Мақомоти Тоҷикистон ва Узбекистон розӣ шудаанд, ки сафари шаҳрвандони ду кишварро бо шиносномаҳои дохилӣ ё ID-кортҳо ба қаламрави ҳамдигар иҷозат диҳанд. Ин нукта дар тарҳи протоколи байниҳукуматии ду кишвар дарҷ шуда, ҳанӯз ба иҷро надаромадааст. Ҳукумати Тоҷикистон чанде пеш онро тасдиқ кард.
Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми апрел нусхаи санадро дид. Тибқи он, шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бо шиносномаи дохилӣ ё ID-корт ба Узбекистон сафар кунанд, аммо ба шарте ки дар ҳудуди он кишвар бимонанд ва ба давлатҳои дигар, аз ҷумла Русия нараванд. Ҳамин тартиб барои шаҳрвандони Узбекистон ҳам пешбинӣ шудааст.
Азбаски тарҳи созишнома то ҳол расмиёти дохилии ду кишварро нагузаштааст, феълан сафари шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон ба давлатҳои ҳамдигар танҳо бо шиносномаи хориҷӣ имконпазир аст.
Рӯзи 17-уми апрел дар сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон гуфтанд, ки Узбекистон ин санадро имзо карда, мунтазири пазируфта шуданаш аз сӯйи Тоҷикистон аст.
Шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбекистон бахусус онҳое, ки дар минтақаи марзӣ зиндагӣ мекунанд, борҳо дархост кардаанд, ки сафар ба ду кишвар бо шиносномаи дохилӣ иҷозат дода шавад. Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Узбекистон соли 2024 гуфта буд, кишвараш мехоҳад равуои шаҳрвандонаш бо Тоҷикистон ва Қазоқистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир шавад.
Тоҷикистон ва Узбекистон соли 2018 раводидро бекор карданд, аммо сафарро танҳо бо шиносномаи хориҷӣ иҷозат доданд. Солона ҳазорон нафар аз Тоҷикистон ва Узбекистон ва баръакс сафар мекунанд.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 беш аз як миллион сайёҳ аз Узбекистон ба Тоҷикистон сафар кардаанд. Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки соли гузашта ду миллиону ҳафтсад ҳазор тоҷикистонӣ ба Узбекистон рафтаанд.