Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муллоҳоро дубора ба мактаб фиристоданд (2 ВИДЕО)


Имомхатибони масҷидҳои панҷвақтаи Тоҷикистон ва сархатибон, ки имрӯз пушти мизи сабақгирӣ нишастаанд, дар маҷмӯъ аз 11фан таълим мегиранд.

Дар давраҳои омӯзишие ки аз ҷониби Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистон ба роҳ монда шудаанд, дар канори дарсҳои қироат, ҳадис, ақида, усули мавъиза ва нақши тоҷикон дар тамаддуни исломӣ, ба имомхатибони тоҷик дар бораи Қонуни асосӣ, қонун дар бораи масъулияти падару модар, қонуни танзими расму ойин, меъёрҳои ахлоқи касбӣ ҳам маълумот дода мешавад.

Назира Додихудоева, сардори бахши таҳсилоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии кишвар мегӯяд, бархе аз муллоҳо маълумоти олӣ надоранд ва фикр мекунанд, доштани маълумоти динӣ дар кори онҳо кофӣ аст. Хонум Додихудоева меафзояд, як ҳадафи аслии ташкили давраҳои бозомӯзӣ барои руҳониён, ҳам ки миёни мардум эътибор доранд, боло бурдани дониши ҳам динӣ ва ҳам дунявии онҳост.

«Вақте мо кӯдакро ба боғчаи бачаҳо медиҳем, аввал мураббии нағз мекобем. Вале вақте мо ба масҷид равему домулло ба саволҳои мо дуруст ҷавоб дода натавонад, нашавад, ки намозгузор ҷавоби саволи худро дар кӯча кобанд. Мо кӯшиш мекунем, ки домуллоҳои мо аз сиёсати замони ҳозира бохабар бошанд. Мо онҳоро маҷбур намекунем, ки маҳз ҳамин гапро гӯед, вале этикаи касбӣ аст, шумо бояд ба ин чизҳо роҳ надиҳед ва маълумот дошта бошед,» - мегӯяд хонум Додихудоева.
Назира Додихудоева
Назира Додихудоева
Давраҳои омӯзишӣ барои имомхатибони масоҷиди панҷвақтаи кишвар сар аз моҳи март оғоз ёфтааст ва то имрӯз ҳудуди 400 рӯҳонӣ ба таълим фаро гирифта шудааст. Ба имомхатибон олимони Донишкадаи исломӣ ва раиси Маркази исломӣ, таърихшиносон, ва кормандони Кумитаи дини кишвар дарс мегӯянд.

Давраҳои омӯзишӣ барои рӯҳониёни тоҷик
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:27 0:00



Мартаба Мӯъминова, сармуттахасиси раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар кумитаи дин дар ин бозомӯзиҳо ба рӯҳониён дар робита ба қонуни танзими расму ойин дарс гуфтааст, мегӯяд, имомхатибон аз ин қонун бархӯрдор
Мартаба Мӯъминова, корманди кумитаи дин, ки ба имомхатибон дарс мегӯяд.
Мартаба Мӯъминова, корманди кумитаи дин, ки ба имомхатибон дарс мегӯяд.
нестанд: «Имомхатибон ҳамеша бо мардум ҳамкории зич доранд ва дар ҳама маъракаҳои худ мардум қабл аз ҳама аз онҳо машварат мегиранд. Барои ҳамин зарур аст, ки онҳо доир ба ин қонунҳо иттилоъ дошта бошанд ва нагузоранд, ки мардум ба қонуншиканиҳо роҳ диҳанд ва фаҳмонанд, ки ҳадафи ин қонун боло бурдани сатҳи зиндагии мардум аст. Мо ба онҳо фаҳмонда додем, банд ба банд.»
Дар ҳамин ҳол, Мулло Мирзо Ҳомид, имомхатиби масҷиди маҳаллаи Панҷрӯди пойтахт, ки дар ин бозомӯзиҳо ширкат кардааст, мегӯяд, аслан таълим гирифтан ҳамеша барои инсон хуб аст, аммо ба қавли ӯ муҳимтарин ҳадафи имомхатиб ошно кардани мардум бо Худо ва дини ислом аст. Вай гуфт: «Имрӯз, алҳамдулиллоҳ, хатибон аксарашон савод доранд ва дар баробари маълумот додан, аз онҳо ҳам баъзе чизҳо гирифтан мумкин аст. Ин чизҳо боз ба таври васеътар ва дар масоили доғ бояд ба сархатибон сӯҳбату баҳсҳо ба роҳ монда шавад. Масалан, имрӯз як дарсе буд дар мавзӯи ақидаҳои ҳазрати Имоми Аъзам, ки барои хатибон бисёр муҳим буд.»

Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик мегӯяд, бозомӯзии имомхатибон ҳатмист, аммо ба қавли ӯ, давраҳои омӯзишие, ки ҳоли ҳозир гузаронида мешаванд, барои хатибони тоҷик чандон муассир нестанд: «Аз сӯҳбатҳое, ки бо хатибон доштам, маълум мешавад, ки ин дарсҳо чандон барояшон муассир нест. Аз як тараф хуб аст, ки ҷаҳонбинии сиёсии онҳо бештар мешавад, аммо ба сатҳи дониши хатибон баробар нест ва бархеро ин дарсҳо қонеъ намекунаду онҳо ҳам ҷиддӣ қабул намекунанд ин дарсҳоро, чун мегӯянд, барояшон дарсҳое медиҳанд, ки онҳо аллакай медонанд. Инсон
Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик
Зубайдуллоҳи Розиқ, рӯҳонии тоҷик
ҳамавақт мехоҳад чизи наве бигирад ва албатта агар ба онҳо чизи нав ва донишҳои исломӣ ҳам дар сатҳи баландтар барояшон дода шавад, албатта ин муассир хоҳад буд ва аз сӯй имомхатибон ҳам хуб қабул хоҳад шуд.»

Дар ҳоле ки Кумитаи дин ва Маркази исломии Тоҷикистон бо роҳандозии давраҳои омӯзишӣ мехоҳанд, сатҳи дониш ва маърифати имомхатибону сархатибонро боло баранд, иддае аз сокинон ҳам бо таассуф мегӯянд, ки воқеан қисме аз рӯҳониён ба омӯзиши бештар, васеътар ва амиқтар ниёз доранд.

Аммо мунтақидон бар инанд, ки ин давраҳои омӯзишӣ низ бахше дигар аз барномаҳои таҳти назорати комили мақомот овардани фаъолиятҳои динӣ дар Тоҷикистон аст. Дар ҳоли ҳозир, имомхатибони масоҷид аз тарафи давлат маош мегиранд ва мулзаманд ҳар сари чанд вақт имтиҳон бисупоранд. Мунтақидон мегӯянд, ин аъмол вобастагии арбоби диниро аз ниҳодҳои давлатӣ зиёд ва онҳоро маҷбур мекунад, то аз доираи кашидаи давлат берун пой наниҳанд. Дар натиҷа, мегӯянд дар маҳофил, дар Тоҷикистон тақрибан ягон рӯҳонии мустақиле намондааст, ки ба минбари масҷидҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад.

Давраҳои омӯзишии ташкилдодаи Кумитаи дини назди ҳукумати Тоҷикистон ҳафтае дар як гурӯҳ 50 имомхатибро дар бар мегирад. То имрӯз дар ин давраҳо имомхатибони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Рӯдакӣ ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд ва, қарор аст, ба дунбол имомхатибон аз навоҳии дигар низ ин давраҳои омӯзиширо пушти сар кунанд.
Ба имомхатибон дарс мегӯянд
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:28 0:00

Шарҳҳоро бинед (40)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG