Ҷангандаҳои Исроил рӯзи 18-уми август пойгоҳи низомии "Абу Зуҳур"-ро дар вилояти Идлиб, дар шимол-ғарби Сурия ва тақрибан 70-километрии марзи Туркия, бомбаборон карданд.
Нахуствазири Исроил тасдиқ кард, ки ин ҳамла бар сари ҳузури нерӯҳои Туркия дар ин кишвар будааст. Дар муқобил, Туркия ин иттиҳомро рад ва Исроилро ба эҷоди ноамнӣ дар минтақа муттаҳам намуд.
Ҳамлаи Исроил танҳо як рӯйдоди низомӣ не, набарди пинҳон миёни Исроил ва Туркия дар минтақа аст, ки пас аз солҳо аз соя берун омада, зарфияти сар задани буҳронҳои эҳтимолии баъдиро дар минтақа ба тасвир кашидааст.
"ҲИСОББАРОБАРКУНӢ БО ДУШМАН"
Исроил ҳудуди ду даҳа ҳузури низомии нерӯҳои Эрон ва гурӯҳҳои вобаста аз онро дар даврони ҳукуматдории Башор Асад дар Сурия таҳаммул намекард ва бо хатари амниятӣ донистани он, паёпай ба ҳадафҳои гуногун дар ин кишвар зарба мезад. мекард.
Он ҳамлаҳо бавижа дар солҳои поёнии ҳукумати Башор Асад авҷ гирифт. Тақрибан ҳафтае сипарӣ намешуд, ки ин ё он маркази низомӣ ва саноатии артиши Сурия ва нуқтаҳои ҷойгиршавии нерӯҳои "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ҳадафи ҳамлаҳои ҳавоии Исроил қарор нагирад. Кор ба таҳдиди мустақими ҳамлаи Исроил ба кохи Сурия низ расид, аммо раҳбари вақти ин кишвар монанди падараш, Ҳофиз Асад, паймони низомиро бо Эрон нигоҳ дошта буд.
Исроил бо худи хонадони Асад дар қудрат мухолифати зиёд надошт, аммо Башор Асадро бинобар фароҳам кардани замина барои ҳузури низомии Эрон ва "Ҳизбуллоҳ" таҳдид мекард.
Бо оғози ҷанги Исроил бо "Ҳамос" дар Ғазза ва "Ҳизбуллоҳ" дар Лубнон, ҳамлаҳо дар Сурия низ густариш ёфт ва марказҳои нерӯҳои "Қудс"-и Сипоҳи посдорони Эрон ва шуморе аз фармондеҳони баландпоя, аз ҷумла, ду бинои дипломатии Эрон дар Димишқ, ҳадаф қарор гирифтанд. Эрон низ дар вокуниш ба яке аз ин ҳамлаҳо, бори нахуст садҳо мушак ва паҳподро ба сӯйи Исроил сар дод.
Пас аз фурӯпошии ҳукумати Башор Асад дар пайи пешравии 11-рӯзаи нерӯҳои таҳти фармони Аҳмад Аш-Шаръ аз Идлиб то Димишқ, Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, ин тағйиротро натиҷаи зарбаҳое донист, ки кишвараш ба "Ҳизбуллоҳ", ҳукумати Сурия ва нерӯи "Қудс" ворид карда буд.
Бо ин ҳол, рӯйи кор омадани ҳукумати нав нигаронии навро барои Исроил ба миён овард: нуфузи Туркияи таҳти фармони Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки пуштибони аслии Аҳмад Аш-Шаръ ва ҳукумати нави Сурия аст.
Исроил дар ду соли охир ҳамчунин ба унвони ҳимоят аз ақаллияти "дурузиҳо"-и Сурия чанд бор ба нерӯҳои ҳукумати нав ҳамла кард. Ҳамлаҳое, ки пас аз наздик шудани раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп бо Аҳмад Аш-Шаръ коҳиш ёфт ва сипас қатъ шуд. Дар ҳамин ҳол, Исроил пайвандҳои наздики раисҷумҳури Амрико бо раҳбарони нави Сурия ва ситоишҳои батакрори ӯро аз Раҷаб Таййиб Эрдуғон бо нигаронӣ пайгирӣ кардааст.
