ки то чанд ҳафтаи пеш идома дошт, нерӯҳои давлатӣ бо ҳимояи ҳамлаҳои ҳавоии Русия ва кӯмаки ниманизомиёни шиаи аҳли кишварҳои дигар, аз ҷумла Эрон, Лубнон, Покистон ва Афғонистон тавонистанд бахши бузурги минтақаҳои таҳти назорати мухолифонро тасарруф кунанд. Ба навиштаи Райтерз, ҳамлаҳои ҳавоии Русия дар тасарруфи шарқи Ҳалаб омили таъйинкунда буд.

XS
SM
MD
LG