НИГАРОНИИ ИСРОИЛ АЗ НУФУЗИ ТУРКИЯ
Исроил дар дувуним соли гузашта густариши нуфузи Туркияро дар Сурия бо ҳассосият пайгирӣ кардааст ва бавижа бо таваҷҷуҳ ба гузаштаи исломгароии ҷиҳодии раҳбарони кунунии Сурия, нисбат ба ин раванд бадбин аст.
Аҳмад Аш-Шаръ таъкид кардааст, ки дар пайи афзоиши таниш бо Исроил нест. Музокирот миёни ду тарафи низ бо тафоҳумномае дар бораи риояи баъзе аз талаботи амниятии Исроил ва ҳифзи вазъияти мавҷуд анҷомидааст, ҳарчанд артиши Исроил пас аз сарнагунии Башор Асад бахшҳои бештаре аз Баландиҳои Ҷулонро ба назорати худ даровард ва мақомҳои исроилӣ ҳамчунон мегӯянд, аз ин минтақаи стратегӣ ақибнишинӣ нахоҳанд кард.
Дафтари нахуствазири Исроил чанд соат пас аз ҳамла ба пойгоҳи ҳавоии "Абу Зуҳур" гуфт, амалиёт пас аз он анҷом шуд, ки Сурия ба нерӯҳои Туркия иҷозаи ҷобаҷо шудан дар ин пойгоҳро дода буд. Дар ин баёния ҳузури нерӯҳои Туркия "нақзи ошкор"-и тавофуқҳо ва "таҳдиди мустақим" алайҳи амнияти Исроил хонда шуд ва омада буд, ки Димишқ ҳушдорҳои пешини Исроилро нодида гирифтааст.
Расонаҳои исроилӣ низ гузориш доданд, ки як рӯз пеш аз ҳамла, ҳайате низомӣ аз Туркия вориди ин пойгоҳ шуда буд ва Анқара қасд дошт ин пойгоҳи нисбатан вайронаро бозсозӣ кунад.
Шабакаи "Кан" ва рӯзномаи "Jerusalem Post" ҳамчунин гузориш доданд, ки Исроил маълумотеро дар бораи фаъолиятҳои Туркия дар Сурия дар ихтиёри Амрико гузошта, гуфтааст, барномаи Анқара шомили ҷобаҷоии нерӯ, системаи дифои ҳавоӣ, паҳподҳо, ва таҷҳизоти радарии пешрафта аст. Аз нигоҳи Исроил, чунин таҷҳизоти метавонад бартарии ҳавоии ин кишварро дар Сурия маҳдуд кунад.
Маркази робита бо ҷомеаи раёсати ҷумҳурии Туркия иддаои Исроилро дар бораи ҷобаҷойии нерӯҳои Туркия дар пойгоҳи ҳавоии "Абу Зуҳур" "беасос" хонд ва онро бахше аз сиёсатҳои Бенямин Нетаняҳу барои идомаи бесуботӣ дар минтақа дар остонаи интихоботи Исроил донист.
Вазорати корҳои хориҷии Туркия низ Исроилро ба поймоли батакрори ҳокимияти Сурия муттаҳам кард ва гуфт, Анқара ҳамкориро бо Димишқ барои кумак ба "сулҳ, субот ва шукуфоӣ" идома хоҳад дод.
Томас Барак, намояндаи вижаи Амрико дар умури Сурия, ҳамлаи Исроилро "таниши ғайризарурӣ" хонд. Вай таъкид кард, ки ҳукумати Аҳмад Аш-Шаръ нерӯҳои вобаста ташкил надода ва хоҳони ба миён овардани раванде барои пешгирӣ аз бархӯрд миёни Исроил, Сурия ва Туркия шуд.
Томас Барак дар гуфтугӯ бо шабакаи исроилии "I 24" бо ишора ба хатари муҳосибаи нодуруст, ҳатто аз эҳтимоли бархостани ҷангандаҳои Туркия дар чунин шароите сухан гуфт ва афзуд, Вашингтон барои пешгирӣ аз бархӯрди мустақим миёни тарафҳо талош хоҳад кард. Ба иддаои Барак Равид, хабарнигори исроилӣ, мақомҳои амрикоӣ низ ба Сурия гуфтаанд, расидагӣ ба ин масъала пас аз интихоботи дар пешистодаи Исроил "осонтар" хоҳад буд.
ТАҒЙИРИ ГЕОПОЛИТИКАИ МИНТАҚА
Ҳамла ба "Абу Зуҳур" навтарин намуди бӯҳрони деринаи Исроил ва Туркия аст. Ду кишваре, ки робитаҳояшон аз замони моҷарои киштиии "Мави Мармара" дар соли 2010 борҳо то остонаи қатъи комил пеш рафт ва танҳо барои давраи кӯтоҳе беҳбуд ёфта буд.
Ҳузури раҳбарон ва аъзои "Ҳамос" дар Туркия бо пуштибонии ҳукумати Эрдуғон, мавзеъгириҳои сахти Анқара алайҳи Исроил дар ҷанги Ғазза ва ҳимояти Туркия аз иқдоми ҳуқуқии Африқои Ҷанубӣ алайҳи Исроил, аз сабабҳои идомаи ин таниш будааст.
Шуморе аз коршиносони амнияти миллии Исроил ва ҳамчунин аксарияти посухдиҳандагон дар баъзе аз назарсанҷиҳои ахири Исроил, Туркияро пас аз ҷангҳои Исроил бо Эрон, бузургтарин таҳдиди амниятӣ барои ин кишвар донистаанд.
Баъзе аз таҳлилгарони исроилӣ низ тақвияти низомии Туркия ва фаъолиятҳои минтақаӣ ва фаромантақаии он, аз ҷумла, "Паймони сеҷониба"-и Туркия, Покистон ва Арабистони Саудиро як чолиши стратегӣ медонанд ва хоҳони тақвияти ҳамкории Исроил бо Ҳинд, Юнон ва Қибрис (Кипр) ҳастанд.
Дар муқобил, Ҳоқон Фидон, вазири корҳои хориҷии Туркия ва раиси пешини Созмони истихбороти ин кишвар ба ин бовар аст, ки Исроил "бе душман" наметавонад зист дошта бошад ва пас аз даргирӣ бо Эрон, акнун дар талош аст Туркияро ба унвони таҳдиди ҷиддӣ муаррифӣ кунад.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико, низ гуфтааст, дар ҷанги ахири Исроил ва Иёлоти Муттаҳида бо Эрон, Туркия наздик буд алайҳи Исроил вориди амал шавад, аммо ӯ монеъ шуд. Изҳороте, ки ба барномаи нисбатдодашуда ба "Моссад" барои тағйири ҳукумат дар Эрон бо истифода аз нерӯҳои мусаллаҳи курд рабт дода шуд.
Тибқи гузоришҳои ғарбӣ, Эрдуғон Трампро мутақоид кардааст, ки аз ҳимояти ин барнома чашмпӯшӣ кунад ва раисҷумҳури Амрико низ аз Исроил хостааст онро идома надиҳад.
Бо вуҷуди ин ихтилофҳо, Трамп ҳачунон ошкоро аз Эрдуғон ситоиш мекунад ва ӯро дӯсти наздики худ ва артиши Туркияро қудратманд мехонад. Бозгашти Трамп ба Кохи Сафед низ, бар хилофи интизории бархе дар Исроил, ба коҳиши бӯҳрон миёни Анқара ва Телавив сабаб нашуд.
Ин таниш ҳоло дар қолаби ҳамлаҳои Исроил ба ҳадафҳое дар хоки Сурия зоҳир шудааст. Аммо ҳар гуна сирояти рӯёрӯӣ ба хоки худи Туркия ё Исроил метавонад муодилоти амниятии минтақаро ба таври асосӣ тағйир диҳад. Доналд Трамп феълан гуфтааст, то замоне ки ӯ раисҷумҳур аст, чунин иттифоқе нахоҳад уфтод.
Гуфтугӯ